Шаҳрҳдори Душанбе бо ирсоли як огоҳинома, аз сокинони пойтахт талаб кардааст, ки панҷараи тирезаҳо ва сардкунак (кондитсионер)-ҳоро барчинанд.
Дар номаи Раёсати назорати сохтмони шаҳрдорӣ ба сокинони ноҳияи Фирдавсӣ аз рӯзи 17-уми апрел омадааст, "Шуморо уҳдадор менамоем, ки кондитсионерҳо ва панҷараҳои дар намои бино насбшударо пурра бартараф намоед."
Дар нома зикр шудааст, ки барчидани панҷара ва сардкунакҳо бо дастури Раиси шаҳри Душанбе амалӣ мешавад.
Намояндагони идораи назорати сохтмон дар Душанбе нагуфтаанд, ки дар сурати накандани панҷараи тирезаҳо, сокинонро чӣ интизор аст.
Барчидани панҷараҳои оҳанин аз баландошёнаҳои Душанбе аз аввали имсол оғоз шуда буд. Самӣ Азизиён, сармеъмори Душанбе моҳи феврали имсол гуфта буд, ҳадаф аз барчидани панҷараҳои оҳанин беҳтар кардани симои шаҳр аст. Аммо сокинони пойтахт мегӯянд, ин панҷараҳо барои бехатарӣ ва наафтидани кӯдакон ба поён муҳим аст. Мақомот ба бошандагони пойтахт тавсия додаанд, барои таъмини бехатарӣ аз дохили хона симтурҳои махсус насб кунанд.
Қаблан мақомоти Душанбе мавҷгирҳоро аз боми биноҳо барчида, изҳор дошта буданд, ки онҳо симои зоҳирии шаҳрро коста мегардонанд.