Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи имдоди Хумайнӣ дар Тоҷикистон баста шудааст?


Навиштаи паси дарвозаи Кумитаи имдоди Хумайнӣ дар Душанбе
Навиштаи паси дарвозаи Кумитаи имдоди Хумайнӣ дар Душанбе

Фаъолияти Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ, як муассисаи бонуфузи хайриявии Эрон дар Тоҷикистон, мутаваққиф шудааст. Як манбаъ дар Раёсати бақайдгирии созмонҳои ҷамъиятии Вазорати адлияи Тоҷикистон 7 июл дар суҳбат бо Озодӣ хабари боздошта шудани фаъолияти Кумитаи имдоди Хумайниро тасдиқ кард.

Манбаъ гуфт, Вазорати адлия қаблан ду бор дар мавриди нақзи қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” ба ин кумита огоҳии расмӣ фиристода, аммо ниҳоди мазкур огоҳиҳоро нодида гирифта будааст. Мусоҳиби мо вале шарҳ надод, ки фаъолияти Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ муваққатан қатъ шуда ва пас аз ислоҳи камбудҳо фаъол хоҳад шуд, ё на. Аз ҷумла, мушаххасан маълум нест, ки ин камбудҳо аз чӣ иборат аст ва марбут ба фаъолияти созмон ва ё санадҳои расмии он мебошад.

Рӯзи 7 июл дарвозаи дафтари Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ дар Душанбе баста буд ва талошҳои мо барои пайдо кардани масъулон ё кормандони ин ниҳоди хайриявии Эрон барои шарҳи ин вазъ то ҳол бенатиҷа буд. Манобеи сафорати Эрон дар Тоҷикистон аз ибрози назар дар мавриди ин ҳодиса худдорӣ карда ва гуфтанд, ки то ҳол аз ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон дар ин замина номаи расмӣ нагирифтаанд.

Як масъули бахши Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ дар Суғд ба Озодӣ гуфт, феълан дар рухсатӣ аст ва аз мутаваққиф шудани фаъолияти ин ниҳод хабар надорад. Вале як манбаи огоҳ дар Хуҷанд гуфт, ки ҳоло дафтари ин кумита дар шаҳри Хуҷанд баста шуда ва ин корманди маҳаллӣ ба рухсатии маҷбурӣ рафтааст.

Дар ҳамин ҳол, Рашид Абдулло, коршиноси тоҷик мегӯяд, мутаваққиф шудани фаъолияти Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ нишонаи сардии равобит миёни Тоҷикистон ва Эрон аст, ки аз аввалҳои соли ҷорӣ оғоз ёфта ва ҳамакнун ба як тамоюли устувор мубаддал гаштааст. Ӯ гуфт: "Аз сардии равобит кӣ бештар зарар мебинад? Эрон як кишвари бузургу пешрафта аст ва тибқи баъзе маълумот, ҳоло ин кишвар барои густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбакистон талош мекунад. Тоҷикистон чандон кишвари калоне нест, ки дар шароити феълӣ барои Эрон аз аҳамияти фавқулода бархӯрдор бошад. Яъне, агар бо Тоҷикистон мушкилоте пеш ояд, дар минтақа кишварҳои дигаре ҳастанд, ки барои ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Эрон пайдо шавад."

Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ аз муассисаҳои хайрия ва фарҳангии Эрон ҳисоб ёфта ва аз соли 1996 фаъолияти худро дар ҳудуди Тоҷикистон шурӯъ кардааст.

Масъулони ин кумита дар гузшта гуфта буданд, ки онҳо дар гӯшаҳои мухталифи Тоҷикистон барои омӯзиши занону духтарон беш аз 10 омӯзишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, коргоҳҳои қолибофӣ таъсис дода ва ба ятимхонаҳо, маъюбон, беморон, ҷавонони камбизоат ва донишомӯзон ёрӣ расондаанд. Ҳамчунин, Кумитаи имдод дар баргузории ҷашни арӯсии ҷуфтҳо аз хонаводаҳои фақир ва бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ кумак расондааст.

Мутаваққиф шудани фаъолияти Кумитаи имдоди Хумайнӣ дар Тоҷикистон баъди тақрибан ҳафт моҳи то ҳадде хадшадор шудани муносибати Душанбеву Теҳрон сурат мегирад. Моҳи декабри соли гузашта дар пайи даъвати расмии Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ барои ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон ва дидори ӯ бо раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ мақомоти Тоҷикистон Эронро ба ҳимоят аз террористон муттаҳам карданд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бо вуҷуди он ки Муҳиддин Кабирӣ ба ташкили ошӯбҳои моҳи сентябри соли гузашта муттаҳам мешавад, Эрон ӯро ба ҳамоиш даъват карда ва ӯро дар паҳлӯи намояндагони расмии Тоҷикистон ҷой додааст. Баъдан сафири Эрон дар Душанбе Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ дар дидораш бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов гуфт, ки Эрон ба дунболи таниш бо ҳеҷ кишвар нест.

Тоҷикистон дар гузашта Эронро яке аз шарикони муҳим ва дар баробари Русияву Чин аз сармоягузорони аслияш муаррифӣ мекард. Эрон дар Тоҷикистон нақби “Истиқлол” дар гарданаи Анзобро сохта, нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” дар ҷануби кишварро ба кор андохтааст. Ҳоло хабаргузориҳои Форс, Садои Хуросон, Press TV ва Садо ва Симои Эрон низ дар Тоҷикистон фаъолият доранд.

XS
SM
MD
LG