Пайвандҳои дастрасӣ

Терроризм ва экстремизм - истилоҳи "маъруф"-и соли 2016 дар Тоҷикистон


Додгоҳи ноҳияи Қубодиён дар моҳи октябри соли ҷорӣ 8 нафарро ба иттиҳоми узвият дар созмони "Давлати исломӣ" ба зиндон маҳкум кард.
Додгоҳи ноҳияи Қубодиён дар моҳи октябри соли ҷорӣ 8 нафарро ба иттиҳоми узвият дар созмони "Давлати исломӣ" ба зиндон маҳкум кард.

Боздошту маҳкумияти сокинон ба таври гурӯҳӣ бо иттиҳоми узвият дар ҷараёни “Салафия” ва ё барои узвият дар созмони мамнӯи “Давлати исломӣ”, аз хабарҳои аслии соли 2016 дар Тоҷикистон буд, ки таваҷҷӯҳи расонаҳои дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб кард. Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як соли ахир парвандаи наздик ба ҳазор шаҳрванди ин кишварро барои узвият дар созмонҳои ифротӣ баррасӣ карда, аксари онҳоро ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардаанд.

Ба фикрам ин шеваи кор гурӯҳҳои ифротиро бештар мекунад, чун ҳоло мо дар аввали ҷараён ҳастем. Ба асоси он ҳодисаҳое, ки дар олам мегузарад, гурӯҳҳои ифротӣ ба шакли пинҳонӣ фаъолияташонро тақвият хоҳанд дод.
Фаридун Ҳодизода

189, 307, 401 - се моддаи “маъруф”-и соли 2016

Аксаран боздошти пайравони равияҳои ифротӣ, мисли боздошти беш аз 30 сокини шаҳри Роғун бо иттиҳоми узвият дар равияи “Салафия” ва боздошту маҳкумияти 13 сокини шаҳри Норак барои узвият дар созмони мамнӯъи “Давлати исломӣ” гурӯҳӣ ва дастаҷамъӣ буданд. Моддаҳои 189 оид ба “Барангехтани кинаю адовати миллӣ ва ё динӣ”, бандҳои гуногуни моддаҳои 307, ки марбут ба фаъолиятҳои экстремистӣ ва даъват барои сарангун кардани ҳукумат ва 401 –“Зархаридӣ” - аз моддаҳои аслии Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон буданд, ки бештар мурофиаҳои додгоҳиро расонаӣ карданд.

Пайравони ҷараёни “Салафия”, ки то соли 2009 озодона дар Тоҷикистон фаъолият мекарданд ва то оғози ҷангҳои Сурия таҳти таъқиб қарор надоштанд, дар соли 2016 гурӯҳ-гурӯҳ дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон боздошт шуданд. Муҳаммадии Раҳматулло, раҳбари ин гурӯҳ, ки аввали соли 2015 зидди ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ тариқи матбуот изҳорот пахш мекард, боздошту зиндонӣ шуд.

Фаридун Ҳодизода.
Фаридун Ҳодизода.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон низ эълон кард, ки беш аз 1000 ҷавони тоҷик таҳти идеологияи салафӣ ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафтааст.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили динӣ низ дар аввали сол дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пас аз боздошти аъзои ҲНИТ, навбат ба гурӯҳи салафӣ мерасад. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат то охирҳои соли 2015 ин гурӯҳро бар зидди ҲНИТ ва дигар рӯҳониён истифода кард ва ҳоло бо анҷоми рисолату хатарноктар шудани фаъолиятҳояш, саркӯб хоҳад шуд.

