Вакиле, ки гуфта буд, духтарони тоҷик набояд ҳамсари хориҷиён шаванд ва санҷиши бакорати душизагон як таҳқир аст ва аммо муҳимтарин пешниҳодаш манъи издивоҷи хешу табор буд, дар интихоботи навбатӣ ширкат нахоҳад кард. Сабаби ин тасмим рӯшан неаст, аммо дар сӯҳбате бо Радиои Озодӣ рӯзи 16-уми феврал Саодат Амиршоева гуфт, "бояд навбатро ба ҷавонон дод ва бигзор бубинем, порлумонеро, ки матбуот танқид мекард, шояд соҳиби вакилони тавонотаре шавад ва корро беҳтар аз гузаштаҳо ба роҳ монад."
Ягона генерали тоҷик аз байни занон, хонуми Амиршоева, афзуд, ҳайати гузаштаи порлумон як ҳайати касбӣ буд ва "дар он 17 ҳуқуқшиносе кор карданд, ки на танҳо дар худи порлумон, балки дар тамоми кишвар ҳамчун ҳуқуқдонҳои соҳибтаҷриба обрӯ доранд. Як қисми онҳо номзадҳои илм буданд ва қисми дигар пас аз солҳои зиёди таҷрибаи амалӣ дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қонун вориди маҷлис шудаанд.»
Худи Саодат Амиршоева пас аз чандин соли кор дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қонун ва 16 соли сарварӣ ба идораи адлияи вилояти Хатлон вакили порлумон шуд. Вай узви ҳизби ҳоким набуд, аммо бо ҳимояти ин ҳизб дар як интихоботи миёндавраӣ, дар моҳи августи соли 2008, вақте ки аз оғози кори даъвати сеюми Маҷлиси намояндагон аллакай ду сол гузашта буд, вакил интихоб гашт. Сипас дар интихоботи соли 2010 ҳамчун узви ҲХДТ ширкат кард ва бо пирӯзӣ бар рақибаш аз ҲНИТ дубора ба курсии палатаи поёнии порлумон нишаст.
Дар охирин рӯзҳои кораш дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз Саодат Амиршоева пурсидем, оё дар давраи вакилияш дар Маҷлиси намояндагон боре ҳам зидди ягон пешниҳоди ҳукумат раъй додааст?
Саодат Амиршоева: «Буд чунин ҳолатҳо. Чаро не? Бисёр чизҳое буд, ки мо тавонистем, дар ҷаласаҳои саркумитаҳо онҳоро баргардонем. Лекин ҳамеша кӯшиш мекардем, ҳамон қонунҳоеро, ки ба манфиати давлат ва халқ аст, фарқаш нест, ки ҳукумат пешниҳод кардааст ё вакиле ташаббус кардааст, қабул кунем. Дар ин байн ҳолатҳое буданд, ки зидди ҳукумат ҳам мебаромадем ва ба тарҳи онҳо дигар хел тағйирот медаровардем. Мардум бисёр сода нигоҳ мекунанд. Гӯё ҳукумат ҳар чизе ки пешниҳод мекард, мо қабул мекардем. Аммо ҳолатҳое буд, ки қабул ҳам кунем, зидди ҳукумат мебаромадем.»
Озодӣ: Масалан, Шумо дар ҳайате будед, ки барои роҳи пулакӣ ва додани ихтиёри он ба як ширкати номаълум овоз дод. Чаро?
Саодат Амиршоева: «Ин пеш аз вуруди ман ба порлумон, дар даъвати сеюм қабул шуда буд. Вале мо борҳо ин масъаларо бардошта будем, ки дар кишвари мо роҳи алтернативӣ нест ва бояд ба мардум сабукӣ дода шавад. Аммо бино бар сабабе ки мебоист, роҳҳо сохта ва нав карда шаванд ва тунелҳо нигаҳдорӣ шаванд, мегуфтанд ва мегуфтанд, ки буҷаи давлат пули кофӣ надорад барои ин, қабул кардем. Хайр сабабҳои объективию субъективияш зиёд аст дар ин масъала."
Озодӣ: Бештар субъективӣ, не?
Саодат Амиршоева: «Хайр, чӣ бигӯям ба Шумо?»
Озодӣ: Шумо узви Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, дифоъ ва амният будед. Ягон бор дар он масъалаи маҷрӯҳ шудани ҷавонон ҳангоми «облава» ё аскаргири маҷбурӣ ё ҳангоми хизмати ҳарбӣ баррасӣ шудааст?
Саодат Амиршоева: «Мо борҳо ин масъалаҳоро гузоштагӣ ҳастем вҳа ҳамчунин ҳангоми вохӯрӣ бо интихобкунандагонамон кӯшиш кардаем, ки мардум ҳаққу ҳуқуқи худро шиносад ва аз қонун бохабар бошад. Дар қонун «облава» гуфтагӣ чиз нест. Мо бояд ҷавононро тавре тарбия кунем, ки аз хидмати ҳарбӣ нагурезанд. Мавсим, ки сар шуд, онҳо ба Русия мегурезанд, пинҳон мешаванд, ки ба хидмати артиши миллӣ нараванд.
