Пайвандҳои дастрасӣ

Сарнавишти 4 тоҷик баъди якуним моҳи боздошташон дар Миср


4 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ҳанӯз дар моҳи сентябр дар Миср дастгир шуданд, расман ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" айбдор кардаанд.

Мақомоти амниятии Миср 4 шаҳрванди Тоҷикистонро расман ба иртибот ба созмони тундрави “Давлати исломӣ” муттаҳам кардаанд. Ду донишҷӯи тоҷик ва ду ҳамроҳи калонсолтари онҳоро рӯзи 19-уми сентябр дар ноҳияи Ҷизаи Қоҳира, маҳалли маъруфи аҳромҳои Миср дастгир карданд ва дар он замон, расонаҳои мисрӣ навиштанд, ки “шаҳрвандони Тоҷикистон бо баҳонаи саёҳат, вале бо ҳадафи ҷалби ҷавонон ба ҳайати созмони “Давлати исломӣ” ба Қоҳира омадаанд.”

Сафорати Тоҷикистон дар Миср дар посухи катбие ба дархости Радиои Озодӣ навишт: "Таҳқиқи парвандаи чаҳор нафар шаҳрванди мо, ки дар Миср сентябри соли ҷорӣ боздошт шуда буданд, аз ҷониби мақомоти бозҷӯии кишвар ҳанӯз идома дорад. Бино ба зарурати анҷом додани таҳқиқоти бештар, чанд рӯз пеш бо қарори яке аз додгоҳҳои Қоҳира муддати боздошти шаҳрвандони мо ба муддати муайяни дигар тамдид гардид. Дипломатҳои сафорат бо боздоштшудагон ва мақомоти марбутаи кишвари маҳалли иқомат ба гунаи мунтазам дар тамос буда, дар нишастҳои додгоҳ иштирок мекунанд. Сафорат умедвор аст, ки пас аз равшан шудани тамоми паҳлӯҳои парванда бегуноҳии шаҳрвандони мо собит ва онҳо аз боздошт озод хоҳанд шуд."

Ба далели пӯшида сурат гирифтани муҳокима, мақомоти Миср ва сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира аз ифшои ному насаб ва маҳалли зисти боздоштшудаҳо худдорӣ мекунанд.

Аммо чанд донишҷӯи тоҷик дар Қоҳира, ки аз ин қазия ошно ҳастанд ва барои шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон ба боздоштгоҳ ғизо бурдаанд, рӯзи 4-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки яке аз боздоштшудаҳо бо номи Алӣ дар Донишгоҳи маъруфи исломии Ал-Азҳари Қоҳира таҳсил мекард ва яке аз онҳо, ки бо номи Эшон маъруф будааст, қаблан дар Донишгоҳи Айни Шамс таҳсил мекард.

Ба гуфтаи мусоҳибони мо, шаҳрвандони калонсоле, ки боздошт шудаанд, якеаш тоҷир аст.

Донишҷӯёни тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳамаи ин чаҳор нафар дар боздоштгоҳи муваққатии пулис дар Ҷизза нигаҳдорӣ мешаванд: “Эшон дар ҳуҷраи алоҳида ва Аливу ду нафари дигар дар ҳуҷраи дигар нигаҳ дошта мешаванд. Вазъи нигаҳдориву таъминашон хуб нест, ба осонӣ иҷоза намедиҳанд, ки таом баред ва ё бо онҳо сӯҳбат кунед.”

Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ дар бораи ҷузъиёти боздошт гуфтанд, шаҳрвандони кишвар барои дидани аҳромҳои Миср мерафтанд ва қабл аз вуруд ба маҳалли аҳромҳо бо мошин таври маъмул, кормандони пулис мошинҳоро тафтиш мекунанд: “Дар ақиби мошин як корд ёфтаанд ва дар як баста либоси мисли низомӣ ва баъд онҳоро тафтиш карда, дар телефонҳои мобилашон шиорҳоо дар бораи Робия ва шиорҳои мухолифони ҳукумати Мисрро пайдо кардаанд, ки аз тариқи Твиттер ва ё Фейсбук фиристода шудаанд.”

