Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Вакилони Маҷлиси Намояндагон аз тарҳи қонуне ҷонибдорӣ карданд, ки дар он қатъи муваққатии ваколати додрасҳо пешбинӣ шудааст. Бар асоси тарҳ, пас аз боздоштани ваколати додрас, муфаттишон рафтори додрасу ҷиноятеро, ки эҳтимол аст ба он муттаҳам шавад, тафтиш мекунанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарҳи қонуне ҷонибдорӣ карданд, ки дар он қатъи муваққатии ваколати додрасҳо пешбинӣ шудааст.
Модари Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик мегӯяд, писараш гуноҳе накардааст ва набояд зиндонӣ мешуд. Ӯ умедвор аст, мақомоти олии кишвар ба парвандаи ӯ мудохила мекунанд.
Аз эълони пуркунии ариза барои дарёфти Green Card (гринкорт, корти сабз)-и Амрико ду ҳафта мегузарад, аммо ҳанӯз назди марказҳое, ки ба таҳияи ҳуҷҷати сокинон машғуланд, пур аз одам аст.
Садҳо сокини Тоҷикистон, ки аз бекорӣ ё камии маош ранҷ мекашанд, мехоҳанд, бахти худро барои роҳ ёфтан ба "кишвари имкониятҳо" бисанҷанд.
Шаҳрдори Душанбе хабар дод, ки нархи роҳкиро дар ҳама намуд нақлиётҳои ҷамъиятии пойтахт боло меравад.
Мақомоти Тоҷикистон дар пайи як огоҳии ҷониби Русия, ки аз эҳтимоли сирояти полиомиелит ё фалаҷи атфол (навъи дувум) нигарон аст, сафари кӯдакони то шашсоларо ба он кишвар маҳдуд кардаанд.
Рӯзи сеюми октябр ба таъсиси телевизиони тоҷик 62 сол пур шуд. Ба қавли собиқадорони соҳа, телевизиони тоҷик кори худро дар шароите оғоз кард, ки аз лиҳози дастрасӣ ба дастгоҳву таҷҳизот ва мутахассис камбуди ҷиддӣ дошт.
Интихоби раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф дар Тоҷикистон рӯзи 30-юми сентябр ҷанҷолбарангез шуд. Муовини вазири маориф мехост, раиси навро "бо мувофиқа" ва дар ҳузури вазири маориф ва раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ интихоб кунанд, аммо вакилони анҷуман напазируфтанд.
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе як муҳандиси ширкати "Ёқут 2000"-ро ба "вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар сохтмон", ки боис ба маъюб шудани Сиёвуш Акобиршоеви 25-сола шуд, ду сол аз озодӣ маҳрум кард, аммо бар асоси қонуни афв озод намуд.
Баҳси Сиёвуш Акобиршоев бо ширкати "Ёқут-2000", ки сабаби маҷруҳ шуданашро дар бетаваҷҷӯҳии раҳбарияти ширкат медонад, дар додгоҳ ба поён расид, аммо масъалаи пардохти ҷуброни зарар норӯшан боқӣ монд.
Додгоҳи шаҳри Турсунзода хушдомани як арӯси ҷавонмаргро бо гуноҳи ба худкушӣ расондани келинаш ба 5 сол зиндон маҳкум карда, ҳамзамон, бар асоси қонуни афв якуним сол ҳабси ӯро кам намудааст.
Додгоҳи олиии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи ноҳия Рӯдакӣ нисбат ба як ҷавони 18 соларо, ки барои “ҳаракати бадахлоқона” нисбат ба ноболиғе гунаҳкор дониста мешуд, бекор кард ва парвандаи ӯ бо айби “ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ" аз нав баррасӣ мешавад.
Як оилаи паноҳандагони Афғонистон, ки нахустин фарзандашон дар Тоҷикистон ба дунё омад мехоҳанд тифлашон шаҳрванди ин кишвар шавад.
Як ҷуфти афғон аз тарси интиқоми Толибон ба Душанбе фирор карданд. Ҳоло мегӯянд, умедворанд тифлашон, ки инҷо ба дунё омад, шаҳрванди Тоҷикистон шавад.
Даҳҳо ронандаи мошинҳои борбар дар Тоҷикистон, ки ба хориҷа бор бурдаву мол меоранд, аз афзоиши нархи иҷозатномаи сафар норозигӣ карданд. Онҳо 22-юми сентябр дар назди Хадамоти давлатии назорату танзим дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон ҷамъ шуданд.
Амрико дар доираи барномаи COVAX-и Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба Тоҷикистон зиёда аз 100 ҳазор воя ё доза ваксинаи Pfizer-BioNTech дод.
Пас аз тағйири ҳукумат дар Афғонистон, тамоми хароҷоти ягона мактаби афғонӣ дар Тоҷикистон бар дӯши хонаводаҳои мактабхонҳо афтодааст. Аксари хонандагони мактаб аз навоҳии атрофи Душанбе буда, дурии роҳ ва афзоиши хароҷот боиси нигаронии волидони онҳо шудааст.
Ёфтҳои бештар