“Ҳама таваҷҷӯҳ ба мавзӯи экстремизм буд”

Бо вуҷуди мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳо будани ин мавзӯъ, мақомоти расмӣ мегӯянд, дар соли 2016 ҳодисаҳои пайвастани шаҳрвандон ба сафи гурӯҳҳои ифротию эктремистӣ камтар назар ба солҳои гузашта будааст. Ба гуфтаи мақомот, парвандаҳое, ки соли ҷорӣ дар додгоҳҳо баррасӣ шуданд, ҳанӯз соли 2015 оғоз гардида буданд. Муҳаммадризо Халифазода, сухангӯи Додситони кули Тоҷикистон рӯзи 5-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин навъи ҷиноятҳо дар Тоҷикистон чандон зиёд нашуданд, аммо матбуот дар қиёс ба дигар ҷиноёт ба онҳо бештар таваҷҷӯҳ карданд.

“Мавзӯи муҳим, ки ҳаст, аз ҳама бештар мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеа қарор гирифт. Аз он сабабе, ки хавфнокиашон аз дигар ҷиноятҳо бештар аст. Ҳарчанд, имсол миқдори ҷавононе, ки ба Сурия сафар мекунанд, хеле кам ба қайд гирифта шудааст. Ба ҳар ҳол як нафар ҳам бошад, ин зиёд аст. Чун ифротгароӣ як мушкили ҷиддӣ дар ҷомеа аст, таваҷҷӯҳи мақомоти давлатӣ, мақомоти интизомӣ ва расонаҳо ба он бештар буд.”

Мақомоти тоҷик соли 2016-ро дар ҳоле ба поён мерасонанд, ки гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ дар муҳосира қарор дорад. Ва ҳодисаҳои пайвастани ҷавонони тоҷик ба ин гурӯҳ дар Сурия ва Ироқ дастикам ҳафт моҳи охир сабт нашудааст.

Ҳодизода: “Мо ба салафиҳо ғолиб нашудем”

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили динӣ рӯзи 5-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, воқен гурӯҳи салафиҳо дар соли 2016 дар Тоҷикистон ба ҳаде саркӯб шуданд, ки аз муборизаи рӯирост ба пинҳонкорӣ гузашта, тарғиботи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ тақвият доданд. Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, дар мубориза алайҳи ин гурӯҳҳо бештар аз зӯр кор гирифта шуд ва аз нигоҳи идеологӣ ин гурӯҳҳо ҳанӯз мағлуб нашудаанд.

Фаридун Ҳодизода афзуд: “Ба фикрам ин шеваи кор гурӯҳҳои ифротиро бештар мекунад, чун ҳоло мо дар аввали ҷараён ҳастем. Ба асоси он ҳодисаҳое, ки дар олам мегузарад, гурӯҳҳои ифротӣ ба шакли пинҳонӣ фаъолияташонро тақвият хоҳанд дод. Далел он аст, ки муборизаҳо натиҷаҳои чашмгир надоданд ва танҳо онҳоро ба пинҳонкорӣ тела доданд. Фақат алайҳи онҳо бо силоҳу зур мубориза карданд. Яъне мо зидди ин гурӯҳҳои ифротӣ муборизаҳои идеологӣ карда натавонистем”.

Соле, ки стратегияи “мубориза бо тероризм” қабул шуд

Тоҷикистон дар соли 2016 “Стратегия мубориза бо тероризм ва экстермизм”-ро барои панҷ соли оянда қабул кард. Бар асоси ин дурнамо, ки аз ҷониби Додситонии кул ва Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон таҳия шудааст, дар ин кишвар бояд Маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм таъсис ёбад. Ҳамзамон дар тамоми Тоҷикистон аз барномаҳои ҷиддӣ барои ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ рӯи даст гирфита хоҳад шуд.

Худойбердӣ Холиқназарзода.
Худойбердӣ Холиқназарзода.

