Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Камбоҷа ва Тоҷикистон 5-уми июн дар пойтахти ин кишвар - шаҳри Пномпен - доир мегардад.
Пас аз анҷоми бозии дӯстона бо Камбоҷа тими миллии Тоҷикистон ба Филиппин сафар мекунад. Бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили мунтахаби Филиппин 10-уми июн дар варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити»-и шаҳри Капас соати 14:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.
Дар ҳамин ҳол дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) бо 1203.42 имтиёз дар ҷойи 104-ум, Филиппин бо 1063.01 дар ҷойи 146-ум ва Камбоҷа бо 912.67 имтиёз дар ҷойи 181-ум қарор доранд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, имсол ду бозӣ анҷом дод. Футболбозони тоҷик 20-уми март дар Душанбе дар бозии дӯстона аз тими миллии Беларус бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрданд.
Бозии мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А”, ки 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Тимори Шарқӣ доир гардид, бо ҳисоби 1:0 ба суди футболбозони тоҷик хотима ёфт.
Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” тимҳои миллии Филиппин, Молдив ва Тимори Шарқӣ мебошанд.
Баъди натиҷагирии бозиҳои даври якуми мусобиқа дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон сеимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби тӯбҳо филиппиниҳо (4-1) дар ҷойи аввал ва футболбозони тоҷик (1-0) дар ҷойи дуюм қарор доранд.
Дар натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се бозӣ дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад.
Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.