Дар се соли раҳбарии Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон чӣ тағйир кард, мардум чӣ беҳбудиро интизоранд ва оё президенти пешинро низ ба ёд меоранд? Гузориши тасвирии хабарнигори Радиои Озодӣ аз Узбекистон.
Президенти худкома ва пешини Узбекистон Ислом Каримов, ки 27 сол бе танаффус ҷилави қудратро дар даст дошт, моҳи сентябри соли 2016 даргузашт. Вай 78-сола буд. Баъд аз марги ӯ нахуствазир Шавкат Мирзиёев аввал ба ҳайси иҷрокунанда ва сипас баъди пирӯзӣ дар интихоботи моҳи декабри соли 2016 ба ҳайси президент ба кор оғоз кард.
Тағйирот дар ин кишвар аз омадани сармоягузорон, ҷалби сайёҳон, манъи визаи хуруҷӣ барои шаҳрвандони Узбекистон ва афви 40 ҳазор нафар сар шуд. Бархе аз соҳибназарони Осиёи Марказӣ аз обшавии яхи сиёсӣ дар Узбекистон суҳбат мекунанд. Бахше дигар аз коршиносон мегӯянд, ки дар ин кишвар низоми авторитарӣ ҳифз шудааст ва солҳои наздик тағйири мусбатро интизор шудан нашояд.
ТОШКАНД: НАРХ ГАРОН ШУД, АММО КОР ҲАМ ПАЙДО ШУД
Қатори Алмато – Тошканд баъд аз се соати таваққуф дар марз ба қаламрави Узбекистон ворид шуд. "Лутфан, шиносномаатонро нишон диҳед", -- гуфт як сарҳадбони узбек. Вай ба ману акс ва виза нигарист ва зоҳиран баъди он ки итминон ҳосил кард, хатое нест, дар шиноснома муҳр гузошт. Боз як марзбони дигар омад ва пурсид, ки дар борхалта чӣ дорам ва бояд онро кушоям. Пурсид, ки доруҳои мамнуъ ва психотропӣ дорам ё не.
Дар истгоҳи роҳи оҳани Тошканд мусофиронро гуруҳи бузурги ронандаҳои таксӣ пешвоз мегиранд. Сокинони маҳаллӣ маслиҳат медиҳанд, ки аз хидмати онҳо истифода накунед ва, беҳтар аст, ба ҷойи он аз ширкати Яндекс-такси фармоиш диҳед. Ба гуфтаи онҳо, ҳам арзон аст ва ҳам бехатар. Ман ҳам чунин кардам. Пас аз чанд дақиқа мошини сафеди Chevrolet омад ва мо ба тарафи меҳмонхона рафтем. Ронанда Маҳмуд нақл кард, ки дар се соли ахир чӣ гуна миёни соҳибони таксӣ рақобат бештар шудааст.
"Бале, бисёр чиз тағйир кард, барои мисол, соли гузашта дар Узбекистон Яндекс-такси пайдо шуд. Дар саросари шаҳр сохтмонҳои бузург идома дорад. Хонаву марказҳои савдо месозанд. Аммо нархи баъзе маҳсулот афзуд. Қимати бензин хеле гарон шуд. Бинобар ин, бисёре аз мошинҳо бо газ ҳаракат мекунанд. Ин навъи сӯзишворӣ андаке арзон аст," -- нақл кард Маҳмуд.
Ронандаи таксӣ гуфт, дар се соли ахир кор ҳам пайдо шуд. Бахусус дар фасли тобистон ба инҷо сайёҳон бисёр меоянд.
"Дар замони ҳукумати Ислом Каримов ҳам сайёҳон буданд, аммо пас аз марги ӯ бештар шуданд. Ҳоло мавсим ба поён расидааст, тақрибан касе намондааст. Ҳоли ҳозир чиниҳо бисёр пайдо шудаанд ва дар як рӯз то панҷ дафъа таксӣ фармоиш медиҳанд. Мегӯянд, ба ин ҷо барои кор омадаанд. Ман аллакай саломуалекро бо шеваи онҳо ёд гирифтам," -- идома дод Маҳмуд.
ИМКОНИЯТҲО БАРОИ ТИҶОРАТ
Дар маркази шаҳри Тошканд, каме дуртар аз қароргоҳи президент Шавкат Мирзиёев, бо тоҷири ҷавон Дилмурод Рихсибоев (бо хоҳиши ӯ ному насабаш тағйир дода шудааст) вохӯрдем. Қароргоҳро аз чаҳор тараф бо деворҳои баланд пӯшондаанд. Дар наздикии он садд гузоштаанд ва маъмури милиса посбонӣ мекунад. Мирзиёев соли 2017 ба инҷо кӯчид. Сокинон мегӯянд, президенти ҳозира аз ҷойҳое, ки Ислом Каримов дар вақташ кору зиндагӣ кардааст, кӯшиш мекунад, дуртар бошад.
