Басбӣ Ҳалимбеки 27-сола аз Тоҷикистон ва шавҳару як фарзанди бемораш дар шаҳри Остонаи Қазоқистон бе сарпаноҳ ва бе кору даромад монда, дастикам даҳ рӯз (аз 8 то 18-уми феврал)-ро дар масҷиду биноҳои нимсохта ва истгоҳҳо гузарондаанд. Ҳоло дар манзили иҷораи яке аз шиносҳо ҳастанд, вале он ҷойро низ бояд ҳарчи зуд холӣ кунанд.
"Мегӯяд, якуми март хонаро супорида, ба шаҳри дигари Қазоқистон меравад. Барои ҳамин огоҳ кард, ки ҷоятонро ёбед. Одаме, ки дар ғарибӣ аст, мефаҳмад. Ҷойи хоб надорем, хӯрок надорем. Аллоҳ худаш медонад, ки мо дар ин ҷо чӣ рӯзи сахте дорем," – гуфт ӯ дар суҳбат бо "Мигрант Медиа"-и Радиои Озодӣ.
Ба нақли ин зан, вай дар соли 2018 шавҳар карда, як фарзанди бемор дорад ва дар рӯзҳои бесарпаноҳӣ (аз 8 то 18-уми феврал) ҳолаш бадтар шудааст.
"Ба беморхона бурдем. Дида, гуфтанд, ки мехобонем. Пул надорем. Даҳ рӯз дар берун будем, касал шуд. Дилаш шикоф аст, таб карданаш мумкин нест. Зуком шуд, нафаскашиаш душвор," – нақл кард Басбӣ ҳалимбек.
Видео дар Инстаграм:
Шавҳари ин зан нахост, бо "Мигрант Медиа" суҳбат кунад. Ва ҳамчунин нахост ному насабаш зикр шавад.
Басбӣ Ҳалимбек афзуд, вай ва шавҳараш бо даъвати муҳоҷирони дигари тоҷикистонӣ барои кор ба Остона рафта буданд. Аз сабаби камии маош бештар вақт дар сохтмонҳое мезистанд, ки шавҳараш онҷо кор мекард. Ҳоло пойи шавҳараш лат хӯрда, ғайри қобили меҳнат шудааст.
Ин хонавода мехоҳад, ба Тоҷикистон баргардад. Басбӣ Ҳалимбек мегӯяд, "дар Тоҷикистон ҳам хонаву дар надорем. Танҳо модарам дар онҷост. Дилам пур аст, ки дар хонаи модарам меистам."
Аммо Басбӣ Ҳалимбек ва шавҳараш намедонанд, барои дарёфти кумак ба кӣ муроҷиат кунад ва чӣ гуна ба Тоҷикистон баргарданд.
Қазоқистон пас аз Русия дувумин кишварест, ки теъдоди зиёди муҳоҷирони кориро аз Тоҷикистон мепазирад. Тоҷикистониҳо дар Қазоқистон асосан таксиронӣ ва дар бозору сохтмонҳо кор мекунанд.
Теъдоди дақиқи муҳоҷирон дар он кишвар маълум нест. Пештар Радиои Озодӣ навишт, ки ҳудуди 10,5 ҳазор тоҷикистонӣ дар он кишвар кор мекунанд.
Видео дар Фейсбук: