Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили тоҷиктабори Русия баъди чор рӯз аз мақомаш рафт


Баҳромҷон Ҳасанов дар Тоҷикистон бузург шудааст
Баҳромҷон Ҳасанов дар Тоҷикистон бузург шудааст

Дар Русия як шаҳрванди тоҷиктабори онро вакили мардумӣ интихоб карда ва баъди чор рӯз зоҳиран маҷбур кардаанд, ки аз мақоми вакилиаш даст кашад.

Баҳромҷон Ҳасанов, ки дар Узбекистон таваллуд шудаву дар Тоҷикистон бузург шудааст, дар интихоботи маҳаллӣ дар ҳавзаи Пушкино, дар вилояти Маскав пирӯзӣ ба даст овард. Ӯ номзади ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” буд. Маълум нест, ки чаро Баҳромҷон Ҳасанов баъди чор рӯз аз мақомаш даст кашид, вале дар маҷлиси вакилон гуфтанд, ки ӯ ба сабаби беморӣ ариза додааст.

Дар ин нишасти маҷлиси шаҳрӣ, ки сокиту ором мегузарад, раис аз ҳозирон мепурсад, ки оё тарафдори он ҳастанд, ки ваколатҳои Баҳромҷон Ҳасанов қатъ карда шавад ва аксарият даст мебардоранд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарони зиёди рус гуфтаанд, ки кори хубе шуд, ки ӯро аз маҷлиси шаҳри Пушкино ронданд. Яке аз корбарон дар ин миён гуфтааст, акнун бояд айни корро бо онҳое кунанд, ки дар мағозаҳои Русия кор мекунанд.

Худи вакили акнун собиқ, ки ба навиштаи расонаҳои русӣ ба неруҳои Русия, ки дар Украина меҷанганд, кумаки бисёр фиристодааст, сабаби даст кашидан аз ваколатҳояшро шарҳ надодааст.

Дар Русия баъди ҳамлаи маргбор ба толори консертии "Крокус" муҳоҷирситезӣ ва бахусус бадрафторӣ бо муҳоҷирони тоҷик зиёд шуд.

XS
SM
MD
LG