Худойбердӣ Холиқназарзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, ин стратегия бар асоси таҳқиқоти ҷомеашиносӣ таҳия шуда, заъфҳо ва роҳҳои бурунрафт аз ифротагроиро пешбинӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, қонунгузории Тоҷикистон барои мубориза бо терроризм такмил шудааст ва низомиёни тоҷик низ дар ҳоли омодабош қарор доранд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, танҳо роҳҳои ҷилавгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ боқӣ мондааст:

“Ин ба хотири пешгирӣ аз раванди ифротгароӣ амалӣ мешавад. Бубинед, муҳити деҳоти Тоҷикистон бештар таҳти нуфузи ифротиҳо қарор гирифтааст. Бештар дар деҳот тафаккури ифротӣ эҳсос мешавад ва он ҷо дунявият камтар аст. Ин стартегия бунёди маконҳои дилхушӣ, варзишгоҳҳо дар деҳотро низ дар назар дорад. Кашфи истеъдодҳо дар деҳот ва ҷалби онҳо барои таҳсил. Дубора фаъол кардани созмони ҷавонон дар деҳот аз ҳадафҳои дигари ин барнома ҳаст. Муҳити шаҳрҳо ба ҳар ҳол фарқкунанда аст ва чандон ин ҷо ҷавонон ба доми гурӯҳҳои ифротӣ намеафтанд.”

Сӯистифода аз ифротгароӣ дар парвандаҳои сиёсӣ?

Ҳамзамон, бархе коршиносон мегӯянд, аз моддаҳои марбут ба ифротгароӣ дар парвандаҳои сиёсӣ сӯистифода шудааст. Хосият Ёрова, хоҳари вакили дифои маҳбасӣ 5-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар парвандаи бародари ӯ ва Нуриддин Маҳкамов моддаҳои 307 ва 189-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “таъсиси созмони экстремистӣ” ва “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ ва даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” низ ҷой дошт. Тоҷири маъруф ва мунаққиди доираҳои ҳукуматӣ Абубакр Азизхоҷаев низ бо моддаи 189 зиндонӣ шуд.

Бузургмеҳр Ёров.
Бузургмеҳр Ёров.

Хосият Ёрова мегӯяд, бархе фаъолони сиёсӣ ва онҳое, ки берун аз хостаи мақомот кор мекарданд, барои ифротгароӣ ва ё экстремизму талоши ба ҳам задани сохти конститутсионӣ муттаҳам шуданд. Ӯ мегӯяд, аз сабабе, ки ҳоло тамоми кишварҳои дунё бо мушкили ифротгароӣ даргир ҳастанд, мақомоти тоҷик зери ин моддаҳо аз фаъолони ҷомеа қассос гирифтанд. Боз кардани парванда бо ин моддаҳо бо ҳадафи заъиф кардани рақибон ва хомӯш кардани садои фаъолон дар ҷомеа низ буд, гуфт Хосият Ёрова.

Мақомоти тоҷик соли 2016-ро дар ҳоле ба поён мерасонанд, ки гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ дар муҳосира қарор дорад. Ва ҳодисаҳои пайвастани ҷавонони тоҷик ба ин гурӯҳ дар Сурия ва Ироқ дастикам ҳафт моҳи охир сабт нашудааст. Бозгашти онҳо аз ин кишварҳо низ дигар ба назар намерасад. Беш аз ҳазор шаҳрванди ин кишвар дар Сурия ва Ироқ қарор дошт, аммо ҳоло мақомот мегӯянд, аксари онҳо кушта шудаанд ва се моҳ боз аксаран бо наздиконашон ҳеҷ тамосе надоранд.

Аммо Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик мегӯяд, гурӯҳи “Салафия”, ки ҷавононро он ба сафи ДИИШ бурдааст, шеваи кору тарғиби худро дигар кардааст. Ба гуфтаи ӯ, мақомот дар соли 2017 бояд бар зидди ин гурӯҳ дар Тоҷикистон муборизаи ақидатӣ ё идеологиро оғоз кунад. То ҳол, ба гуфтаи ӯ, ин муборизаро дар фазои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ин гурӯҳ дастболо шудааст.

XS
SM
MD
LG