Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Ҷоми Осиё-2025 миёни наврасон ва ҷавонон беш аз 830 варзишгар аз 10 кишвар ширкат варзиданд.
Дар ин мусобиқоти байналмилалӣ, ки бори 30-юм ба хотираи Учқун Муродов, паҳлавони номдори узбек, доир гардид, варзишгарон мувофиқи синну солашон дар ду гурӯҳ рақобат карданд.
Дар мусобиқот миёни наврасон (кадетҳо) 514 варзишгар (345 писар ва 169 духтар), дар байни ҷавонон 321 нафар (222 писар ва 99 духтар) иштирок доштанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон 52 нафар (49 писар ва 3 духтар), ба ҳайати тими ҷавонони кишвар 48 нафар (46 писар ва 2 духтар) шомил буданд.
Дар мусобиқаи наврасон Мадина Қурбонзода дар вазни 52 кило миёни духтарон барандаи медали тилло гардид. Вай, инчунин дар мусобиқа байни ҷавонон медали нуқра гирифт.
Виктория Киселёва дар байни ҷавонон дар вазни +78 кило бо медали тилло сарфароз гашт. Ин аввалин нишони тилло дар таърихи ҷудои Тоҷикистон аз Ҷоми Осиё миёни духтарон мебошад.
Бобоҷон Шаропов дар мусобиқаи наврасон дар вазни 73 кило бо медали нуқра сарфароз гашт.
Бинёмин Назиров дар мусобиқа миёни ҷавонон дар вазни 73 кило ва Абубакр Худоиев дар байни наврасон дар вазни 55 кило бо нишонҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Чунонки olamsport.com хабар додааст, мизбонон – варзишгарони Узбекистон - дар мусобиқоти наврасон ва ҷавонон 70 медал гирифтанд.
Дастаи мунтахаби Узбекистон дар мусобиқаи наврасон бо касби 38 медал (10 тилло, 10 нуқра ва 18 биринҷӣ) ва дар мусобиқаи ҷавонон бо касби 32 медал (9 тилло, 9 нуқра ва 14 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро соҳиб шуд.