Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадраса ё интернет? Занон дар Тоҷикистон аз куҷо дониши динӣ гиранд?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

"Ҳар кас ба таври ихтиёрӣ ба гирифтани таҳсилоти динӣ дар алоҳидагӣ ва ё ҳамроҳи дигарон ҳуқуқ дорад." Ин меъёри қонунгузорӣ дар Тоҷикистон аст, аммо давлат низоми омӯзиши диниро зери назорат гирифтааст ва ҳаққи таълимро ба ниҳодҳо танҳо пас аз дарёфти иҷозатномаи махсус медиҳад.

Ҳоло ба ҷуз аз Донишкадаи исломии Имоми Аъзам дар Тоҷикистон мадрасаи дигаре вуҷуд надорад. Ин донишкада то чанд сол пеш ҳамагӣ панҷ донишҷӯйи зан дошт, ҳоло ин шумора ба понздаҳ расидааст.

"Инҳо барои маълумоти дуюм дохил шуданд. Мувофиқи нақшаи қабул мо дар як сол 30 нафарро метавонем ба маълумоти дуюм қабул кунем. Инҳо танҳо ба воситаи имтиҳонҳои махсус ва суҳбатҳо қабул карда мешаванд," – гуфт Нусратулло Зокирзода, раиси Донишкадаи исломӣ.

Пештар мадрасаҳо ва ё хонаи бибиотунҳо ҷойи таҳсили динии духтарон буданд. Аз соли 2011 ба ин тараф аксар мадрасаҳои исломӣ дар Тоҷикистон баста шудаанд ва таълими бидуни иҷоза ҷазо дорад.

Раиси Кумитаи дин набудани ин гуна муассисаҳоро мушкили хос надонист. Сулаймон Давлатзода чанде пеш дар нишасти матбуотӣ гуфт: "Агар як мисоли одӣ гирем, масалан шабакаҳои иҷтимоӣ, дар дилхоҳ чиз аз равоншиносӣ сар карда то пухту пазу дигару дигар аллакай шабакаи таълимӣ кушодаанд."

Давлатзода дар идома гуфт, Кумитаи дин мехоҳад таълими динии онлайниро роҳандозӣ кунад ва ин мавзуъ дар ҳоли баррасӣ аст ва бо назардошти муҳити Тоҷикистон ин омӯзишҳоро ба ҳукумат пешниҳод мекунанд.

Баъзе аз коршиносон низ дар шароити ҳозира ягона ҷойи дарёфти маълумоти диниро имконоти фанновариҳои иттилоотӣ медонанд, вале дар айни замон нигаронанд. Чун, ба гуфтаи онҳо, дар интернет рӯҳониёни гуногун аз дохилу беруни Тоҷикистон амри маъруф мекунанду масъалаҳои диниро шарҳ медиҳанд ва гоҳе тундравона сухан мегӯянд.

Таҳлилгар Фаридун Ҳодизода гуфт: "Ҳоло мадрасаро маҳкам кардаанд, дар ҷойи дигар намемонанд. Аммо интернет ҳаст, ютуб ҳаст, дигар вебсайтҳову торномаҳо ҳаст. Духтаре, ки мехоҳад маълумот гирад, аз он мегирад, аммо мо бояд муаллими динии хуб дошта бошем."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Мақомдорон ба занони тоҷик: "Таълими диниро аз интернет бигиред!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00

Ҳодизода дар айни замон бар ин аст, ки занону духтарон дар Тоҷикистон бояд бештар таълимоти дунявӣ бигиранд: "Албатта, бояд таълими динии бисёр хуб доштанашон лозим аст. Аммо онҳо бояд зиёдтар китоб хонанд. Модар аз ҳама пеш бо шир ба фарзандаш фикри исломи муътадилро ташвиқу тарвиҷ кунад, қариб ҳеч вақт онҳо террорист ва экстремист намешаванд."

Раванди бастани мадрасаҳо дар Тоҷикистон аз соли 2011 сар шуд. Он вақт дар Тоҷикистон нуздаҳ мадраса вуҷуд дошт. Ҳоло барои таълими динии беиҷоза аз 60 то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд супурд ва ё то се сол зиндонӣ хоҳанд шуд.

Инчунин, қонуни масъулият дар таълиму тарбияи фарзанд аз волидон талаб мекунад "ба иштироки фарзанд дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои фарзандоне, ки ба таври расмӣ дар муассисаҳои таълимии динӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, иҷозат надиҳанд".

Мақомот ҳамвора кори худро дурусту қонунӣ медонанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро пайваста барои маҳдуд кардани ҳуқуқи диндорон, аз ҷумла маҳдуд кардани омӯзиши динӣ танқид мекунанд.

XS
SM
MD
LG