Неруҳои Покистон ва Толибони Афғонистон шаби 11 ба 12-уми октябр дастикам дар панҷ минтақаи марзӣ бо ҳам даргир шуданд. Ба гузориши расонаҳо, дар ин задухӯрд чанд сарбоз ва сокинони мулкӣ кушта шудаанд.
Манобеи амниятии Покистон ба Радио "Машъал", бахши покистонии Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки се сарбоз кушта ва низомии дигар захмӣ шудаанд. Тибқи гузоришҳои расида, чанд сокини мулкӣ ҳам кушта шудаанд.
Ба гуфтаи манобеи амниятӣ, теъдоде аз сокинони минтақаҳои марзӣ дар Покистон ба ҷойи амнтар кӯчонда шуданд.
Мақомоти Покистон гуфтаанд, дар посух ба ҳамлаи Толибон чанд дидбонгоҳи марзии ин гуруҳро дар хоки Афғонистон нобуд кардаанд. Омори талафот аз ҷониби Афғонистон маълум нест.
Мақомҳои амниятии Покистон ҳамчунин ба DAWN гуфтаанд, ки ин кишвар дар амалиёти зидди Толибон аз тупхона, тонк, силоҳҳои сабук ва сангин истифода кардааст.
Аз Афғонистон чӣ хабар аст?
Вазорати дифои ҳукумати Толибон эълом кард, ки неруҳои ин гуруҳ дар посух ба ҳамлаҳои ахири Покистон ва нақзи пайвастаи ҳарими ҳавоӣ ва тамомияти арзии Афғонистон, дар наздикии хатти марзии Дюранд алайҳи неруҳои амниятии Покистон амалиёти "муваффақ" анҷом доданд.
Толибон ба Покистон ҳушдор додаанд, ки дар сурати ҳамлаи дубора ба хоки Афғонистон "посухи қотеъ" хоҳанд гирифт.
Фаъолони Толибон гузориш додаанд, ки аз вилояти ҷанубии Ҳилманд гирифта то вилоятҳои шарқии Кунар ва Нангарҳор даргириҳо миёни неруҳои Толибон ва низомиёни Покистон рух додааст.
Мақомдорони Толибон дар вилояти Кунар, Нангарҳор, Пактиё, Хуст ва Ҳилманд, ки дар наздикии марзи Покистон қарор доранд, гуфтаанд ки дар бархе минтақаҳо даргириҳо ҳанӯз идома дорад.
Як мақоми баландпояи Покистон дар аёлати Хайбар-Пахтунхоҳ ба хабаргузории Фаронса гуфт, "имшаб неруҳои Толибон ҳамларо оғоз карданд. Мо дар чор нуқтаи марзӣ нахуст аз силоҳҳои сабук ва сипас аз тупхона истифода кардем".
Гузоришҳо аз минтақаи марзӣ то кунун ба таври мустақил тасдиқ нашудаанд.
Ихтилоф миёни ду тараф пас аз он шиддат гирифт, ки ҳукумати Покистон гуфт, мақомоти Толибон ба аъзои Таҳрики Толибони Покистон (TTP) паноҳ додаанд.
Толибон ин иттиҳомро рад карда гуфтаанд аз TTP дар дохили Афғонистон ҳимоят намекунанд.
Рӯзи 9-уми октябр ду узви баландпояи Таҳрики Толибони Покистон дар пайи ҳамлаҳои бесобиқаи ҳавопаймҳои бесарнишини Покистон дар шаҳри Кобул кушта шудаанд.
Ба гуфтаи як мақоми амниятии Покистон ва як узви TTP, ҳадаф аз ин ҳамлаҳо Нурвалӣ Маҳсуд, роҳбари Таҳрики Толибони Покистон буд. Аммо то ҳол маълум нест, ки Маҳсуд дар ин ҳамлаҳо кушта шуд ё не.
Як манбаъ дар Таҳрики Толибони Покистон гуфтааст, роҳбарашон зинда аст, аммо ду узви "муҳим" - и ин гуруҳ кушта шудаанд. Вале ин манбаъ номи ду нафари кушташударо фош накардааст.
Даргириҳои ахир миёни Афғонистон ва Покистон дар рӯзҳое иттифоқ меафтад, ки Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии Толибон бо сафари панҷрӯза ба Ҳиндустон рафтааст.