Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба вазорати маориф дастур дод, ки дар мактабҳои миёнаи кишвар дарси шоҳмот ҷорӣ кунанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 7-уми сентябр дар ин мавзӯъ бо Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, суҳбати ихтисосии видеоӣ анҷом дод.
Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки аз 28-ум август то 3-юми сентябр дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт – баргузор шуд, дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз медал бенасиб монданд.
Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт – баргузор шуд, дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз медалҳо бенасиб монданд. Дар мусобиқа Тоҷикистонро шаш нафар намояндагӣ карданд, вале ҳамаи онҳо ба нокомӣ дучор шуданд.
Эълони таҷлил аз Иди Қурбон ва оғози соли таҳсил дар як рӯз дар Тоҷикистон омӯзгорону хонандаҳоро ба сӯйи мактаб ва сокинони дигарро ба тарафи масҷид бурд.
Ҳазорҳо омӯзгору хонанда ва донишҷӯён рӯзи 1-уми сентябр, дар рӯзи Иди Қурбон, ки бар асоси қонунҳои кишвар рӯзи истироҳати ғайрикорист, ба мактаб рафтанд. Вазоарти маориф ва илми Тоҷикистон як ҳафта пеш гуфта буд, ки омӯзгорону хонандаҳо ва донишҷӯён рӯзи дувуми сентябр истироҳат хоҳанд дошт.
Таҷлили иди Қурбон баҳонаи наве барои афзоиши роҳкиро аз сӯи бархе аз ронандаҳо шудааст, ки дар масири Душанбе-Кӯлоб мусофир мекашонанд. Сокинон аз он нигаронӣ мекунанд, ки дар чунин рӯзҳо кори аксар ронандаҳо ҳам ба қавле "омад" карда ва аз зарурати сафари мусофирон, сӯистифода мекунанд.
Таҷлили иди Қурбон баҳонаи наве барои афзоиши роҳкиро аз сӯи бархе аз ронандаҳо шудааст, ки дар масири Душанбе-Кӯлоб мусофир мекашонанд.
Наҷмиддин Сафаров, ҳунарманди собиқадор ва шинохтаи Тоҷикистон, дар як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Грозний, пойтахти Чеченистон ба ҳалокат расид. Ин ҳодиса рӯзи 18-уми август, як рӯз пеш аз бозгашти ӯ ба ватан рух дод.
Дар шаҳри Душанбе як "мардикорбозори виртуалӣ" ба фаъолият оғоз кард, ки хадамоти худро тавассути интернет пешниҳод мекунад.
Се ҷавони тоҷик як вебсайтеро боз кардаанд, ки аз тариқи он муштариён метавонанд, дар сурати вайрон шудани як абзори хона ва ё эҳтиёҷ ба таъмир, мутахассисон ва ё усторо зуд ба хона даъват кунанд.
Пайвандони се муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик дар Маскав, ки дар омодагӣ ба амалиёти террористӣ муттаҳам мешаванд, мегӯянд, ин се нафар бо ҳам ҳеҷ пайванде надоштанд ва маълум нест, ки мақомоти Русия чӣ тавр онҳоро дар як макон боздошт карданд.
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 21 август ҳукм кард, ки шаҳрванди Русия Татяна Хужина ба пардохти 100 нишондиҳанда - баробар бо 5000 сомонӣ ё 561 доллари амрикоӣ вазифадор мешавад.
Моза ва Марям ал-Зиёдӣ талош доранд, ки вазни бештар бардоранд. Онҳо бо тими паралимпии Имороти Муттаҳидаи Араб оид ба поуэрлифтинг ба Тоҷикистон омадаанд. Дар инҷо барои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон омодагӣ мебинанд. Ин хоҳарон ҳарду маълуланд. Моза 24 ва Марям 21 сол дорад.
Хабарнигори Радиои Озодӣ бо вазнабардори маъруфи тоҷик Толеъ Холназаров, собиқ қаҳрамони ҷаҳон ва Осиё дар риштаи пауэрлифтинг, суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Вазнабардори маъруфи тоҷик Толеъ Холназаров, ки панҷ соли ахир варзишгарони маълули Имороти Муттаҳидаи Арабро тамрин медиҳад, феълан бо дастаи мунтахаби ин кишвар ба Душанбе омадааст.
Як озмуни созмондодаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон 11 нафар ҷавононро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ гирди ҳам овард. Барои аввалин бор 15-уми август дар толори "Гӯшаи амрикоӣ"-и шаҳри Душанбе озмуни “Имло”(Spelling Bee) - сабқати маъруф дар Амрико ҷамъбаст гардид.
Пайвандони зиндониҳои якумрӣ мегӯянд, аз инки наздиконашон эъдом нашуданд, хушҳоланд. Онҳо умед доранд, ки рӯзе парвандаи хешовандонашон бознигарӣ ва ҳукми онҳо тағйир дода хоҳад шуд.
Мансур Неъматов, маъруф бо номи “DJ Алладин”, раиси ширкати “Tojikon Holiday” иддаои вебсайти “Ориён инфо”-ро дар бораи гӯё боздошти ҳамсараш Шабнами Собирӣ дар шаҳри Дубай рад карда, тӯҳмати рӯйирост хонд.
Мансур Неъматов, маъруф бо номи “Ди Ҷей Алладин”, раиси ширкати “Tojikon Holiday” иддаои вебсайти “Ориён инфо”-ро дар бораи гӯё боздошти ҳамсараш Шабнами Собирӣ дар шаҳри Дубай рад карда, тӯҳмати рӯйирост хонд.
Ёфтҳои бештар