Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Дар пайи васеъ кардани масоҳати фурудгоҳи Айнӣ, дар қатори кӯчонидани ҳудуди 400 хонавода, ҷавонони шаҳраки Навободро хатари маҳрум шудан аз ягона варзишгоҳи калону зебои назди хонаҳояшон, нигарон кардааст.
Фурудгоҳи низомии Айнӣ, ки аз иншоотҳои муҳими стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад, масоҳаташ то 250 гектар васеътар шуда, майдони парвози он барои нишасту бархости тайёраҳои низомӣ низ мувофиқ карда хоҳад шуд.
Баъд аз сипарӣ шудани чор рӯз аз сӯхтор дар бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе маъмурияти бозор аз 50 дарсад барқарор шудани қисмати сӯхташудаи бозор хабар доданд.
Лутфулло Наҷафизода, раҳбари телевизиони “Тулӯъ” ва коршиноси масоили амниятии минтақа, гуфт, дар Афғонистон беш аз 20 гурӯҳи шӯришӣ амал мекунад, ки аз ҳисоби шаҳрвандони Осиёи Марказӣ созмон ёфтаанд.
Маҳина Абдуллоева ҳар вақт, ки аз хона берун мешавад, лаҳзае рӯ ба рӯи симчӯби нимасӯхтаи миёни деҳа манъ мешавад. Ӯ ба симчуб менигарад ва зери лаб чизе мегӯяд. Симчӯби нимасӯхта, ҳайкали тираи ҷанг дар саҳифаи зиндагии Абдуллоева аст
Саргузашти Маҳина Абдуллоева - як сокини солхӯрдаи деҳаи Чӯянчии ноҳияи Шаҳритус, ки дар солҳои нооромӣ чанд тан аз наздиконаш, аз ҷумла шавҳар ва писарашро аз даст додааст.
Абдуҷалил Сангинов -- як олими зироатпарвар дар Қӯрғонтеппа, дар рӯзҳои душвори ҷанги дохилӣ тавонист тухмиҳои нодири пахтаро ҳифз кунад.
Тобистон ва тирамоҳи соли 1992 шаҳри Қӯрғонтеппа маркази ҷанги шаҳрвандӣ буд. Сокинони онро дар он рӯзҳо ҳар лаҳза марг таҳдид мекард. Ҳама дар фикри наҷоти ҷони худу наздиконашон буданд.
Дар ҳоле ки чаҳор рӯз боз ҷустуҷӯи Алифмоҳ Худойназарова дар дарёи Вахш идома дорад ва дар ин муддат шавҳараш низ боздошт шудааст, наздикони ӯ иддао доранд, ки духтарашон пайваста латту кӯб мешуд ва эҳтимол ин вазъ ӯро ба худкушӣ расондааст.
Аз 9 то 11-уми июн дар толори "Галереяи санъати муосири Тоҷикистон" намоиш ва фурӯши парандаҳои ороишӣ баргузор шуд.
Мисли кӯдакони ин маҳалла акнун хурдсолони шаҳр соҳиби майдончаҳои бозӣ мешаванд. Бо фармони мақомот имсол бояд дар Душанбе 70 майдону майдончаҳои бозӣ ва варзишӣ сохта шавад.
Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик ба ин назар аст, ки фазои бозорҳои Душанберо ҳамин “мафия”, ки шомили миёнравон низ ҳаст, муайян мекунад.
Ҳукумати шаҳри Душанбе ба хотири танзим ва коҳиши нархи маҳсулоти бозор то шурӯи моҳи Рамазон бо масъулони бозори “Деҳқон”-и пойтахт-- яке аз бозорҳои муҳими шаҳр машварат намуд, вале натиҷаи мусбат ба бор наовард ва дар рӯзи аввали Рамазон нархҳо баръакс гаронтар шуданд ва хашму норозигии харидоронро ба вуҷуд оварданд.
Гурӯҳи сенафарии кӯҳнавардони эронӣ, ки дар талоши фатҳи қуллаи Карл Маркс дар ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон як нафарашонро аз даст доданд, баъди бозгашт ба Душанбе тафсилоти фоҷиаро ба Радиои Озодӣ нақл карданд.
"Падарам ба мо хона насохт, пул надод. Ба мо касб омӯзонд. Аз ин ҳисоб ду хона харидам ва мошин гирифтам. Кори мушкил аст, вале пули ҳалол кор мекунам", - мегӯяд Абдусаттор Ҳакимов.
"Падарам ба мо хона насохт, пул надод. Ба мо касб омӯзонд. Аз ин ҳисоб ду хона харидам ва мошин гирифтам. Кори мушкил аст, вале пули ҳалол кор мекунам"
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, нафаре, ки бо номи “Абу Усомаи Норакӣ” ва сухангӯи тоҷики гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқ муаррифӣ мешавад, ҷавонони ноогоҳро барои “ҷиҳод” дар Афғонистон даъват мекунад.
Ёфтҳои бештар