Дилмуроди 25-сола якҷо бо дӯстонаш нияти кушодани хадамоти дастрас кардани қаҳваро доранд. Вай мегӯяд, "дар солҳои ахир имкониятҳо барои тиҷорат ба таври чашмрас афзудааст. Қаҳва дар Узбекистон кам-кам мӯд мешавад ва бозор ҳанӯз холист. Мо дар ин бора фикр кардем ва нақшаи кор тартиб додем. Ин кори сердаромад аст."
Дилмурод нақл кард, ки "имконияти озодона ба хориҷ рафтан ҳам пайдо шудааст. Сокинон барои ба берун рафтан визаи хуруҷӣ намегиранд ва онҳое, ки аз хориҷ ба Узбекистон меоянд, бозпурсӣ намешаванд."
Бисёре аз мошинҳо дар кӯчаҳои Узбекистон тамғаи Chevrolet аст, ки дар худи ин кишвар истеҳсол мешавад. Барои ворид кардани мошин аз хориҷа боҷи гарони гумрукӣ таъйин кардаанд. Ё бояд аз хадамоти нақлиёти ҷамъиятӣ истифода кунӣ ва ё ончиро, ки бозори маҳаллӣ пешниҳод мекунад, бихарӣ.
Дилмурод гуфт, ҳамаи мошинҳо дар Узбекистон тақрибан якхелаанд. Мошини ӯ ҳам тамғаи Chevrolet аст. На ҳар кас ба худ иҷоза медиҳад, ки мошини хориҷӣ бигирад.
Метрои Тошканд яке аз ифтихорҳои сокинони пойтахти Узбекистон аст. Истгоҳҳои муҷаллалу боҳашамат, рангубори зебо ва аммо айни замон вагонҳои куҳнаи боқимонда аз Шӯравӣ. Мегӯянд, онҳоро ба тадриҷ иваз мекунанд. Соли 2018 ба аксбардорӣ дар метро иҷозат доданд.
Дар нигоҳи аввал фикр мекунед дар хатти метро чӣ ҳодисае рӯй додааст. Дар ҳар истгоҳ маъмурони милиса посбонӣ мекунанд ва дар ҳар ҷо бо забонҳои русиву узбекӣ навиштаанд, ки «ҳушёрӣ талаби замон аст». Сокинони маҳаллӣ ба ин манзара одат кардаанд. Онҳо мегӯянд, баръакс зери дурбинҳои назоратӣ ва маъмурони милиса худро амн эҳсос мекунанд.
Мо бо Дилмурод дар кӯчаи Сайилгоҳи Тошканд қадам мезанем, ҷое, ки тасвиру туҳфаҳои хотиравӣ мефурӯшанд ва шомгоҳон гуруҳи одамон мусиқӣ менавозанд.
"Чанд сол пеш мусиқинавозонро аз ин ҷо ронда буданд, бо баҳонаи он ки боис ба афзоиши ҷинояткорӣ ва бетартибӣ дар маркази шаҳр мешавад," -- нақл кард Дилмурод ва афзуд, "соли 2017 дубора ба ин кор иҷозат доданд. Бубинед, чӣ хел хуб шудааст."
Дилмурод мегӯяд, тағйирот асосан дар Тошканд шудааст ва дар минтақаҳо ҳанӯз мардум ба таври пешин зиндагӣ мекунанд. "Ман баъзан барои дидани пайвандон ва ё коре ба ноҳияҳо меравам. Мардум пул надоранд. Ҳамеша мушкили барқу газ ҳаст. Аммо ҳоло дар он ҷо низ шароитро беҳтар мекунанд. Барои мисол, дар ҷойи хонаҳои куҳна биноҳои нав месозанд. Одамон дар минтақаҳо асосан аз ҳисоби кишоварзӣ ва чорводорӣ зиндагӣ мекунанд. Айни замон кишоварзоне ҳастанд, ки беҳтар аз шаҳриҳо зиндагӣ доранд. Касе пул дорад, кӯшиш мекунад дар Тошканд хона харад, вале ба кораш дар деҳа идома диҳад. Пештар ба ҳар кас даст намедод, ки дар пойтахт, наздик ба президент, худро сабтином кунад. Ҳоло иҷозат додаанд, ки дар биноҳои нав хона бихаред ва сабтином кунед.
