Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Дар баробари он, ки доллари ИМА ба нуҳ сомонӣ баробар шудааст, мақомот ба бонкҳо дастур додаанд, ки фақат ба соҳибкорон доллар фурӯшанд.
Шоири тоҷик Аскар Ҳаким дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ аз шоири фақиди рус Евгений Евтушенко ҳамчун чеҳраи дурахшон ва шоистаи пайравӣ ёд кард. Ба гуфтаи Аскар Ҳаким, Евтушенко шахси озодандеш буд ва ҳеҷ гуна фишору зӯроварии идоеологиро қабул надошт. Ин шоири тавонои рус рӯзи 1 апрел дар Амрико ч
Тоҷикистону Ҷопон ба сохтмони нахустин терминали боркашонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе оғоз карданд. Ҷопон барои ин кор ба Тоҷикистон 17 миллион доллар додааст.
Дар қаламрави Тоҷикистон аз тарафи мутахасисони ширкати хусусии «Агроветсервис» 14 навъи омода карда шудаанд ва аллакай дар бозор ба фурӯш мераванд.
“Шимок” - як доруи нав барои ҷилавгирӣ аз хунравии дарунии ҷонварон аст, ки мутахассисони тоҷик онро аз алафи ҳамномаш таҳия мекунанд.
Рӯзи 28 март се корманди Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар робита ба шикояти латту кӯб ва шиканҷаи сокини 29-солаи Кӯлоб дар як мурофиаи додгоҳӣ посух доданд.
Хонаводаҳои тоҷик ба фарқ аз солҳои қабл тарафдори доштани фарзандони зиёд нестанд. Ба ҳисоби миёна ҳар як зан дар Тоҷикистон 4 фарзанд ба дунё меорад.
Тоҷикистон то ҳол барои шаҳрвандони оддӣ машваратномаи махсусе нашр накардааст, то сокинон аз рӯи дар хориҷи кишвар амал кунанд. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди як миллион нафар ба хориҷ сафар мекунанд.
Меҳрубон Бурҳонов – муассиси "Dushanbe Business School" ва коршиноси умури бонкӣ – гуфт, боло рафтани меъёри бозтамвил (ставка рефинансирования) дар Тоҷикистон фоизи қарзҳоро афзоиш хоҳад дод
Меҳрубон Бурҳонов – муассиси "Dushanbe Business School" ва коршиноси умури бонкӣ – гуфт, боло рафтани меъёри бозтамвил (ставка рефинансирования) дар Тоҷикистон фоизи қарзҳоро афзоиш хоҳад дод.
Бонки Миллии Тоҷикистон аз бими афзоиши таваррум ва боло рафтани қимати молу коло меъёри бозтамвилро якбора 3.5 фоиз боло бурд, ки дар гузаштаҳо бисёр кам дида шудааст. То рӯзи 20-уми март, меъёри бозтамвил дувоздаҳу аз даҳ панҷ фоизро ташкил медод, ҳоло ба 16 дар сад расид.
Ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба соҳибони 16 фурӯшгоҳи назди Терминали мусофиркашонӣ, воқеъ дар маркази шаҳр, мӯҳлат додааст, ки мағозаҳоро холӣ ва биноро чаппа кунанд. Шаҳрдории Кӯлоб сабаби ин тасмимро "риоя нашудани қоидаҳои сохтмон" ва "ҷавобгӯ набудани бино ба талаботи меъморӣ" номиданд.
Сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии Тоҷикистон ба хотири баргузории ҷашни Наврӯз дар минтақаҳои кишвар, бахусус шаҳри Душанбе, тадобири амниятиро рӯи даст гирифтаанд.
Низом Нурҷонов, яке аз санъатшиносони маъруфи Тоҷикистон пас аз бемории тӯлонӣ даргузашт. Доктори илми санъатшиносӣ ва профессори шинохта, ки драма, операву балет, рақс ва фолклору мусиқии тоҷикро таҳқиқ кардааст, рӯзи 18-уми март дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Видео бидуни шарҳ аст.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар як рӯзи боронии баҳор ба меҳмонии хонаводае дар рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор рафтанд, аз ғизоҳои хушмаззаи наврӯзӣ чашиданд ва бо расму русуми мардуми ин деҳа дар аёми Наврӯз ошно шуданд. Шумо ҳам ба ин меҳмонӣ даъват ҳастед.
Дар Тоҷикистон рӯзи 8-уми мартро ба нишони қадрдонӣ ва эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқи зан рӯзи модар ва рӯзи истироҳат эълон кардаанд, вале дар кишвар ин ақида вуҷуд дорад, ки зан ё духтар ба истилоҳ "моли мардум" аст ва шарт нест, ки ӯ таҳсил кунаду соҳиби мақому мартаба шавад.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, тасмими аз бозор рафтан ва дар ихтиёри Бунёди Оғохон қарор додани саҳмияҳои ширкати “Теlia” аз назари ҳуқуқӣ ниҳоӣ нашудааст ва барои нуқта гузоштан дар ин муомила ҳанӯз фурсат лозим аст.
Ёфтҳои бештар