Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
“Соли 2020, пас аз як робитаи ҷинсӣ, ба СПИД мубтало шудам. Сипас бо гумони ин ки дигаронро ба беморӣ гирифтор кардаам, як сол зиндонӣ шудам. Дар онҷо рӯзҳои сахтеро гузарондам.”
Мавҷуда Раҳимова бо кӯдаконаш дар ошёнаи 11-уми бинои машҳур ба “хонаҳои Бег Сабур” дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад. Аммо сохтмони бино пурра ба поён нарасидааст. Кранҳои борбардор дар болояш чарх мезананд, дару тирезаҳоро начаспондаанд ва дар даромадгоҳҳо торикӣ ҳукмфармост.
Сафари ҳайати Иттиҳоди Аврупо ба Душанбе ва гуфтугӯяшон бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба поён расид. Вале аз забони намояндагони Брюссел дар бораи поймолшавии ҳуқуқи башар дар минтақа чизе шунида нашуд.
Ахиран вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, муҷозот барои зӯроварӣ нисбати кӯдаконро сахттар карданд.
Вакили дигари порлумон, Ғайрат Азиззода, дар ҷаласаи рӯзи 17-уми ноябр аз талошҳояш барои тамос ё мулоқот бо вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон садо баланд кард.
Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ширкати "Барқи тоҷик" бар асоси шартнома миёни ин ниҳод ва муштариён, уҳдадор аст, ки қабл аз қатъи нерӯи барқ сокинонро огоҳ кунад.
Як наврас аз ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон нақл кард, ки чӣ гуна бист рӯз пеш хирс ба ӯ ҳамла кард ва сару пушташро захмӣ намуд. Парвиншо Муҳаббатови чордаҳсола ҳоло дар шаҳраки “Шифобахш”, бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе, муолиҷа мегирад. Пизишкон вазъи саломати ӯро хуб арзёбӣ карданд.
Дар Тоҷикистон ҷазоро барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки ба иддаои мақомот яке аз сабабҳои садамаи нақлиётист, сахттар карданд. Дар гузашта барои чунин амал аз 7 то 60 сомонӣ ҷарима мебастанд, ҳоло 120 сомонӣ.
Писари Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷирони тоҷик, иддао дорад, падарашро танҳо барои он ки 232 сомонӣ пули як даъвогарро ба дасташ дода натавонистанд, зиндонӣ карданд.
Дар ҳоле ки масъулони “Барқи тоҷик” сабаби бо маҳдудият додани барқро ба хонаҳои мардум ба таъмири хат ва зеристгоҳҳо пайванд доданд, баъзе аз сокинон мегӯянд, анҷоми чунин корҳоро дар маҳалли зисташон намебинанд.
Шикоят дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон аз норасоии нерӯи барқ зиёд аст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба ноҳияи Ваҳдат рафтанд, то назари сокинонро дар бораи норасоӣ ва сабабҳои маҳдудият пурсанд.
Баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, дар шароити Тоҷикистон ҳеч сабукӣ дар бахши андоз ба соҳибкорон ёрӣ намекунад, “зеро андоз тибқи нақшаи аз пеш муайяншуда ҷамъоварӣ мешавад”.
Дар Тоҷикистон шумораи умумии молиёт ё андоз аз 10 ба 7 намуд коҳиш дода шуд. Мақомот ин тағйиротро яке аз сабукиҳо дар тарҳи нави Кодекси андоз мегӯянд. Солҳо боз низоми андозбандии Тоҷикистонро ба хотири сарбории зиёд доштан барои соҳибкорон танқид мекунанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон тарҳи қонунеро қабул карданд, ки аз ширкату корхонаҳо талаб мекунад, ба Тоҷикистон маҳсулоти ғанишуда бо витаминҳои гуногунро ворид кунанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон тарҳи қонунеро қабул карданд, ки аз ширкату корхонаҳо талаб мекунад, ба Тоҷикистон маҳсулоти ғанисозишуда бо витаминҳои гуногунро ворид кунанд. Ҳадаф таъмини аҳолӣ бо маводи хӯрокаи баландсифат ва муфид барои саломатии инсон будааст.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки Чин дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пойгоҳи вижа месозад, вале он ба низомиёни тоҷик тааллуқ хоҳад дошт.
Дар авҷи фирор аз Афғонистон паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон аз кори дафтари Созмони Миллали Муттаҳид дар Душанбе норозигӣ мекунанд, вале намояндагии ин созмон мегӯянд, вазифаи кумакрасонии худро ба гурезаҳо анҷом медиҳанд.
Ёфтҳои бештар