Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16), ки дар бозии дуюмаш дар қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ) дар шаҳри Тошканд бар тими Афғонистон (U-17) бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад, ба ҳаққи ширкат дар финали мусобиқот мушарраф шуд.
Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2025 бо иштироки шаш дастаи минтақа – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон – дар варзишгоҳи «Дӯстлик»-и Тошканд ҷараён дорад.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд: гурӯҳи «А» - Қирғизистон, Узбекистон ва Эрон; гурӯҳи «B» - Афғонистон, Тоҷикистон ва Туркманистон.
Дар аввалин бозии гурӯҳи «А» мунтахаби Узбекистон дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби 5:1 шикаст дод. Дар даври дуюм дар ин гурӯҳ мунтахаби Қирғизистон бар тими Эрон бо ҳисоби 4:3 дастболо шуд. Бозии ниҳоии ин гурӯҳ байни тимҳои Узбекистону Эрон бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 4:2 ба поён расид.
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “А”: 1. Узбекистон – 6 имтиёз (9-3). 2. Қирғизистон – 3 имтиёз (5-8). 3. Эрон – 0 имтиёз (5-8).
Дар бозии даври аввал дар гурӯҳи “В” мунтахаби Туркманистон тими Афғонистонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Дар даври дуюм Тоҷикистон тими Туркманистонро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Бозии даври ниҳоӣ миёни тимҳои Тоҷикистону Афғонистон бо ҳисоби 3:0 ба суди наврасони тоҷик хотима ёфт.
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “В”: 1. Тоҷикистон – 6 имтиёз (7-1). 2. Туркманистон – 3 имтиёз (2-4). 3. Афғонистон – 0 имтиёз (0-4).
Ҳамин тариқ, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) зери раҳбарии Далер Каёсов бо шаш имтиёз дар гурӯҳи «В» мақоми аввалро касб карда, ба финали мусобиқот роҳ ёфт. Дар бозии ниҳоӣ наврасони Тоҷикистон 31-уми май бо ғолиби гурӯҳи “А” - тими Узбекистон (U-17) - рақобат мекунанд.
Дастаҳои Қирғизистон ва Туркманистон, ки дар гурӯҳҳо ҷойи дуюмро ишғол карданд, барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Инчунин бозии тасаллобахш барои ҷойи панҷум миёни тимҳои Эрону Афғонистон доир мешавад.