Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масирҳои нав. Чаро Русия макони аслии кору зиндагии тоҷикон боқӣ мондааст?


Маскав, 16-уми феврали 2025
Маскав, 16-уми феврали 2025

Мақомоти Тоҷикистон дар соли 2024 бо 15 кишвар дар мавриди кор зиёда аз чиҳил ҳуҷҷат имзо карданд, то роҳҳои муҳоҷиратро бештар кунанд, аммо Русия ҳамчунон кишвари аслӣ барои кору зиндагии тоҷикон боқӣ мондааст. Барои дастёбӣ ба ин ҳадаф чӣ намерасад?

Вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 11-уми феврал гуфт, ки яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумат “фароҳам кардани имкониятҳои нав барои муҳоҷирон ва густариш додани ҳамкорӣ дар ин арса мебошад”. Барои ҳамин, ба гуфтаи Солеҳа Холмаҳмадзода, вазорат дар соли 2024 бо Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистрн, Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Қатар, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Чин, Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ даҳҳо санад имзо кард.

Солеҳа Холмаҳмадзода
Солеҳа Холмаҳмадзода

Нерӯи корӣ як манбаи муҳими даромад дар Тоҷикистон аст. Дар пасманзари сиёсатҳои сахтгиронаи Русия дар Душанбе ба дунболи пайдо кардани масирҳои нави муҳоҷиратанд. Аммо, бо вуҷуди фишори нерӯҳои қудратӣ, қонунгузориҳои сахтгирона ва ихроҷи густурда, Русия ҳамоно кишвари мизбони бештари муҳоҷирони Тоҷикистон мемонад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, бартараф кардани монеаи забонӣ, омода кардани мутахассисони мавриди ниёз ва эҷоди чорчӯби ҳуқуқӣ вақти зиёде хоҳад гирифт, то Тоҷикистон битавонад самтҳои муҳоҷиратро гуногун кунад.

Раванди суст?

Ҷумъаназар Ниёзов, пажуҳишгари умури муҳоҷират, таъкид мекунад, ки бо вуҷуди имзо кардани қарордодҳо бо чанд кишвар беҳбудсозии зерсохтор ва роҳандозии барномаҳои нави омӯзишӣ ҳамоно заиф аст.

“Ба далели авлавият доштани ҳамкорӣ бо Русия дар ин ҳавза, ҷараёни муҳоҷиратӣ ҳамчунон дар баробари таҳдидҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ осебпазиранд. Барои воқеан гуногунӣ бахшидан талошҳои дипломатии фаъолтар, ислоҳот дар ҳавзаи омӯзиш ва як стратегияи муҳоҷиратӣ зарур аст”, -- мегӯяд Ниёзов.

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ гуфт, дар соли 2024 бештар аз сӣ ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ронда шуданд. Ғайр аз ин, дар соли 2024 дар даҳҳо минтақаи Русия кори муҳоҷиронро дар чандин бахши муҳим манъ карданд.

Тибқи иттилои Бонки ҷаҳонӣ, пули фиристодаи муҳоҷирон ба Тоҷикистон дар соли 2022 то 5,3 миллиард доллар ва дар соли 2023 то 5,7 миллиард расид. Бонки осиёии рушд ва Бонки ҷаҳонӣ пешгӯӣ доштанд, ки пулҳои интиқолӣ дар соли 2024 камтар хоҳанд шуд. Ин рақам ҳанӯз эълон нашудааст.

Кумаки шарикон

Раҳмон Улмасов
Раҳмон Улмасов

Раҳмон Улмасов, коршиноси умури муҳоҷират, қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки омодасозии мутахассисони фанновариҳои нав дар Тоҷикистон натиҷа медиҳад, аммо лозим аст воҳидҳои нав эҷод шаванд, то тавони бештаре барои омӯзиш додани мутахассисҳо дошта бошанд.

Моҳи сентябри соли 2023 бо қарори ҳукумат Кумитаи таҳсилоти касбии ибтидоӣ ва миёна таъсис шуд. Фарҳод Раҳимӣ, раиси кумита, дар моҳи январи соли 2025 дар мусоҳибае гуфт, онҳо иқдомҳои низоммандро барои навсозии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ-техникӣ анҷом медиҳанд ва бар асоси ниёзҳои бозори кори дохилӣ ва байнулмилалӣ пеш мераванд. Бо ин ҳол, мушкилоте ба монанди сатҳи поини таъмини кор барои хатмкунандагон ва камбуди маводи омӯзишӣ мондаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои танаввуъбахшии муҳоҷират аз ёрии шарикон ҳам кор мегирад. Аз ҷумла, Созмони байнулмилалии муҳоҷират аз назари фаннӣ аз давлати Тоҷикистон дар тадвини созукорҳои иҷроии тавофуқномаҳои имзошуда ва тақвияти зарфияти ширкатҳо пайдо кардани кор дар хориҷ кумак мекунад. Илова бар ин, барои мутахассисҳое, ки дар заминаи музокира ва иҷро кардани ин тавофуқномаҳо фаъолият хоҳанд дошт, давраҳои омӯзишӣ баргузор мекунад.

Чӣ намерасад?

Ба гуфтаи Ҷумъаназар Ниёзов мақомоти Тоҷикистон бояд дар самтҳои зерин кори худро тақвият бахшанд:

  • “Густариши робитаҳои байнулмилалӣ аз тариқи тавофуқномаҳои дутарафа дар заминаи муҳоҷират, аз ҷумла бо кишварҳои аврупоӣ, ки тақозои баланде барои кор доранд.
  • Авлавият додан барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ (англисӣ, олмонӣ, куриёӣ, арабӣ) ва барномаҳои омӯзишӣ дар ҳирфаҳои пуртақозо (сохтмон, фанновариҳои иттилоотӣ (IT), пизишкӣ, муроқибат аз солмандон). Роҳандозии марказҳои вижаи муҳоҷиратӣ барои ин ҳадафҳо.
  • Бастани қарордодҳо барои ба расмият шинохтани шаҳодатномаҳои таҳсилӣ ва содасозии равандҳои тасдиқи ҳуҷҷати таҳсил барои пайдо кардани кор дар хориҷа.
  • Тақвияти фаъолиятҳои дипломатӣ бо ҳадафи беҳбуди шароити кор, мубориза бо табъиз ва пешбурди барномаҳои созгории иҷтимоӣ барои муҳоҷирони бозгашта.”

Дар Тоҷикисон 65 литсейи касбӣ-техникӣ кор мекунанд, ки дар онҳо 20 ҳазор донишомӯз фаро гирифта шудаанд. Ғайр аз ин, 88 Омӯзишгоҳи хусусӣ ва давлатӣ бо фарогирии 90 ҳазор донишомӯз фаъолият мекунанд.

Дар литсейҳо аз рӯи чордаҳ соҳа ва 135 ихтисос ва дар коллеҷҳо – даҳ соҳа ва 209 ихтисос омӯзиш мебинанд. Тибқи иттилои расмӣ дар соли 2024 дузвоздаҳ ҳазор кас аз рӯи 50 ихтисос омӯзиш дидааст.

XS
SM
MD
LG