Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори омодагии ИМА барои ҳамкорӣ бо Русияву Эрон


Раиси ҷумҳурии ИМА Барак Обама гуфт, ки Вашингтон барои хатми ҷанги Сурия бо ҳама кишварҳо ҳамкорӣ мекунад

Раиси ҷумҳурии ИМА Барак Обама гуфт, ки Вашингтон барои хатми ҷанги Сурия бо ҳама кишварҳо ҳамкорӣ мекунад ва Русияву Эронро махсус таъкид кард. Вале, зимни суханрониаш дар Маҷмаи кулии СММ дар Ню-Йорк рӯзи 28 сентябр Обама гуфт, ки вазъ ба ҳеҷ сурат ба ҳолати пеш аз ҷангии Сурия бар нахоҳад гашт. Обама гуфт, “мо бояд эътироф кунем, ки баъди ин қадар қатлу хунрезиҳо бозгашт ба ҳолати пешазҷангӣ номумкин аст”.

Президенти Амрико аз раҳбари Сурия Башор Асад ба унвони як золим интиқод кард ва гуфт, талошҳо барои аз байн бурдани ҷангиёни “Давлати исломӣ” набояд барои тақвияти Асад равона шавад. Обама инчунин дар иртибот бо Украина гуфт, дар ҳоле ки Русия якпорчагӣ ва истиқлоли Украинаро поймол мекунад, ҷаҳон наметавонад бетараф биистад. Айни замон, Обама гуфт, ки Вашингтон дар фикри дар инзиво гузоштани Русия нест. Вай гуфт, Вашингтон хостори ҳамкориҳои дипломатӣ бо Русия ва ҳаллии бӯҳрон аст, то ки украиниҳо тавонанд дар робита бо ояндаи худ тасмим бигиранд.

Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи умумии СММ дар ҳоле баргузор мешавад, ки дар паи хушунатҳои Украина, идомаи даргириҳо дар Ховари Миёна бо фаъолшавии гурӯҳи "Давлати Исломӣ", равобити ғарбу Русия ба сардӣ гароидааст. Ғарб Русияро барои ғасби қаламрави нимҷазираи Қрим ва шурӯи ҷангҳо дар шарқи ин кишвар таҳрим кард. Тақвияти ҳузури низомии Русия дар Сурия мояи нигаронии Вошингтон шудааст. Путин ва мақомоти дигари Русия мегӯянд, Русия артиши президенти Сурия Башор Асадро ба хотири набард бо гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” таъмин ва тамрин мекунанд.

Дар ин шароит, барои нахустин бор қарор аст дар ИМА мулоқоти рӯбарӯи президентон Барак Обама ва Владимир Путин баргузор шавад.

Қабл аз он қарор имрӯз Путин ҳам дар СММ суханронӣ кунад. Субҳи имрӯз Путин гуфт, Маскав “ҳанӯз” нақшаи истиқрори нирӯҳои ҷангиаш дар Сурияро надорад, вале аз ҳукумати Сурия пуштибонӣ хоҳад кард. Раҳбари Русия дар мусоҳиба бо телевизиони амрикоии CBS, ки рӯзи 27 сентябр дар арафаи мулоқоти ӯ бо ҳамтои амрикоияш Барак Обама нашр шуд, ҳамчунин Амрикоро барои ҳимояташ аз чирикиҳои Сурия танқид кард в агуфт, ин кӯмакҳо нафақат ғайриқонунӣ, балки беасар ҳам ҳаст.

XS
SM
MD
LG