Эраҷи Рӯзиқул, як ҷавони тоҷик соли гузашта яке аз литсейҳои касбии кишварро бо ихтисоси челонгари барқу газ хатм кард, аммо роҳи Русияро пеш гирифт. Зеро Эраҷ мегӯяд, бо маоши челонгарӣ дар Тоҷикистон наметавонист зиндагиашро ба таври бояду шояд бисозад, «чунки бо ин ихтисос кор мекунӣ, ҳам саломатиро аз даст медиҳӣ ва ҳам вақти худро беҳуда барои маблағи ночиз сарф мекунӣ, барои ҳамин беҳтараш Русия меравем.»
Ба гуфтаи Эраҷ, ба фарқ аз Тоҷикистон дар дигар кишварҳо, аз ҷумла Русия бо ин ихтисосаш моҳона ҳудуди 1,5 ҳазор доллар ба даст меорад. Ҳоло ин ҷавон дар Русия дар мағозае кор мекунад ва дар оянда нақша дорад, дар ин кишвар аз ихтисоси худ истифода барад.
Аммо ба сабаби камтаваҷҷӯҳии ҷавонон ба касбҳои коргарӣ, фаъолияти омӯзишгоҳҳо ва ҳунаристонҳо дар Тоҷикистон дар вазъи ногувор мондаанд.
Шоираи Ҳидоятулло, муовини директории литсейи касбӣ-металлургии шаҳри Турсунзода мегӯяд, дар соли хониши 2012-2013 бояд тибқи нақшаи Вазорати маориф муассисаи онҳо 1500 нафарро бо касбомӯзӣ фаро мегирифт, аммо то имрӯз дар ҳудуди ҳазор нафар омадаанду халос.
Ӯ афзуд, «ба курсҳои кӯтоҳмуддати семоҳа таваҷҷӯҳ бисёр аст, вале курсҳое, ки 2 сол мехонанд баъд аз синфи нуҳ барои гирифтани ҳам шаҳодатномаи касбӣ ва ҳам шаҳодатномаи синфӣ 11 ва гурӯҳҳое яксолае, ки барои омӯзиши касб ҳастанд, ба инҳо таваҷҷӯҳ кам аст. Сабаб дар ин ки бисёр хонандаҳое, ки бояд касб гиранд, аз хизмати ҳарбӣ мегурезанд. Ҳамин ки синфи 11-ро тамом карданд, ҳама роҳи Русияро пеш мегиранд, то ин ки ба хизмат нараванд.»
Аз коҳиш ёфтани таваҷҷуҳи ҷавонон ба ихтисосҳои коргарӣ ҳатто раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ахиран изҳори нигаронӣ карда афзуд, ки ҳарчанд талаботи бозори дохилӣ ва хориҷии меҳнат ба ихтисосҳои коргарӣ торафт афзоиш меёбад, аммо ҷавонон ба ин касбҳо рағбати зиёде надоранд.
Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳам барои ҳалли ин мушкил, соли 2012 барномаи вижаи рушд ва ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро барои то соли 2020 қабул кард. Чунон ки Бибиҳаво Шарофова, сардори шуъбаи ибтидоии касбии вазорати маориф мегӯяд, «муддати амалишавии ин барнома, пеш аз ҳама заминаҳои моддӣ-техникии муассисаҳои ибтидоии касбӣ, ки бо сабабҳои маъмул хеле коста ва хароб шуда буданд, барқарор мешаванд. Ва гумон мекунам бо барқарор шудани заминаҳои моддӣ-техникӣ, фаъол гардидани онҳо, муҳайё шудани заминаҳои хуби таълимӣ бо назардошти талаботи замони муосир, яъне бо техникаву технологияи замони нав таъмин гардидан, таваҷҷӯҳи довталабон низ ба ихтисосҳои коргарӣ сол то сол зиёд хоҳад шуд.»
Аммо коршиносон ҳалли ин мушкилиро танҳо дар тақвияти заминаи моддиву техникии ин муассисаҳои таълимӣ намебинанд. Ба ақидаи Туйчӣ Рашидов, коршиноси соҳаи маориф, то маоши синфи коргар дар Тоҷикистон боло бурда нашавад, ҷавонон бештар ё ба донишгоҳҳо рӯ меоранд ва ё ба Русия ҳиҷрат мекунанд.
Тӯйчӣ Рашидов мегӯяд, «чӣ даркор ба мо инқадар ҳуқуқшиносу иқтисодчӣ ва ё дипломат. Дар хориҷа ин тавр нест. Мувозинат риоя карда мешавад. Дар он ҷо вақте ки довталабро дараҷааш ба мактаби олӣ нарасад, ӯро ба омӯзишгоҳ барои касбомӯзӣ равон мекунанд. Яъне давлат ҳамаи инро ба танзим медарорад. Дар мо ин чиз дида намешавад. Музди меҳнати синфи коргар бояд зиёд карда шавад, ба онҳо имтиёзҳо дода шавад. То музди меҳнати коргарон зиёд нагардад, таваҷҷӯҳ кам шудан мегирад. Ҳоло аксарияти ҷавонон Русия рафта ҳунарро дар он ҷо меомӯзанд, назди устоҳои тоҷик.»
Зимнан, дар Тоҷикистон 58 муассисаи омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ фаъолият мекунад, ки тибқи барнома дар соли хониши 2012-2013 аз ҷониби ин муассисаҳо мебоист 14 ҳазору 200 нафар хонанда қабул карда мешуд, аммо ин нишондод ба 10 ҳазору 150 нафар баробар гардид, ки беш аз 4 ҳазор нафар камтар аст.
Ҳамчунин аз 96 ихтисоси мавҷуда дар ин соҳа, танҳо ба 34 касбу ҳунар таваҷҷӯҳ бештар аст, ки дар ин миён омӯзиши технологияи информатсионӣ, челонгари газу барқ, ронанда ва сохтмончӣ маҳбубият доранд. Аммо таваҷҷӯҳ ба кранҷӣ, барқчӣ ва дигар кам будааст.