Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Падаре аз ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, ки фарзанди беморашро ғайриқонунӣ ба артиш бурдаанд. Ба гуфтаи Алихон Нуров, писари 20-солааш Умар, ки аз бемориҳои гурда, ҷигар ва чашм азият мекашид, ҳоло дар сафи артиш аст. Додситонӣ гуфт, қазияро таҳқиқ мекунад.
Рӯзи 23-юми май ба Даврон Муродов ва даҳҳо ҳамсабақи дигари ӯ дар донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа гуфтаанд, ки ин рӯз ид аст.
Мунаққидон мегӯянд, дар кишваре, ки 70 дар сади аҳолиаш ҷавонҳои то 30-сола мебошанд, маъракаҳои идона ва тарғиботи сиёсии давлатӣ роҳҳали мушкили ҷавонон буда наметавонад.
Ҷашнвораи “Нигоҳи нав”, ки ду сол боз мақоми байналмилалӣ дорад, имсол бо шаҳомати хос дар Душанбе баргузор мешавад.
Мусобиқаи Tajikistan Open аз 6-уми май дар шаҳри Душанбе шурӯъ шудааст. Дар ин сабқат теннисбозони наврас аз 17 кишвар, аз қабили Амрикову Русия, Қазоқистону Украина, Белорусу Британия ва кишварҳои дигар иштирок доранд.
“Тоҷпромбонк” -- яке аз ду бонки басташуда дар Тоҷикистон, амволи худ, аз ҷумла филиалҳои бонкро ба фурӯш гузоштааст. Масъулини бонк мегӯянд, пас аз фурӯши амвол, маблағҳои амонати муштариён пурра баргардонда мешавад.
“Тоҷпромбонк” -- яке аз ду бонки басташуда дар Тоҷикистон, амволи худ, аз ҷумла филиалҳои бонкро ба фурӯш гузоштааст.
Даҳҳо нафар аз сокинони шаҳри Душанбе рӯзи 9-уми май бо даст доштани акси падарону бобоҳои худ дар роҳпаймоии "Полки абадӣ" ширкат карданд.
Абдурашид Каримови 105-сола ва иштирокдори Ҷанги дувуми ҷаҳониро мардуми ҷамоати Шоҳамбарии ноҳияи Рӯдакӣ бо эҳтиром “раисбобо” ном мебаранд. Вай замоне ба дунё омадааст, ки ҳанӯз Аморати Бухоро пойбарҷо буд.
Даҳҳо сокини шаҳри Душанбе бо акси падарону бобоҳои худ дар роҳпаймоии "Полки абадӣ" иштирок карданд. Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон эълон карда буданд, ки ба ин роҳпаймоӣ иҷоза дода намешавад ва ин тасмим баҳси зиёдро дар матбуоти дохиливу русӣ барангехт.
Сандуқи арӯсӣ ва гаҳвора барои навзодон - маҳсули асосии дасти зиндониёни тоҷик аст, ки ба бозорҳо роҳ ёфтаанд. Маҳсули дасти маҳбусони тоҷик -- афроде, ки барои ислоҳ шудан пушти милаҳои зиндон рӯз мегузаронанд, дар маъракаҳои шодии сокинон истифода мешавад.
Назари коршиноси тоҷик Қосими Бекмуҳаммад дар бораи бозгашти Гулбиддин Ҳикматёр ба Кобул ва тавофуқи сулҳи ӯ бо ҳукумати Афғонистон.
Гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик ният доранд, ки бо мототсикл дар роҳҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даҳ ҳазор километрро тай намоянд. Саёҳати онҳо аз Маями шуруъ шуда, дар Лос-Анҷелес ба анҷом мерасад.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон ин назарро, ки аҳзоби мустақил аз фаъолият бозмондаанд, қабул надорад.
Шокирҷони Ҳаким, ҳуқуқдон, фаъоли маданӣ ва муовини раҳбари Ҳизби Сотсиал-демократи Тоҷикистон дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ роҷеъ ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва ҳаёти шахсиаш, ҳамчунин дигар равандҳои ҷомеаи кишвар, сӯҳбат кард.
Хабарнигори радиои Озодӣ аз сокинони шаҳри Душанбе пурсид: Чун мебинанд гурӯҳе бо ҳам ҷанҷол доранд чӣ хоҳанд кард?
Узбакистон бо гузашти се рӯз ҷасади Аслиддин Шоимов – сокини кушташудаи ноҳияи Турсунзодаро ба Тоҷикистон надодааст. Мақомоти Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин маврид бо сарҳадбонҳои узбак вориди музокирот шудаанд.
19 идораи комуналӣ ва хусусӣ барои ройгон интиқол додани мусофирон дар якчанд воситаи нақлиёташон, барои як рӯз, маблағ ҷудо кардаанд.
Ороиши муйи гирди тоқӣ ахиран дар Тоҷикистон маъмул шудааст ва хотираҳоро ба ёди солҳои Душанбеи солҳои ҳаштоди қарни гузашта мебарад, ки ин шеваи ороиши мӯй он замон миёни духтарон муд буд.
Ин мактаб дар доираи як қарордод миёни созмони “Империяи Дониш” ва мактаби муҳандисии шаҳри Маскав дар Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Ёфтҳои бештар