Озодӣ: Охир дар артиш онҳо латукӯбу захмӣ мешаванд, худро маъюб мекунанд ё ҳамхидматони калонсолтар онҳоро маъюб мекунанд. Ин мавзӯъҳо то порлумон мерасид?
Саодат Амиршоева: «Бале, чаро не. Аммо ин ҳолатҳо бештар мавриди таҳқиқи ҷиноӣ мешаванд ва дар он ҳолат порлумон ҳаққи муҳокимаи онҳоро надорад. То муҳокимаи судӣ ҳеч касро намешавад, гунаҳкор донист.»
Озодӣ: Аммо боре ҳам вазири дифоъ ё сарфармондеҳи нерӯҳои сарҳадӣ барои додани ҳисобот ба порлумон даъват шудаанд?
Саодат Амиршоева: «Не, мо ин ҳақро надорем. Мо онҳоро муҳокима карда наметавонем. Гуфтам ку назорати иҷрои якхелаи тамоми қонунҳо дар қаламрави Тоҷикистон вазифаи додситонии кулли Тоҷикистон аст.
Озодӣ: Яъне порлумон наметавонад, ки иҷрои қонунҳои қабулкардаи худро назорат кунад?
Саодат Амиршоева: «Не, наметавонад, зеро қонун барояш чунин салоҳиятро надодааст. Мо се шохаи қудрат дорем, ки яке порлумон ҳамчун шохаи қонунгузор аст ва ҳукумати иҷроия ва сипас суд, яъне додгоҳ. Ин се шоха бояд дар ҳамкорӣ бошанд. Дар баъзе кишварҳо порлумонҳо ин ҳақро доранд, ки иҷрои қонунҳои қабулкардаи худро назорат кунанд. Дар мо чунин нест, аммо шояд хуб мешуд, агар чунин мебуд.»
Озодӣ: Пешниҳоди Шумо барои манъи издивоҷи хешу табор нагузашт, чаро?
Саодат Амиршоева: "Аниқ намедонам, чаро, вале ҳукумат зидди он баромад. Аммо ба шарофати пешниҳоди ман ва сару садои атрофи он ҳоло, бовар дорам, зиёда аз 80 дарсади ҷавонон медонанд, ки издивоҷ бо хешу табор сабаби таваллуди кӯдакони ноқис мешавад. Ин бештар дар байни пулдорон муд шудааст, ки бо ин роҳ мехоҳанд, дороияшон ба хешу наздиконашон насиб кунад, вале ба генофонди миллат зарба мезананд."
Озодӣ: Дар муддати ваколати худ чанд дархосту талаби интихобкунандагонро иҷро кардед?
Саодат Амиршоева: "Росташ, шумораашон дар хотирам намондааст. Якеаш ин буд, ки сохтмони Маркази ҷавонон дар шаҳри Қӯрғонтеппа нотамом монда буд. Ин масъаларо бо ҳукумат ҳал кардем. Дар Сарбанд пуле ҳаст, ки онро "чёрний мост ё "чертов мост" мегӯянд, бояд таъмир мешуд, ки мошинҳои калони боркаш ба шаҳр надаромада, аз роҳи наздиктар гузаранд ва муҳити шаҳрро ҳам вайрон накунанд. Инро "наказ" доданд, иҷро кардам. Мактаби, ба фикрам, рақами 12 буд, сохтмонаш мондагӣ буд. Онро ба буҷа дохил кардам. Зиёданд ин корҳо, аммо ҳоло ҳаминҳо ба ёдам омад."
Озодӣ: Шумо як инсони пуркор ва фаъол, акнун машғули чӣ мешавед?
Саодат Амиршоева: "Ман медонам, ки хонашин шуданам ба маънои интизори марг нишастан хоҳад буд. Ман хонашин намешавам. Бекор ҳам намемонам. Метавонам судя шавам ё дар донишгоҳе дарс диҳам ва ё вакили дифоъ шавам."
Озодӣ: Пас ягон нақшаи муайян доред?
Саодат Амиршоева: "Не, ҳоло ягон нақшаи муайян надорам, зинда бошем, мебинем.!
Озодӣ: Аз таҷрибаи худ ба ҷойгоҳи занон дар ҳукумати Тоҷикистон чӣ баҳо медиҳед?
Саодат Амиршоева: Ростӣ, баъзе занонро дар вазифаҳои баланди давлатӣ дида, ба ғазаб омадаам, ки ин хел занонро аз куҷо меёбанду ба чунин вазифаҳо мегузоранд, вале занони арзандае ҳастанд, ки ба онҳо эътибор дода намешавад. Ҳол он ки сардори давлат ҳамаи шароитро фароҳам овардааст, ки занони лаёқатманд дар умури давлатӣ ширкат кунанд, аммо ҳукумат ё шахсони муайян ба онҳо имконият намедиҳанд."