Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Пулиси Душанбе ба таҳқиқи садамаи маргборе дар маркази пойтахт шуруъ кардааст, ки ҷони ду наврасро гирифт. Ҳодиса шаби 8 ба 9-уми сентябр дар назди Кохи Борбад рух додааст.
Дар ширкату корхонаҳои давлатии Тоҷикистон низоми "назорати халқӣ" дар шакли "шӯрои нозирон" эҳё хоҳад шуд. Бо ин ҳадаф лоиҳае дар палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон барои тасвиб пешниҳод шудааст.
Нархи орд дар Тоҷикистон аз марзи 200 сомонӣ гузашта, боис ба нигаронии сокинон шудааст. Тоҷирон камчинии орд дар Қазоқистон ва афзоиши қурби долларро далел пеш меоранд. Дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон болоравии нархи ордро тасдиқ карданд. Мақомот гуфтанд, ин масъаларо баррасӣ доранд.
Як сарбози Неруҳои марзбонии Тоҷикистон баъд аз чаҳор моҳи хидмат дар артиш, даст ба худкушӣ задааст. Рамазон Ғаниеви 21-сола барои як ҳафта аз артиш рухсат гирифт, вале рӯзи 24-уми август ҷасади ӯро аз назди дарёи Душанбе пайдо карданд.
Вазорати молияи Тоҷикистон аз дастрас кардани беш аз 200 дархосту пешниҳод хабар дод, ки барои ислоҳи Кодекси андоз равона шудаанд. Вазорат гуфт, мардум ва ширкату муассисаҳо фурсат доранд, то рӯзи 1-уми сентябр пешниҳодҳояшонро барои ислоҳи ин санади муҳим бифристанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон нисбати Умед Ҳикоятов, як сокини шаҳри Душанбе бо иттиҳоми дуздӣ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Ин дар ҳолест, ки Умед Ҳикоятов қаблан аз шиканҷа шуданаш дар идораи пулис шикоят дошт.
Додгоҳи шаҳри Душанбе парвандаи пурсарсудои писари яке аз афроди сарватманди Тоҷикистонро, ки дар марги ду нафар гунаҳкор дониста мешавад, барои бознигарӣ ба додгоҳи поёнӣ фиристод.
Додгоҳи шаҳри Душанбе хостори бознигарии ҳукми Кабир Кабиров, писари молики бозори "Султони Кабир" шуд. Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт моҳи июли имсол Кабирови 19-соларо ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум кард. Ӯро ба сар задани садамае гунаҳкор карданд, ки ба марги ду нафар анҷомид.
Ду маъмури милиса, ки ба шиканҷаи сокини Душанбе Умед Ҳикоятов муттаҳам буданд, ба ҷойи кори худ баргаштаанд. Яке сардор ва дувумӣ корманди як шуъбачаи идораи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ шудааст. Вакили мудофеи Ҳикоятов ин тасмимро нодуруст номид ва гуфт, ба Додситонии кул шикоят мекунад.
Навраси 15-сола, сокини ноҳияи Варзоб, ки дар куштори ду нафар муттаҳам мешавад, ба пайвандонаш гуфтааст, ӯ таҳти шиканҷаву таҳдиди кормандони пулис гуноҳро ба гардан гирифтааст.
Алиҷони 15-сола, сокини ноҳияи Варзоб, ки дар куштори ду нафар муттаҳам мешавад, ба пайвандонаш гуфтааст, ӯ таҳти шиканҷаву таҳдиди кормандони пулис гуноҳро ба гардан гирифтааст. Дар шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Варзоб гуфтанд, дар нисбати Алиҷон ҳеҷ гуна шиканҷаву таҳдид сурат нагирифтааст.
Болоравии қурби расмии доллар дар Тоҷикистон ба нархи маҳсулот дар бозорҳои Душанбе таъсир гузоштааст. Коршиносон мегӯянд, азбаски воридоти мол ба Тоҷикистон аз содирот бештар аст, ҳамагуна тағйир дар асъори хориҷӣ зуд вокуниши бозорро ба вуҷуд меорад.
Болоравии қурби расмии доллар дар Тоҷикистон ба нархи маҳсулот дар бозорҳои Душанбе таъсир гузоштааст. Коршиносон мегӯянд, азбаски воридоти мол ба Тоҷикистон аз содирот бештар аст, ҳамагуна тағйир дар асъори хориҷӣ зуд вокуниши бозорро ба вуҷуд меорад. Худи мардум чӣ мегӯянд? Дар видео бубинед.
Ду маъмури милиса, ки дар латту кӯби Умед Ҳикоятов, сокини 38-солаи шаҳри Душанбе муттаҳаманд, дар куҷо ҳастанд? Дар хориҷа ё дохили кишвар? Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа посухи ин суолро аз нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон пурсидааст.
Як масъули идораи нафақа дар ноҳияи Фирдавсии Душанберо ба "аз худ кардан"-и беш аз 1 миллион сомонӣ (муодили зиёда аз 100 ҳазор доллар) пули бознишастагон муттаҳам карданд. Ин кор чӣ гуна сурат гирифт? Дар ин парванда танҳо пойи Зарина Боқиева кашида шудааст, ё афроди дигар низ ҳастанд?
Қимати билети ҳавопаймо рӯзҳои ахир аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия ба таври чашмрас боло рафтааст. Болоравии нархи билетҳоро ба мавсими сафари донишҷӯён ва қимати сӯзишворӣ рабт медиҳанд.
Масъалаи коркарди чароғҳои корношоями каммасраф, ки ҳудуди ним миллион дона дар анборҳои махсус ҷамъоварӣ шудаанд, ба як мушкили ҷиддӣ табдил ёфтааст.
Ёфтҳои бештар