Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтилофи Амрико ва Русия бар сари нақши Асад дар ояндаи Сурия


Нақши Башор Асад дар ояндаи Сурия, яке аз масоили асосии мавриди ихтилофи Русия ва Амрико будааст.

Раисони ҷумҳури Амрико ва Русия дар пайи суханронии худ дар нишасти ҳамагонии Созмони Милалӣ Муттаҳид, ки қисмати муҳиме аз он ба мавзӯи Сурия тааллуқ дошт, дидору гуфтугӯе дар мавриди он кишвар низ анҷом додаанд. Тибқи гузоришҳо, нақши Башор Асад дар ояндаи Сурия, яке аз мавзӯъҳои ихтилофӣ миён ду кишвар ба шумор меравад.

Владимир Путин ба зарурати "ҳузури гурӯҳҳои дохилии Сурия" дар ҷанг алайҳи ифротиҳо дар он кишвар таъкид кардааст. Ӯ дар суханронии худ дар нишасти умумӣ СММ гуфтааст, "ба назари мо худдорӣ аз ҳамкорӣ бо ҳукумати Сурия ва нерӯҳи мусаллаҳи он, ки рӯбарӯ бо терроризм меҷанганд, иштибоҳи бузург аст."

Аммо Амрико ва Фаронаса ба ин бовар ҳастанд, ки ояндаи Сурия дар ниҳоят бо ҳузури Башор Асад дар раъси қудрат қобили тасаввур нест. Барак Обама дар суханронии худ гуфт, ки "пас аз ин ҳама хунрезӣ ва куштор ва овора шудани мардум дар Сурия, наметавон интизор дошт, ки ба вазъияти гузашта бозгардем ва Башор Асад дар раъси қудрат бимонад."

Пас аз суханонии руасои ҷумҳурӣ дар Маҷмаи Умуми СММ, Путин ва Обама наздик ба якуним соат гуфтугӯ карданд. Дидоре, ки ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, раиси ҷумҳури Русия онро"возеҳ ва созанда" ва як мақомоти баландпояи Амрико онро "шабеҳ ба қувваозмоӣ бар сари масоилӣ тиҷорӣ" хондааст.

Раҳбарони ҳар ду кишвар бар сари интиқоли Сурия аз ҷанги дохилӣ аз тариқи як роҳи ҳалли сиёӣ ва сулҳомез тавофуқ доранд. Аммо як мақоми баландпояи ҳукумати Амрико, ки номаш фош нашудааст, мегӯяд, ки ҳар ду ба таври бунёдӣ дар мавриди нақши Башор Асад дар ҳукумати оянда ихтилоф доранд.

Дар миёни кишварҳои аврупоии ҳампаймони Амрико, дар ин робита дидгоҳҳои ҳамсон ва монанд вуҷуд надорад. Бархе аз онҳо тайи ҳафтаҳои гузашта мавзеи худро дар баробари нақши Башор Асад тағйир додаанд ва гуфта мешавад, ки онҳо ба шакле ба ҳузури раиси ҷумҳури кунунии Сурия дар ҳукумати интиқолӣ мувофиқ ҳастанд.

Аммо Фаронса ҳамчунон ба зарурати барканории ниҳоии Башор Асад аз қудрат пофишорӣ дорад. Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури он кишвар мегӯяд, ки Русия ва Эрон алоқамандии худ ба пайдо кардани роҳи ҳал дар буҳрони Сурияро эълон кардаанд. Президенти Фаронса гуфтааст, ки "дар натиҷа мо бояд бо ин кишварҳо ҳамкорӣ кунем, то ин масъала рӯшан шавад, ки роҳи ҳалл бо ҳузури Башор Асад мумкин нест."

Фаронса узви эътилофи кишварҳои ғарбӣ алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" аст ва нахустин ҳамлаҳои ҳавоии худро низ дар он кишвар анҷом додааст.

Аз тарафи дигар, Русия дар ҳоли афзоиши ҳузури низомии худ дар Сурия ва аст ва интизор меравад, ки он низ ҳамлаҳое анҷом диҳад. Ҳарчанд мақомҳои амрикоӣ мегӯянд, барои онҳо ҳанӯз рӯшан нест, нияти аслии Маскав аз фиристодани таҷҳизот ва нерӯ ба Сурия чист.

XS
SM
MD
LG