Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими миллии Тоҷикистон Тимори Шарқиро бо ҳисоби бузург шикаст дод


Тими миллии футболи Тоҷикистон дар даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” бар дастаи мунтахаби Тимори Шарқӣ бо ҳисоби бузурги 5:0 пирӯз шуд.

Бозӣ байни тимҳои миллии Тимори Шарқӣ ва Тоҷикистон 18-уми ноябр дар варзишгоҳи Лигаи регбии шаҳри Дарвини Австралия доир гардид.

Дар нимаи аввали дидор футболбозони тоҷик се гол заданд. Ду голро Шервонӣ Мабатшоев ва яктоашро Эҳсони Панҷшанбе ба самар расонданд. Ду голи дигарро футболбозони тоҷик - Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шериддин Бобоев - дар нимаи дуюми дидор заданд.

Дар бозии даври аввал, ки 25-уми марти имсол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гашт, тими миллии Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби Тимори Шарқӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд.

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Горан Стеванович, мутахассиси сербиягӣ, гуфт, "мо ба шаҳри Дарвини Австралия барои касби се имтиёз омадем ва хушҳолем, ки бар тими Тимори Шарқӣ бо ҳисоби бузург пирӯз шудем". Дар бозии дигари даври панҷум дар гурӯҳи “А” мунтахаби Филиппин дар меҳмонӣ тими Молдивро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври панҷуми мусобиқот дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон 13-имтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Тоҷикистон дар ҷойи аввал ва Филиппин дар ҷойи дуюм қарор доранд. Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар ҷойи сеюм ва Молдив бидуни имтиёз дар ҷойи чорум мебошанд.

Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон муборизаро барои роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 идома медиҳанд. Тақдири роҳхати ягона аз гурӯҳи “А” ба қисми ниҳоии мусобиқот дар бозии даври охирини марҳилаи гурӯҳӣ байни тимҳои миллии Тоҷикистону Филиппин, ки 31-уми марти соли оянда дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мегардад, ҳал хоҳад шуд.

Тимҳои миллии Тимори Шарқӣ ва Молдив аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 маҳрум гаштанд.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад. Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027-ум дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А”:

Даври якум

Тоҷикистон – Тимори Шарқӣ – 1:0

Гол: Ваҳдат Ҳаннонов, 3

25-уми март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 8520 тамошобин.

Филиппин – Молдив - 4:1

Голҳо: Ҷефферсон Табинас, 6 (1:0), Бйорн Кристенсен, 19 (2:0), Алӣ Фасир, 62 (2:1), Ренди Шнейдер, 62 (3:1), Сандро Рейис, 90+2 (4:1)

Даври дуюм

Филиппин – Тоҷикистон – 2:2

Голҳо: Бйорн Кристенсен, 28 (1:0). Шервонӣ Мабатшоев, 30 (1:1). Парвизҷон Умарбоев, 42 – аз пеналти (1:2). Бйорн Кристенсен, 79 (2:2).

10-уми июн. Капас. Варзишгоҳи Ню Кларк Сити. 10 854 тамошобин.

Тимори Шарқӣ – Молдив – 1:0

Гол: Ҷоао Педро, 45

Даври сеюм

Тимори Шарқӣ – Филиппин – 1:4

Голҳо: Гали Фрейтас, 47 (1:0), Бйорн Кристенсен, 15 (1:1). Бйорн Кристенсен, 31 (1:2). Бйорн Кристенсен, 49 (1:3). Бйорн Кристенсен, 56 (1:4).

9-уми октябр. Дарвин (Австралия). Варзишгоҳи Лигаи регби

Тоҷикистон – Молдив – 2:0

Голҳо: Шаҳром Самиев, 8 (1:0), Шервонӣ Мабатшоев, 30 (2:0)

9-уми октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 5250 тамошобин.

Даври чорум

Молдив – Тоҷикистон – 0:3

Гол: Манучеҳр Сафаров, 4 (0:1), Шервонӣ Мабатшоев, 34 (0:2), Шервонӣ Мабатшоев, 77 (0:3)

14-уми октябр. Мале. Варзишгоҳи миллии футболи Молдив, 1120 тамошобин.

Филиппин – Тимори Шарқӣ – 3:1

Гол: Ҷоао Рангел, 45+1 (0:1), Ҷефферсон Табинас, 46 (1:1), Бйорн Кристенсен, 70 (2:1), Ҷавйер Гаёсо, 90+1 (3:1)

14-уми октябр. Капас. Варзишгоҳи Ню Кларк Сити

Даври панҷум

Тимори Шарқӣ – Тоҷикистон – 0:5

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 22 (0:1), Эҳсони Панҷшанбе, 25 (0:2), Шервонӣ Мабатшоев, 43 (0:3), Муҳаммадҷон Раҳимов, 82 (0:4), Шериддин Бобоев, 86 (0:5).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Зоир Ҷурабоев, Содиқҷон Қурбонов (Алиҷон Кароматуллозода, 70), Табрез Исломов, Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷурабоев, Шервонӣ Мабатшоев (Аҳтам Назаров, 81), Парвизҷон Умарбоев (Муҳаммадҷон Раҳимов, 46), Алишер Шукуров, Эҳсони Панҷшанбе (Шаҳром Самиев, 70), Рустам Соиров (Шериддин Бобоев, 70).

Беҳтарин бозигари дидор: Шервонӣ Мабатшоев (Тоҷикистон).

18-уми ноябр. Дарвин (Австралия). Варзишгоҳи Лигаи регби, 500 тамошобин.

Молдив – Филиппин – 0:2

Голҳо: Ҷефферсон Табинас, 24 (0:1), Сандро Рейис, 37 (0:2)

18-уми ноябр. Мале. Варзишгоҳи миллии футболи Молдив

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”:

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Тоҷикистон541013-213
2Филиппин541015-513
3Тимори Шарқӣ51043-133
4Молдив50051-120

Даври 6-ум

31-уми марти соли 2026

Молдив – Тимори Шарқӣ

Тоҷикистон - Филиппин

XS
SM
MD
LG