Усмон Дембеле, ҳамлагари 28-солаи бошгоҳи ПСЖ (“Пари Сен-Жермен”) ва тими миллии Фаронса, ҷоизаи нашрияи фаронсавии France Football «Беҳтарин футболбози ҷаҳон»-ро ба даст овард. Маросими ҷоизасупорӣ аз рӯи натиҷаҳои мавсими футболи 2024/2025 шаби 23-юми сентябр дар театри Шатли пойтахти Фаронса – Порис - доир гардид.
Ҷоизаи нашрияи фаронсавӣ мӯътабартарин ҷоиза дар футболи ҷаҳон дониста мешавад. Маросими аввалин соли 1956 баргузор шуда буд. Капитанҳо ва мураббиёни тимҳои миллӣ, инчунин хабарнигорони варзишӣ барои беҳтарин бозигари сайёра овоз медиҳанд.
Ҷоизаи «Тӯби тилоӣ-2025»-ро ба Дембеле ситораи футболи ҷаҳонӣ Роналдинйо супурд. Ин аввалин «Тӯби тилоӣ» дар корномаи Дембеле ба шумор меравад.
Дембеле дар ҳайати бошгоҳи ПСЖ 53 бозӣ карда, ҳамроҳи даста дар Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо ғолиб шудааст. Вай 35 гол зада, 14 паси натиҷабахш додааст. Ӯ зимни суханрониаш ба ҳамдастаҳояш дар ПСЖ ва тими миллӣ, мураббиён, бошгоҳҳои пешин ва оилааш изҳори сипос намуд.
Ба ғайр аз ҷоизаи "Беҳтарин футболбози сол", инчунин дар маросими ботантана ҷоизаҳои дигар ба соҳибонашон тақдим шуд.
Айтана Бонмати аз бошгоҳи "Барселона" ва тими миллии Испания бори сеюм пайиҳам барандаи "Тӯби тилоӣ" ҳамчун беҳтарин бозигари футболи занона шуд.
“Ҷоизаи Копа” барои беҳтарин бозигари то 21-сола соли дуюм пайиҳам ба Ламин Ямал аз дастаи “Барселона” тақдим шуд, ки дар овоздиҳӣ барои муайян кардани ҷоизаи асосӣ ҷои дуюмро ишғол кард. Вики Лопес аз тими занонаи “Барселона” низ барандаи “Ҷоизаи Копа” гардид.
“Ҷоизаи Яшин” ба Ҷонлуиҷи Доннарумма, ки мавсими гузаштаро дар ПСЖ гузаронидааст ва дарвозабони тими занонаи “Челси” Ҳанна Ҳэмптон супурда шуд.
ПСЖ дар футболи мардона ва “Арсенал” дар футболи занона беҳтарин бошгоҳҳо дониста шуданд.
Сармураббии ПСЖ Луис Энрике “Ҷоизаи Йоҳанн Кройф”-ро ҳамчун беҳтарин мураббии футболи мардона ба даст овард. Сарина Вигман, сармураббии тими мунтахаби занонаи Англия, ки қаҳрамони Аврупо шуд, низ “Ҷоизаи Йоҳанн Кройф”-ро гирифт.
Барандагони “Ҷоизаи Герд Мюллер” ҳамчун беҳтарин ҳамлагарон Виктор Дёкереш, ки дар «Спортинг» бозӣ мекард ва бозигари бошгоҳи «Барселона» ва тими миллии Лаҳистон Эва Пайор дониста шуданд.
Бунёди “Ксана Фаундейшн”, ки ба кӯдакони гирифтори бемории саратон кӯмак мекунад, барои корҳои берун аз майдон “Ҷоизаи Сократес”-ро гирифт. Бунёд ба номи духтари Луис Энрике Ксана, ки аз бемории саратон даргузашт, номгузорӣ шудааст. Хонаводаи Энрике дар фаъолияти бунёд фаъолона ширкат меварзад.