Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Дар ҳамоише дар Душанбе мавзуи сулҳ ва ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон баҳс шуд. Толибон, ки Афғонистонро дар даст доранд, ба он муттаҳам мешаванд, ки ҳукумати як қавмро ташкил кардаанд. Худи Толибон ба ин нишаст наомадаанд
Ҷанги Русия дар Украина ба кору даромади ширкатҳо дар Тоҷикистон бетаъсир набудааст. Як арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ нишон додааст, ки 24 дарсади ширкатҳое, ки дар кишвар амал мекунанд, бар асари ҷанги Русия дар Украина зиён дидаанд.
"Агар соли гузашта барои талаф ёфтани чанд ҳамкасбамон аз бемории COVID-19 бо ҳасрат сухан гуфта бошем, имсолро бо зиндонӣ шудани 7 журналисти собиқ ва амалкунанда гусел мекунем."
Камбуди нерӯи барқ дастрасии сокинони як маҳалларо дар ноҳияи Муъминобод ба об мушкил ва зиндагияшонро сахт кардааст. Онҳо аз мақомот мепурсанд, ки масъала кай ҳал хоҳад шуд. “Барқи Тоҷик” маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ба хонаҳои мардум тасдиқ карда, аммо муҳлати анҷомашро нагуфтааст.
Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ширкати “Тоҷиктрансгаз”-ро вазифадор кардааст, ки ба Вазорати молия беш аз 15 миллион доллар бипардозад. Маълум нест кай ва чӣ гуна. Мақомот онро қарзи давлатӣ ва баҳраву ҷаримааш ҳисоб кардаанд. Вазорат розӣ нест.
Мавзӯи муборизаи мақомот бо риши мардону ҳиҷоби занон дар Тоҷикистон, ки як муддат фурӯ нишаста буд, дубора боиси баҳсу нигарониҳо шудааст. Ин бор макони аслии чунин маъракаҳо, ки мақомот онро чораҳои омӯзишӣ ба зидди фарҳанги бегона меноманд, даромадгоҳҳои пойтахт будааст.
Ба иттилои дарёфтӣ, Зафарҷон Самӣ, масъули толори VIP-и Фурудгоҳи Душанбе ва писари Шариф Самӣ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, дар як занозанӣ захмӣ шудааст.
Комрони Субҳон, ҷавони 23-солаи тоҷик, ки дар ҳамла ба масҷиди шиаён дар шаҳри Шерози Эрон айбдор мешавад, қаблан дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия будааст.
Хонаводаи Комрони Субҳон, ҷавони тоҷике, ки ба ҳамлаи масҷиди шиаён дар шаҳри Шерози Эрон муттаҳам мешавад, хабари марги ӯро дарёфт кардааст. Ба нақли волидайн, писарашон барои кор ба Русия рафт ва моҳи август бедарак шуд.
Саидаҳмад Раҳимов, писари ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов, ба гуноҳи куштани як сокини ноҳияи Варзоб ба 20 сол зиндон маҳкум шуд. Ҳукмро Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи даҳуми ноябр эълон кард. Модари ҷавони кушташуда, Муҳаммадҷовид Зокирзода, гуфт, аз ҳукм розист. Ҷониби дигар эътироз дорад.
Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе субҳи имрӯз, 9-уми ноябр серодам буд. Ҳаводорони варзиш ва сокинони пойтахт ба истиқболи паҳлавони машҳури тоҷик Темур Раҳимов омада буданд. Ӯ се рӯз баъд аз пирӯзӣ дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо дар Боку, ба Тоҷикистон баргашт.
Бориши барфу борон дар баъзе аз минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон мушкили куҳнаро дубора бармало карду даҳҳо ронанда ва мусофирро саргардон. Сангреза роҳи Душанберо ба Хоруғ муваққатан баст. Роҳ аз пойтахт ба Хуҷанд низ ба рӯи мошинҳои борбар пӯшида шуд.
Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ, ки замоне ӯро "раҳбари салафиҳои Тоҷикистон" ном мебурданд, баъди бештар як соли раҳоӣ аз зиндон, дигарбора боздошт шудааст. Пайвандонаш дар маҳаллаи Чоряккорони Душанбе гуфтанд, дар бораи сабаби боздошти ӯ маълумот надоранд. Мақомоти интизомӣ шарҳ намедиҳанд.
Гурӯҳе аз сокинони деҳаи Порвори ноҳияи Раштро ҳалношуда мондани баҳси чарогоҳ бо хонаводаи Қаноатшо Лоиқзода, раиси пешини ноҳия нигарону саргардон кардааст.
Дар як деҳаи минтақаи Рашт, ки мардумаш бо чорводорӣ зиндагиро пеш мебаранд, гурӯҳе сокинон шикоят доранд, ки хонаводаи раиси пешини ноҳия онҳоро аз нони даҳонашон мондааст. Ба иддаои онҳо, наздикони раиси пешин чарогоҳҳоро аз худ кардаву ба мардуми дигар иҷозаи истифода намедиҳанд.
Нархи тухми мурғ дар Тоҷикистон боло рафтааст, ҳарчанд мақомот мегӯянд, истеҳсоли он дар кишвар афзоиш ёфтааст.
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки “кофтукоб идома дорад”. Баъзе аз ҳуқуқдонҳо ва намояндагони созмонҳои рӯзноманигорӣ ба қавли мақомот бовар надоранд.
Имрӯз дуюми ноябр, рӯзи хатми беҷазоии ҷиноят алайҳи журналистон аст. Дар Тоҷикистон, ки дар як муддати кутоҳ якбора 7 журналист пушти панҷара рафтаанд ин мавзӯъ доғ шудааст. Созмонҳои журналистӣ аз норӯшаниҳо дар қазияи хабарнигорон ва афзоиши фишор ба журналистон изҳори нигаронӣ мекунанд.
Омӯзгорон ва ҳамдеҳагони Эҳсон Аминзода (Эҳсони Тоҷиддин) дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон ба фарзияи марги ӯ дар тамрингоҳи Белгород бовар надоранд.
Дар зодгоҳи Эҳсон Аминзода, як ҷавони тоҷик, ки дар қатли 11 нафар дар як қисми низомӣ дар Русия муттаҳам мешавад, бовар надоранд, ки ӯ ба чунин коре қодир бошад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба зодгоҳи Эҳсон Аминзода ба ноҳияи Кушониён рафтанд ва аз онҳое пурсиданд, ки Эҳсонро мешиносанд.
Ёфтҳои бештар