САМАРҚАНД: МАРКАЗИ САЙЁҲӢ ВА МАҚБАРАИ КАРИМОВ
Қатори «Афросиёб» сесад километр роҳи байни Тошканду Самарқандро дар ду соат паймуд.
Самарқанд яке аз марказҳои саёҳатии Узбекистон аст. Баъди он ки соли 2016 дар инҷо президенти пешин Ислом Каримовро гӯр карданд, ба ҷуз аз сайёҳони хориҷӣ, сокинони маҳаллӣ низ бисёр меоянд. Онҳо мақбараи Каримовро ба зиёратгоҳ табдил додаанд.
Маро ба мақбараи Каримов роҳбалад Шуҳрат бурд. Вай нимарасмӣ кор мекунад. Одамонро дар истгоҳи роҳи оҳан пешвоз мегирад ва дар ивази пули камтар ҷойҳои диданиро нишон медиҳад. Вақти рафтан ба ҷойҳои таърихӣ, аз мошинааш берун намешавад, то ба чашми пулиси сайёҳӣ наафтад. «Ман он қадар пули бисёр кор намекунам, ки боз ба онҳо андоз диҳам», -- гуфт ӯ.
Ислом Каримовро дар ҳудуди масҷиди куҳнаи Ҳазрати Хизр, ки зери ҳифозати ЮНЕСКО аст, дафн кардаанд.
Тамоми ҷузъиёти мақбараи Каримовро дидан имкон надорад. Муҳофизон бо баҳонаи он ки дар даромадгоҳ одамон зиёд дарнамонанд, мардумро ташвиқ мекунанд, ки зудтар аз онҷо бароянд. Вақте хостам, акс бигирам, маъмури милиса гуфт, ки «мумкин нест».
Дар муқоиса ба ҳамсуҳбатони пешинам Шуҳрат бовар дорад, ки дар замони раёсати Каримов зиндагии хубе доштааст. Мегӯяд, он замон ҳама чиз арзон буд.
«Дар замони ҳукумати Каримов нархи маҳсулоти ғизоӣ ва бензин поин буд», -- гуфт Шуҳрат ва афзуд, «ҳоло ҳама чиз, аз барқ гирифта то газу обу гӯшт гарон аст. Намедонам, ба чӣ вобаста аст, аммо мардум норозиянд. Ягон чӣ гӯйӣ, маҳкам мекунанд. Танқид мумкин нест.»
Шуҳрат дар кӯчаҳои чанголуди Самарқанд дар бораи зиндагии худ нақл кард. Вай 33-сола аст, соҳиби зану ду фарзанд. Гуфт, ки дар шаҳр камбуди ҷойи кор нест, вале маош кам аст.
"Ман дар як моҳ тақрибан 300–400 доллар кор мекунам, бархе аз ин ҳам камтар мегиранд — 250 доллар. Ба хӯроку сӯзишворӣ мерасад. Танҳо барои зинда мондан. Ман бензин намехарам, аз газ истифода мекунам. Дар баробари роҳбаладӣ мумкин аст ба тиҷорат ҳам машғул шавӣ. Бисёриҳо чунин мекунанд. Касе мурғ мепарварад, каси дигар мағоза мекушояд ва савдо мекунад," -- нақл кард ӯ.
Шуҳрат гуфт, дар се соли ахир сафи сайёҳони хориҷӣ ду баробар афзудааст ва бинобар ин дар Самарқанд одамон маоши хуб меёбанд. Вай умед дорад, дар оянда вазъ хубтар хоҳад шуд. «Дар соли 2021 ё соли 2022 дар Самарқанд сохтмони фурудгоҳи байнамилалиро оғоз мекунанд. Баъд ҳамаи сайёҳон рост ба инҷо меоянд, на Тошканд. Пойтахт ҷойҳои таърихӣ надорад.»
Пеш аз он ки шаҳрро тарк кунем, Шуҳрат маро ба бозори Самарқанд бурд. Дар онҷо меваи хушк ва маҳсулоти дигар мефурӯшанд. Чашидани онҳо иҷоза аст. Роҳбалад маро ба назди «тоҷирони боварнок» мебарад, ки ба гуфтаи ӯ меваҳои хушки хуб доранд. Ҳарчанд, ба назари ман, миёни онҳо фарқе нест, чун маҳсулоти яксонро бо як нарх пешниҳод мекунанд.
Шуҳрат маро ба истгоҳи роҳи оҳан овард ва хайрухуш кард. Гуфт, ки бояд моҳи май биоям ва камаш барои чаҳор рӯз. «Баҳори инҷо бисёр зебост», -- гуфт ӯ. Ман ҳам шумораи телефони ӯро навиштам ва рафтам...