Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон мехоҳанд, шоирони Афғонистон на аз ишқ, балки аз "ахлоқи исломӣ" бинависанд


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Шоирони афғон қабули қонуни нав дар бораи танзими мушоираҳо дар Афғонистонро, ки Ҳайбатулло Охундзода, раҳбари Толибон имзо кардааст, талоше барои маҳдуд кардани фаъолияти шоирону шеърнависӣ хонда мегӯянд, ин санад қонун бар озодӣ ва халлоқияти шоирон таъсири бад мегузорад.

Форуқ Фардо, шоир ва нависандаи афғон аз ҷумлаи ин шоирон аст, ки ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар як шоир қабл аз ҳар касе ӯҳдадории худро медонад ва ҳам медонад, ки чӣ бояд бигӯяд, бинобар ин ба гуфтаи ӯ ба фармоиши касе ниёз надорад: "Аз Ҳайне (Ёҳан Ҳайнрих Ҳайне, шоири олмонӣ дар қарни 19 милодӣ) то шоири имрӯз, шеър ҷавҳари худро ҳифз кардааст, шеър ва шоирӣ хаётӣ нест, ки ба он қаду андом дод. Кори шоир нишон додани зебоиҳост ва дар ироаи зебоӣ, ҳеҷ қонуне дар дунё монеи ин кор нашудааст. Аз ин ҷиҳат шоир тазкираи тобеияти каси дигарро намепазирад. Шоир худаш як падидаи озод аст, як ҳастии озод аст, аммо маҳдудиятҳое барои худ дорад. Маҳдудиятҳо мукаллафиятҳои (ӯҳдадориҳо) ахлоқӣ, динӣ ва милливу ватании худи шоир аст, на ин ки ба ӯ таҳмил (бор) шуда бошад.

Бар асоси гузориши хабаргузории “Бохтар”, ки таҳти контроли ҳукумати Толибон аст, Қонуни танзими мушоираҳоро моҳи июни имсол Мулло Ҳайбатулло Охундзода, раҳбари Толибон имзо кардааст, вале то кунун матни комили он расонаӣ нашудааст.

Айни замон, Вазорати иттилоот ва фарҳанги ҳукумати Толибон дар вебсайти расмии худ навиштааст, ки ин қонун дорои як муқаддима, се боб, ду фасл ва 13 модда аст. Вазорат, ки масъули иҷрои ҳамин қонун шудааст, гуфтааст, ки бар асоси он таҳқири ошкор, ё кинояӣ ба ашъор ва манбаъҳои исломӣ, таҳқир ва тафриқа миёни ақвом, забонҳо, манотиқ ва мусалмонон манъ аст.

Ҳамчунин таъкид шудааст, ки бар асоси ин қонун, шоирон ӯҳдадоранд, ки дар муҳтавои ашъори худ усули ахлоқи исломӣ, сиёсати шаръӣ, таҳкими ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат, ваҳдати уммат, даъват ба арзишҳои исломиро риоят кунанд ва аз пардохтан ба ишқи маҷозӣ, хоҳишоти норово ва эҳсосоти “бемаврид” дар ашъори худ парҳез кунанд.

Сиддиқ Ковун, шоир ва нависандаи афғон дар як паёми катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, қабули ҳаргуна қонун ва муқаррарот барои танзими мушоираҳо судманд ва муассир нест, зеро бар иловаи монеагузорӣ дар роҳи озодии баён, ба ниҳодҳои сензура дастак медиҳад, ки ба ҳақ, ё ноҳақ баҳонаҷӯӣ карда, пеши роҳи рушди солими шеърро бигиранд.

Шоир ва нависанда Сафия Милод низ дидгоҳи шабеҳе ба ин дорад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳар навъ қонунгузорӣ дар арсаи ҳунар бояд бо ҳузур ва мушорикати ҳунармандон, шоирон ва ниҳодҳои бетарафи фарҳангӣ сурат гирад, на аз сӯи қудратҳои сиёсии якҷониба. Ман фикр мекунам ҳарчанд метавон аз шеър барои баёни арзишҳо баҳра гирифт, аммо набояд аз он интизор дошт, ки ба як роҳи хос ҳаракат кунад.”

Қабули қонун пас аз танқиди Толибон дар мушоира

Як шоир дар вилояти Нангарҳор низ дар гуфтӯгу бо Радиои Озодӣ иддао кард, ки ҳукумати Толибон пас аз он Қонуни танзими мушоираҳоро қабул кард, ки шуморе аз шоирон дар мушоираи суннатии «Норинҷ Гул» дар ин вилоят, дар ашъори худ мақомҳои Толибонро танқид карданд.

Ӯ, ки ба далели ҳассосияти мавзӯъ нахост ном ва садояш дар гузориш нашр шавад, афзуд, ки пас аз он, мушоираи суннатии «Анор Гул» дар Қандаҳор, таҳти сензураи сахт ва назорат баргузор шуд. Ӯ ва дигар шоироне, ки бо Радиои Озодӣ сӯҳбат доштанд, аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки қонуни ҳукумати Толибон мушоираҳоро дар Афғонистон маҳдуд хоҳад кард.

Аммо Атиқулло Азизӣ, муовини фарҳанг ва ҳунари Вазорати иттилоот ва фарҳанги ҳукумати Толибон дар як нишасте дар Кобул, ин нигарониҳоро беасос хонда ва гуфтааст, ки қонуни нав, мамнуият ё маҳдудиятеро барои мушоираҳо эҷод намекунад ва танҳо як қонунест, ки ба гуфтаи ӯ, бар мабнои дини Ислом таҳия шудааст.

Мушоираҳои суннатӣ дар Афғонистон тақрибан дар ҳар вилоят баргузор мешаванд ва тарафдорони зиёд низ доранд. Қабл аз бозгашти Толибон ба қудрат дар соли 2021 дар давраи ҳукумати пешини Афғонистон ҳам мушоира баргузор мешуд ва шоирон ашъори интиқодӣ мехонданд ва мақомҳои ҳукуматиро мухотаб қарор медоданд. Он замон ҳеч маҳдудияте надоштанд ва қонуне ҳам барои танзими мушоира ва ё маҳдуд кардани он вуҷуд надошт.

Қабули қонуни нав, яке дигар аз санадҳои расмии дигари Толибон аст, ки ҳуқуқи бунёдии мардумро зери по мекунад. Ин гурӯҳи ифротии ҳоким бар Афғонистон бо қабули қонунҳои зиёде то кунун, занонро аз ҳақи инсониашон, аз ҷумла кор ва таҳсил маҳрум кардааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG