Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Ҷасади Нур Табаров адиб, рӯзноманигор ва вазири пешини фарҳанги Тоҷикистонро дар қабристони зодгоҳаш дар шаҳри Ваҳдат ба хок супурдан
Фаридун Хайруллозода, рӯзноманигори ҷавон, ровӣ ва роҳбари радиои “Авторадио” шоми 11 ба 12-уми август дар синни 27-солагӣ дар Душанбе даргузашт.
Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, нафти хом ва маҳсулоти нафтиро аз Эрон ва Туркманистон ворид кунад.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ворид намудани 130 мошини барқӣ дар 6 моҳи ахир хабар дод, ки онҳо истеҳсоли Чин ва Олмон буда, ҳоло дар Душанбе ба мусофиркашонӣ машғуланд.
Дар Тоҷикистон шумораи бекороне, ки расман номнавис шудаанд, 8,6 дарсад афзудааст.
Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ шарҳ дод, ки чаро мансабдорони тоҷик бе иҷозаи президент наметавонанд рисолаи илмӣ ҳимоя кунанд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз коҳиши назарраси таксиҳои ба истилоҳ "мардумӣ" ё "7 сомона", ки дар Душанбе ба мусофиркашонӣ машғуланд, хабар дода, ҳамзамон хост чунин таксиҳо корашонро идома диҳанд.
Гулнора Ҳасанзода, раиси Оҷонсии омори назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, дар дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ қимати маҳсулоти озуқа дар кишвар 7 дар сад боло рафтааст.
Интизор меравад, баъд аз даҳ рӯз, 16 август, ҳаракати қатораҳои мусофирбар аз шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва Душанбе ба шаҳри Волгогради Русия оғоз мешавад.
Чин, Люксембург, Швейтсария, Британияи Кабир, аз кишварҳои сармоягузори асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ будааст.
Мақомоти тоҷик тасмим гирифтаанд то ҳашт соли дигар аҳолии кишварро пурра бо оби ошомиданӣ таъмин намояд.
Барои таъмини тамоми Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ 8 соли дигар лозим будааст.
Раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон иддао доранд, ки бо истифода аз фишангҳое, ки дар ихтиёрашон ҳаст, низоми бонкии кишварро дар сатҳи мӯътадил нигоҳ доштаанд.
Намояндагони Палатаи ҳисоб дар "Амонатбонк" беш аз 200 миллион сомонӣ “камбуди молӣ” ёфтаанд, аммо аз он нигаронанд, ки “масъала пурра ҳал нашудааст”. Раҳбарияти “Амонатбонк” гуфтанд, мушкил бо гуноҳи муштариёне сар зад, ки қарз гирифта, сари вақт барнагардонданд.
Ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур дар Душанбе ба зидди Далери Имомалӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, ба Додситонӣ шикоят кардааст. Раиси ноҳия, Билол Иброҳим, рӯзи 20-уми июл ӯро ба бозтоби, ба гуфтааш, нодурусти тахриби хонаҳо ва монеъ шудан ба кори намояндагони ҳукумат муттаҳам донист.
Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, танҳо ҳамин сол се додрас ба гумони ришвахорӣ дастгир шудаанд ва ҳоло мунтазиранд, ки ҳамкорони собиқашон онҳоро ҷазо бидиҳанд.
Дар Тоҷикистон танҳо дар 6 моҳи имсол беш аз 7 ҳазор ҷуфт аз ҳам ҷудо шудаанд. Бино ба омори расмӣ, ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 12 дарсад зиёдтар аст.
Имсол издивоҷи бонувони тоҷик бо шаҳрвандони хориҷӣ кам шудааст. Ба иттилои мақомот, аз аввали имсол то имрӯз 39 никоҳ бо хориҷиёнро сабт кардаанд. Соли гузашта 116 адад будааст. Дар ин бора дар нишасти Вазорати адлия хабар дода, гуфтанд дар Тоҷикистон талоқ ҳам зиёд шудааст. Чаро?
Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ҷузъиёти парвандаи Рустам Саидаҳмадзода, додраси собиқи Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки бо "ҳукми сафед"-аш машҳур аст ва ду ҳафта пеш дастгир шуд, шарҳ дод.
Масъулони Хадамоти алоқа як сабаби паст будани суръат ва сифати Интернетро дар Тоҷикистон "истифодаи нодурусти он аз сӯйи мардум" номиданд. Ин дар ҳолест, ки муштариён ҳамеша гуноҳи ширкатҳои мухобиротӣ ва Хадамоти алоқа медонанд.
Ёфтҳои бештар