Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Боридани барфи зиёд ва сардии ду рӯзи ахир ҳаракати нақлиёту гаштугузори сокинонро тақрибан дар кулли Тоҷикистон мушкил кардааст. Ҳаракат бахусус дар роҳҳои куҳӣ хатарнок шудааст.
Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯянд, ду миллион симкорти ширкатҳои мобилиро соҳибонашон бо шиносномаи нав сабт накардаанд.
Бо гузашти чаҳор сол аз тасмими мақомот ҳануз ҳам бисёре аз сокинони Тоҷикистон симкортҳои худро бо шиносномаҳои нави соли 2014 сабт накардаанд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, садҳо ҳазор муштарӣ бояд ин корро кунанд, вагарна аз симкортҳояшон маҳрум мешаванд.
Дар Тоҷикистон, ҳар панҷ сол як бор мардум вакилони худро дар порлумон интихоб мекунанд. Вакилон намояндаи мардум ҳисоб мешаванд ва бояд манфиату ҳуқуқи сокинонро ҳимоят кунанд. Оё ин корро мекунанд ва мардум вакилонашонро мешиносанд?
Бархе аз коршиносони тоҷик мегӯянд, пас аз онки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, нарх ва суръати пасти интернетро танқид кард, эҳтимол дар бозори мухобирот баъзе дигаргуниҳо сурат гирад. Ҳарчанд, коршиносон ба тағйиротҳои ҷиддӣ чандон бовар надоранд.
Ҷӯрақул Ҳайдарови 67-сола як ҳафта боз барои гирифтани 600 сомонӣ ёрии якдафъаинае, ки барои оилаҳои камбизоат ваъда шудааст, саргардон аст. Дар ҳукумати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба ӯ гуфтаанд, ки маблағро ба корти бонкияш мегузаронанд.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шикояти хонаводаи Меҳроҷиддин Гадозода, сокини шаҳри Ваҳдатро, ки аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 500 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ талаб доранд, беасос донистааст.
Нахустин ҳавопаймои ширкати “Jazeera Airways” аз Кувайт ба шаҳри Душанбе расид.
Иддае дар Тоҷикистон натиҷаи назарпурсие, ки мизони муҳаббат ва назари мусбати тоҷиконро ба Русия "95 дарсад" ҳисоб кардааст, зери суол мегузоранд.
Бунёди бинои истиқоматӣ дар як гӯшаи Душанбе ҷанҷолбарангез шуд. Моликони ширкати сохтмонӣ мегӯянд, барои истифодаи қитъаи замин дар маҳаллаи Арғувони ноҳияи Сино санаду имзо доранд. Сокинон даъво доранд, ки бино дар як қисми варзишгоҳ сохта шуда, ҷойи бозӣ ва гаштугузори онҳоро танг мекунад.
Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як ҳафта аз боздошти камаш чаҳор нафаре гузориш доданд, ки "бо таҳдиди бадном кардани духтарону писарон дар Интернет аз онҳо пул хостаанд".
Таҳдиди бадномсозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои бархе дар Тоҷикистон ба як воситаи пулкоркунӣ табдил ёфтааст. Мақомоти интизомӣ аз боздошти ҷаҳор ҷавоне хабар додаанд, ки духтарону писаронро аксу навор гирифта, таҳдид мекардаанд, ки онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ беобрӯ месозанд.
Баъзе аз фаъолон дар Тоҷикистон хоҳони ислоҳи қонуне шудаанд, ки ҳукумат сабаби фаровонии дасторхону сарфа шудани пули мардум ва яке аз дастовардҳояш медонад.
То Соли нави мелодӣ бештар аз ду ҳафтаи дигар мондааст. Сокинон барои таҷлили ин ҷашн аз ҳоло омодагӣ мегиранд. Бо наздикшавии ин ҷашн хиёбонҳои Душанбе бо рамзҳои идона ороста гардида, гаштугузори сокинон бештар ба назар мерасад. Бозори фурӯши тӯҳфаҳои идона низ гарм аст.
Завқибек Саидаминӣ, хабарнигори тоҷикро аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе ба зиндони маъруф ба "Якум совесткий"-и шаҳри Душанбе интиқол додаанд.
Завқибек Саидаминӣ журналисти зиндонии тоҷикро субҳи рӯзи 12-уми декабр аз боздоштгоҳи шаҳри Душанбе ба маҳбаси воқеъ дар маҳаллаи «Якум Советский»- интиқол додаанд. Алишер Зарифӣ ва Нигораи Фазлиддин ба хонаи Завқибек рафтанд ва бо модару ҳамсараш суҳбат карданд.
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумони Тоҷикистон, рӯзи 10-уми декабр дигарбора раиси Ҳизби демократ интихоб шуд. Вай аз моҳи декабри соли 2012 ба ин тараф расман раёсати ҳизбро бар дӯш дорад.
Сарафроз Шарифов, сокини 34 солаи шаҳри Душанбе аз ягона манбаи даромадаш маҳрум шудааст. Шарифов дар ширкати “Рахш таксӣ” кор мекард ва инак як ҳафта боз бекор аст.
Бархе аз ронандаҳои таксӣ дар Душанбе шикоят карданд, ки нозирони роҳ рақамҳои давлатии мошинҳояшонро беасос мечинанд ва бо ин роҳ онҳоро аз мусофиркашӣ маҳрум мекунанд. Онҳо гуфтанд, таксиронӣ ягона манбаи даромади онҳо буд ва ҳоло намедонанд чӣ кор кунанд.
Ёфтҳои бештар