Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои III дар миёни кишварҳои ИДМ 19 медал гирифтаанд


Варзишгарони тоҷик
Варзишгарони тоҷик

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил), ки дар Озарбойҷон ҷараён доранд, то ҳоло 19 медал (1 тило, 4 нуқра ва 14 биринҷӣ) ба даст овардаанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ 142 варзишгар дохиланд, ки дар 18 намуд ширкат меварзанд.

Ягона медали тилоро Беҳрӯз Умаров дар риштаи бокс соҳиб шудааст. Вай дар вазни то 50 кило дар финал бар Азизбек Шокирҷонов аз Узбекистон пирӯз гардид.

Чаҳор медали нуқраи Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо Юсуф Замонов дар риштаи ҷудо дар вазни то 50 кило, Аъзамҷон Ҳасанов (48 кг) ва Акбарҷон Абдуллоев (57 кг), ҳарду дар риштаи бокс, инчунин Муҳаммадӣ Раҷабов дар қаиқронӣ дар каноэ ба масофаи 500 метр гирифтаанд.

14 медали биринҷӣ ба варзишгарони ҷавони тоҷик - Абдуҷаъфари Баҳодур (-54 кг) ва Нурулло Муродов (-74 кг), ҳарду дар намуди таеквондо WT, Назаралӣ Холов (-64 кг) ва Ёсин Ҳукуматов (-71 кг), ҳарду дар риштаи самбо, Идрис Баҳромов (-71 кг) ва Алиризо Баҳромов (-80 кг), ҳарду дар гуштии озод, Дамир Назаров (-46 кг), Умарҷон Асроров (-66 кг), Амир Нозимов (-75 кг) ва Фурӯғ Сарҳадзода (-60 кг, миёни духтарон), ҳарчор дар риштаи бокс, Абубакр Худоиев (-55 кг) ва Лоиқ Қутбиддинов (-60 кг), ҳарду дар риштаи ҷудо, Муҳаммадӣ Раҷабов дар қаиқронӣ дар каноэ ба масофаи 200 метр, инчунин Ислом Носиров/Далер Носиров дар каноэи дукаса ба масофаи 200 метр - марбут аст.

Ба иттилои сомонаи расмии Бозиҳои III кишварҳои ИДМ, дар ҳисоби медалҳо Русия бо касби 212 медал (116 тило, 58 нуқра ва 38 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст.

Беларус бо касби 114 медал (32 тило, 31 нуқра ва 51 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва Озарбойҷон бо касби 166 медал (29 тило, 48 нуқра ва 89 биринҷӣ) ва дар ҷойи сеюм қарор доранд.

Инчунин Узбекистон бо касби 108 медал (22 тило, 31 нуқра ва 55 биринҷӣ) дар ҷойи чаҳорум, Қазоқистон бо касби 78 медал (9 тило, 24 нуқра ва 45 биринҷӣ) дар ҷойи панҷум, Қирғизистон бо касби 21 медал (1 тило, 14 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҷойи шашум, Тоҷикистон бо касби 19 медал (1 тило, 4 нуқра ва 14 биринҷӣ) дар ҷойи ҳафтум мебошанд.

Покистон, Туркия ва Туркманистон бо яктоӣ медали биринҷӣ ҷойи ҳаштумро азони худ кардаанд. Варзишгарони се кишвар - Куба, Кувайт ва Умон - то ҳоло медал нагирифтаанд.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо, ки дар 12 иншооти варзишӣ дар ҳафт шаҳри Озарбойҷон баргузор шудааст, варзишгарон барои 246 маҷмӯи медалҳо дар 23 намуд то рӯзи 8-уми октябр рақобат хоҳанд кард.

Дар Бозиҳои сеюм ба ҷуз аз варзишгарони ҳашт кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин намояндагони Куба, Кувайт, Покистон, Туркия ва Умон ширкат доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG