Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Чанде аз сокинони Душанбе шикоят карданд, ки вуруд ба баъзе аз боғҳои фароғатӣ ва маҳалли бозии кӯдакон пулакӣ шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба зудӣ роҳи меваҳои хушки ин кишвар ба бозорҳои Чин боз мешавад, ки аз бузургтарин бозорҳои минтақа ба шумор меравад. Аммо коршносон ва тоҷирон мегӯянд, вуруд ба ин бозор ва мондан дар он осон нахоҳад буд.
Мақомоти соҳаи беҳдошт ва ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон чанде аз моликони истироҳатгоҳҳо ва сокинонро дар канори рӯди Варзоб ҷарима кардаанд.
Таҳаввулоти ахири Қирғизистон, ки дар пайи он, Алмосбек Отамбоев, собиқ раиси ҷумҳури ин кишвар боздошту ба маҳкама кашида шуд, дар Тоҷикистон миёни коршиносону таҳлилгарон вокунишҳои гуногунеро ба миён гузошт.
Додгоҳи шаҳри Душанбе ба муҳокимаи чаҳор милисаи тоҷик оғоз кард, ки ба шиканҷаи боздоштшудаҳо муттаҳаманд. Мурофиа рӯзи 8-уми август баргузор шуд.
Як ширкати сохтмонӣ мехоҳад, бинои дуошёнаи қадимиро дар маркази шаҳри Душанбе вайрон карда, дар ҷойи он бинои бисёртабақа созад.
Қарзи хориҷии Тоҷикистон ба беш аз 2,9 миллиард доллари амрикоӣ расидааст. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 2-юми август гуфт, ҳудуди 48 фисади қарзи Тоҷикистон аз Чин аст. Ба ин тартиб, ба ҳисоби миёна, феълан ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз Чин 154 доллар қарздор аст.
Масъулони Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон гуфтанд, ки эъломияи дороии мансабдорон нашр нашавад, чун ҷомеа ба қабули он омода нест. Вале мардуму коршиносон мегӯянд, огоҳӣ аз дороии мансабдорон барои ҷомеа муҳим аст ва пинҳон монданаш боис ба афзоиши фасод мегардад.
Дар Тоҷикистон ҳаҷми иқтисоди пинҳонӣ, ё сиёҳ аз 15 то 20 фисадро ташкил медодааст. Дар ин бора, Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, рӯзи 31-уми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе иттилоъ дод.
Додгоҳ Кабир Кабиров, писари Авазхон Кабиров, молики бозори "Султони Кабир"-ро ба ҳаштуним сол зиндон маҳкум кард. Кабирови 19-сола ба садамае гунаҳкор дониста мешавад, ки бо марги ду нафар анҷомид.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, яке аз корхонаҳои азими истихроҷи тиллоро барои зиён расондан ба муҳити зист ҷарима бастаанд. Корхонаи “Зарафшон” дар ноҳияи Панҷакент барои он ҷарима шудааст, ки ба гуфтаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист, партовҳои зиёновари худро дар канори рӯдхонаи Шинг рехтааст.
Дар ҳоле, ки бархе маъюбон аз кам будани ҳаққи нафақа, саргардониҳо барои гирифтани он шикоят мекунанд, мақомот аз қатъи нафақаи маъюбии ҳазорон нафар хабар медиҳанд.
Шамсиддин Орунбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, касе ҳақ надорад донишҷӯёнро ба таври маҷбурӣ ба “маршировка” ҷалб намояд.
Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ният дорад, бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои дигари давлатӣ як барномаи вижаи муқовимат бо коррупсия дар Тоҷикистонро таҳия кунад.
Раҳбарияти "Тоҷикстандарт" афзоиши шикояти сокинон аз вуҷуди маҳсулоти пастсифат ба ин ниҳодро, натиҷаи босамари ҳамкории худ бо ҷомеа медонанд.
Кумитаи андоз ва ё молиёти Тоҷикистон бо муроҷиат ба мардум ва ҳалқаҳои соҳибкориву тиҷорат хостааст, дар таҳрири Кодекси андоз, ки зиёд танқид мешавад, ширкат кунанд.
Масъулини Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хостори муқоисаи меъёри андозҳо бо ҳамсоякишварҳо ва беҳбудии фазои сармоягузории кишвар шуданд. Дар Тоҷикистон шикоят аз андозбандиҳо ва монеаҳои сунъӣ дар ин росто, зиёд садо медиҳад.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, ба дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ барои дарёфти иҷозаи ҷамъоварӣ ва коркарди шираи камол посухи рад додааст.
Дар ҳоле, ки раҳбарияти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон кори деҳқониро дар кишвар фоидаовар меномад, бархе деқонон мегӯянд нагирифтани суд аз деҳқонӣ боиси он гардид, ки ё роҳи муҳоҷирати меҳнатиро пеш гиранд ё аз замин даст кашанд.
Як пажуҳиш ҳам нишон додааст, ки аксари сокиноне, ки хонахояш вайрон мешаванд , мурочиат ба додгоҳро бефоида медонанд.
Ёфтҳои бештар