Расонаҳои мисрӣ дар моҳи сентябр навиштанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон зимни бозпурсии додситонҳо эътироф кардаанд, ки ба созмони “Давлати исломӣ” иртибот доранд ва ҳангоми ҷустуҷӯи мошини иҷорагирифтаи онҳо дар Ҷиза, як корд, либоси низомӣ ва маводи марбут ба созмони “Давлати исломӣ” кашфу мусодира шудааст.

Маълум нест, ки дар воқеъ шаҳрвандони Тоҷикистон ба созмони “Давлати исломӣ” иртиботе доштаанд ва ё не, аммо ба эътиқоди донишҷӯёни тоҷик, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳеҷ иртиботе бо он созмон надоранд, вале чун маъмурони амниятии Миср ҳангоми боздошт, ҳамин иттиҳомро дар санадҳои тоҷикон сабт кардаанд, дигар собит кардани бегуноҳӣ ва ё тағйири иттиҳоми онҳо осон нест. Яке аз ин донишҷӯён гуфт: “Вақте кор ба дасти маъмурони амниятии Миср меафтад, бисёр мушкил мешавад, чизеро собит кардан. Онҳо чизеро тағйир намедиҳанд ва иттиҳоми иртибот бо созмони “Давлати исломӣ” мемонад.”

Як манбаи огоҳи дигар аз ин қазия дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамаи афроди боздоштшуда аз Душанбе ҳастанд ва ба қавли ӯ низ бо он иттиҳоме, ки нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон эълон шудааст, “халос хӯрдан аз дасти мақомоти амниятии Миср осон нест.”

Вакилони дифоъи афроди боздоштшуда гуфтаанд, ки ҳар коре, ки аз дасташон омад барои собит кардани беасос будани иттиҳомот кардаанд, аммо сухани ниҳоӣ аз додгоҳ аст ва “ба ғайр аз дуо кардан”, дигар ҳеҷ кори дигар аз дасташон намеояд. Қарор будааст, ки муҳокимаи шаҳрвандони Тоҷикистонро рӯзи 26-уми октябр дар Қоҳира сурат бигирад, вале ба сабабҳои номаълум муҳокимаро барои тақрибан 40 рӯз ба таъхир андохтаанд.

Ин бори аввал аст, ки якбора чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ва он ҳам дар Миср бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмони “Давлати исломӣ” дастгир мешаванд.

Дар гузашта ва дар моҳи сентябр Аҳтам Олимов, сокини 25-солаи маҳаллаи Гулистони ноҳияи Шоҳмансури Душанберо дар марзи Сурия дастгир карданд ва ӯ дар навори видеоии бозпурсӣ, ки дар Ютюб нашр шудааст, эътироф мекард, ки дар Сурия меҷангид. Ба эътирофи мақомоти расмии Тоҷикистон, то 200 ҷавони тоҷик низ ба сафи созмони “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро пайваста ва дар Ироқу Сурия ба зидди нерӯҳои ҳукуматии ин кишварҳо меҷанганд ва то кунун 50 нафари онҳо дар ин ҷангҳо кушта шудаанд. Аз ҷумла дар як навори видеоии кӯтоҳ, ки дар шабакаи Одноклассники чанде пеш нашр шуд, мошини зиреҳпӯши амрикоӣ дида мешуд ва аз паси он як нафар бо лаҳни тоҷикӣ мегуфт, ки ин “зиреҳпӯшро “Давлати исломӣ” аз душман аз нерӯҳои Ироқ ғанимат гирифтааст ва “иншоолоҳ “Давлати исломӣ” пирӯз мешавад.” Созмони мазкур қаламравҳои васеъе дар Ироқу Сурияро ишғол кардааст ва як эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико дар ҷанг алайҳи ин созмон бахусус ба нерӯҳои ироқӣ ва ба чирикиҳо курд кӯмак мекунанд.

XS
SM
MD
LG