Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Як сокини 49-солаи Душанберо аз шаҳрвандии Тоҷикистон маҳрум карда, ба Афғонистон рондаанд. Мақомот мегӯянд, Аслишо Мирзогули Ҷондоршо шаҳрванди Афғонистон аст ва бо санадҳои тақаллубӣ шиносномаи Тоҷикистонро гирифтааст. Ӯ худро Бегмуҳаммад Давлатов ва шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон медонад.
Мақомот як сокини 49-солаи Душанберо аз шаҳрвандии Тоҷикистон маҳрум кардаанд ва амр додаанд, ки ба Афғонистон ронда шавад. Мақомот мегӯянд, ин мард Мирзогули Ҷоншоҳ, шаҳрванди Афғонистон аст, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон омада, ва бо санадҳои тақаллубӣ шаҳрванди Тоҷикистон шудааст.
Маркази миллии тестии Тоҷикистон имсол тасмим гирифтааст барои иҷрои нақшаи пешбинишуда ба довталабоне, ки аз имтиҳонҳои вуруд ба донишгоҳу донишкадаҳо нагузаштаанд, шонси дигаре диҳад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти қатли ҷавони 23-солаеро нишон дод, ки дӯсташ ва писари як паҳлавони маъруфи тоҷикро дар куштани у муттаҳам кардаанд.
Интиқоли молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба маротиб камтар шудааст.
Ҷасади Нур Табаров адиб, рӯзноманигор ва вазири пешини фарҳанги Тоҷикистонро дар қабристони зодгоҳаш дар шаҳри Ваҳдат ба хок супурдан
Фаридун Хайруллозода, рӯзноманигори ҷавон, ровӣ ва роҳбари радиои “Авторадио” шоми 11 ба 12-уми август дар синни 27-солагӣ дар Душанбе даргузашт.
Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, нафти хом ва маҳсулоти нафтиро аз Эрон ва Туркманистон ворид кунад.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ворид намудани 130 мошини барқӣ дар 6 моҳи ахир хабар дод, ки онҳо истеҳсоли Чин ва Олмон буда, ҳоло дар Душанбе ба мусофиркашонӣ машғуланд.
Дар Тоҷикистон шумораи бекороне, ки расман номнавис шудаанд, 8,6 дарсад афзудааст.
Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ шарҳ дод, ки чаро мансабдорони тоҷик бе иҷозаи президент наметавонанд рисолаи илмӣ ҳимоя кунанд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз коҳиши назарраси таксиҳои ба истилоҳ "мардумӣ" ё "7 сомона", ки дар Душанбе ба мусофиркашонӣ машғуланд, хабар дода, ҳамзамон хост чунин таксиҳо корашонро идома диҳанд.
Гулнора Ҳасанзода, раиси Оҷонсии омори назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, дар дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ қимати маҳсулоти озуқа дар кишвар 7 дар сад боло рафтааст.
Интизор меравад, баъд аз даҳ рӯз, 16 август, ҳаракати қатораҳои мусофирбар аз шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва Душанбе ба шаҳри Волгогради Русия оғоз мешавад.
Чин, Люксембург, Швейтсария, Британияи Кабир, аз кишварҳои сармоягузори асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ будааст.
Мақомоти тоҷик тасмим гирифтаанд то ҳашт соли дигар аҳолии кишварро пурра бо оби ошомиданӣ таъмин намояд.
Барои таъмини тамоми Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ 8 соли дигар лозим будааст.
Раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон иддао доранд, ки бо истифода аз фишангҳое, ки дар ихтиёрашон ҳаст, низоми бонкии кишварро дар сатҳи мӯътадил нигоҳ доштаанд.
Намояндагони Палатаи ҳисоб дар "Амонатбонк" беш аз 200 миллион сомонӣ “камбуди молӣ” ёфтаанд, аммо аз он нигаронанд, ки “масъала пурра ҳал нашудааст”. Раҳбарияти “Амонатбонк” гуфтанд, мушкил бо гуноҳи муштариёне сар зад, ки қарз гирифта, сари вақт барнагардонданд.
Ёфтҳои бештар