Пайвандҳои дастрасӣ

"Somon Air" фурӯши билети парвозҳоро ба Тошканд шурӯъ мекунад. ВИДЕО


Ширкати "Somon Air" ("Сомон Эйр")-и Тоҷикистон ба зудӣ фурӯши билетҳоро барои парвоз аз Душанбе ба Тошканд – пойтахти Узбакистон – ба роҳ хоҳад монд. Масъулони дафтари матбуоти ин ширкати ҳавопаймоӣ рӯзи 31 январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "нахустин парвози озмоишӣ 10 феврал сурат гирифта, парвози мунтазам аз Душанбе ба Тошканд 20 феврал оғоз меёбад".

Бо даргузашти Ислом Каримов, ҳукумати нав ба раҳбарии Шавкат Мирзиёв ба тармими робитаҳои сард бо Тоҷикистон пардохт ва аввалин қадам дар ин самт ба гуфтаи нозирон эҳёи парвозҳо байни Душанбе ва Тошканд аст.

Дар дафтари матбуоти "Сомон Эйр" гуфтанд, ки парвозҳо аз Душанбе ба пойтахти Узбакистон то анҷоми мавсими зимистона ҳафтае як бор – рӯзи душанбе – ба роҳ монда шуда, "дар мавсими тобистон миқдори хатсайрҳо ҳафтае ду бор - рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе - иҷро хоҳанд шуд." Мақомоти ширкат гуфтанд, "ифтитоҳи хатсайри нав ба сокинони Тоҷикистону Узбакистон имкон хоҳад дод, то сафари худро дар ин масир осонтар кунанд."

Ҳайатҳои Тоҷикистону Узбакистон дар ҳоли имзои "протокол"-и азсаргирии парвозҳо. Душанбе, моҳи ноябри соли 2016
Ҳайатҳои Тоҷикистону Узбакистон дар ҳоли имзои "протокол"-и азсаргирии парвозҳо. Душанбе, моҳи ноябри соли 2016

Замони парвоз аз Душанбе соати 10 ва аз Тошканд 12-и рӯз буда, дар маҷмӯъ, 45 дақиқаро дар бар хоҳад гирифт. "Эҳтимол рӯзи 10 феврал хатсайри санҷишӣ бо иштироки намояндагони ниҳодҳои ҳавонавардии Тоҷикистон баргузор шавад. Раҳбарияти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ният дорад, бо намояндагони фурудгоҳи шаҳри Тошканд ва ширкати “Узбекистон ҳаво йуллари” музокирот карда, тамоми масъалаҳои ташкилиро вобаста ба ифтитоҳи хатсайри мунтазам баррасӣ намоянд", - таъкид карданд дар дафтари матбуоти “Сомон Эйр”.

Гузориши видеоӣ аз 30 январ:

Рафтуомади ҳавоӣ миёни Душанбе ва Тошканд барқарор мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Шурӯи парвози ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба Тошканд дар оғози моҳи феврали имсол рӯзи 30 январ аз забони мақомоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе садо дод, вале баъдан раҳбарияти ширкати “Узбекистон ҳаво йулларӣ” гуфтанд, ки ҳанӯз замони дақиқи парвозҳо маълум нест. Субҳи 30 январ дар нишасти матбуотӣ вазири нави нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода низ дар посух додан ба ин суол эҳтиёткор буд.

Ӯ танҳо бо истиқбол аз дурнамои шурӯи парвозҳо миёни ду кишвар гуфт, миёни Тоҷикистону Узбакистон дар мавриди азсаргирии парвозҳо тавофуқи усулӣ ба даст омада, ҳоло гурӯҳҳои корӣ ҷузъиёти ин парвозҳоро баррасӣ мекунанд. Вале барои оғози воқеии парвозҳо, ба гуфтаи ӯ, “вақт зарур аст”. “Ширкатҳои ҳавоии ҳар ду кишвар қабл аз оғози парвозҳо бояд бо аэронавигатсия, фурудгоҳҳои байналмилалии Тошканду Душанбе ва ниҳодҳои дигар, ки ба анҷоми парвозҳо алоқаманд ҳастанд, шартномаҳо имзо кунанд. Ин кор вақт мехоҳад”, - гуфт Худоёр Худоёров.

Бо ин ҳол, як корманди масъули ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 30 январ дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузории назди президенти Тоҷикистон иштирок дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 10 феврал шурӯъ шудани парвозҳо миёни Тошканду Душанбе дар ин нишаст матраҳ шуд. Ин ҷаласа таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷараён гирифт.

Худоёр Худоёров
Худоёр Худоёров

Бо даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон дар соли гузашта, ҳукумати нав ба раҳбарии Шавкат Мирзиёв ба тармими робитаҳои сард бо Тоҷикистон пардохт ва аввалин қадам дар ин самт ба гуфтаи нозирон эҳёи парвозҳо байни Душанбе ва Тошканд аст. То кунун сокинони ҳарду кишвари ҳамсоя фақат аз роҳи заминӣ ба қаламрави ҳамдигар мерафтанд. Байни ду кишвар то кунун низоми раводид вуҷуд дорад.

Дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар соли 1992 парвозҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон қатъ шуд. Пеш аз ин солҳо Душанбе бо шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Намангон, Андиҷон ва Қӯқанд иртиботи ҳавоӣ дошт ва ҳафтае даҳҳо парвоз миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Узбакистон анҷом мешуданд.

XS
SM
MD
LG