Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 13-уми феврал дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои русаш Сергей Лавров амалиёти мақомоти интизомии Русияро ба зидди муҳоҷирони тоҷик низ танқид кард.
"Амалиёт ба зидди муҳоҷирон гоҳо бо шеваҳои сахте сурат мегиранд. Мо чорабиниҳои мақомоти Русияро барои ба чаҳорчӯбаи қонунӣ ворид кардани муҳоҷират зери суол намебарем, вале ин чорабиниҳо набояд сабаби изтироб дар ҷомеа ва фазои иттилоотӣ бишаванд," – гуфт Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав.
Бадрафторӣ бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия бахусус баъд аз ҳамлаи маргбор ба толори консертии "Крокус" дар моҳи март бисёр зиёд шуд. Баъди ҳамин ҳодиса аз Русия бештар аз 17 ҳазор муҳоҷири тоҷикро ихроҷ карданд.
Матбуоти Русия ва гоҳе сиёсатмадорони он муҳоҷирони корӣ ва аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро сабаби тамоми бадбахтиҳои кишварашон меноманд.
Бино ба омори расмӣ, танҳо дар нимаи соли 2024 аз Тоҷикистон тақрибан 393 ҳазор нафар барои кор ба хориҷ ва аксаран ба Русия рафтаанд.