Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умедвории Трамп ва шартгузориҳои Путин барои хатми ҷанг дар Украина


Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи душанбе гуфт, ки Русия ва Украина барои хотима додан ба ҷанги сесола бе ҳеч таъхире ба музокирот доир ба оташбас оғоз мекунанд. Ӯ дар ин бора пас аз гуфтугӯи дувунимсоатаи телефонӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия сӯҳбат кард.

Трамп гуфт: “Мо дувуним соат бо Владимир Путин суҳбат кардем ва, ба назарам, баъзе пешрафтҳое ба даст омад”.

Доналд Трамп баъди сӯҳбати телефонӣ бо Владимир Путин, гуфт, ки Русия ва Украина барои созиши оташбас ва поён додан ба ҷанги сесола “фавран ба музокирот оғоз мекунанд.”

“Умедворам, мо коре кардем, - гуфт ӯ ба хабарнигорон шоми 19 май. - Мо ҳамчунин бо раҳбарони бисёре аз кишварҳои аврупоӣ сӯҳбат доштем ва умедворем, тамоми корро ҷамъбаст кунем. Худи оғози ҷанг аз аввал як шармандагӣ буд.”

Пас аз сӯҳбат бо Трамп, Владимир Путин дар шаҳри Сочи ба хабарнигорон гуфт, ки талошҳо барои поён додан ба ҷанг дар умум дар роҳи дуруст ҳаракат мекунанд.

Путин гуфт, “раисиҷумҳури Амрико мавқеи худро дар бораи қатъи даргириҳо ва созиши оташбас баён кард. Ман гуфтам, ки Русия ҳам тарафдори ҳалли сулҳомези бӯҳрони Украина аст. Мо бояд роҳҳои аз ҳама босамари ҳаракат ба самти сулҳро муайян кунем, – гуфт Путин. - Бо раиси ҷумҳурии Амрико ба мувофиқа расидем, ки Русия ёддошти ҳусни тафоҳумро дар як бораи аҳдномаи эҳтимолии сулҳ пешниҳод мекунад ва омодаи ҳамкорӣ бо Украина аст. Дар ин аҳднома баъзе аз усулҳои роҳи ҳал, мӯҳлати бастани аҳдномаи эҳтимолии сулҳ, аз ҷумла созиши оташбас дар муҳлати муайян бояд зикр шаванд”.

Трампу Путин дар бораи чӣ гуфтугӯ карданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина қабл аз сӯҳбати Трамп бо Путин бо раиси ҷумҳури Амрико гуфтугӯи телефонӣ ва сипас бо раҳбарони кишварҳои аврупоӣ сӯҳбати телефонӣ барпо кард. Ӯ ба хабарнигорон гуфт, умедвор аст, ки нишасте бо ҳузури мақомоти баландпояи Русия, Амрико ва дигар кишварҳо дар зудтарин фурсат баргузор шавад.

“Мо нишасти ҳамаи ҳайатҳоро баррасӣ мекунем. Мехоҳем дар сатҳи баланд бошанд. Амрико, Украина, Русия, кишварҳои аврупоӣ ва Бритониё. Чунин нишаст метавонад дар Туркия, Ватикан ва ё Швейтсария баргузор шавад”, гуфт Зеленский.

Украина гуфтааст, ки омодаи созиши оташбас аст, вале Русия гуфтааст, пеш аз ҳама шартҳо бояд иҷро шаванд. Ҳафтаи гузашта, мулоқоти рӯ ба рӯи ҳайатҳои Русия ва Украина ҳеч ҳосил надод.

Андаке пештар аз сӯҳбати телефонии Трамп ва Путин, Ҷеймс Дейвид Венс муовини раиси ҷумҳури Амрико ба хабарнигорон гуфт, Вашингтон медонад, ки андаке бунбаст вуҷуд дорад.

“Бубинед, суол ин аст, ки оё Владимир Путин воқеан омодаи музокироти сулҳ аст на, - гуфт ӯ. – Бале, ӯ баъзе гузаштҳо кард, қадамҳои ҷиддие дар ин гуфтугуҳо бардошт, вале мо эҳсос мекунем, ки ба як бунбасте дучор омадем, барои ҳамин президент бо ӯ гуфтугӯ мекунад. Ман самимона мегӯям, ки президент Путин намедонад, чӣ гуна аз ҷанг берун шавад».

Доналд Трамп, ки қавл додааст, ба ҷанги Русия дар Украина поён медиҳад, батакрор хоҳони оташбас шудааст. Аммо бо вуҷуди фишорҳои хусусии Трамп ва ҳушдорҳои батакрори раҳбарони аврупоӣ, Владимир Путин, ки нерӯҳои кишвараш панҷяки қаламрави Украинаро дар даст доранд ва пеш мераванд, ба шартҳои поён додан ба ҷанг истодагарӣ кардааст.



Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG