Хуруҷи коронавирус дар Чин ва густариши он нақшаи кори аксар чиниҳоро, ки дар Тоҷикистон тиҷорати худро доранд ё дар ширкатҳои гуногун фаъолият мекунанд, тағйир дод. Ҳамакнун дари баъзе аз ошхонаҳое, ки барои сокинони Душанбе хӯрокҳои чинӣ омода мекарданд, бастаанд ваё шумораи зиёди муштариёнро аз даст додаанд.
То як моҳи пеш “Мурғобии пекинӣ” яке аз ғизоҳои сермуштарӣ дар тарабхонаи чинии “Лунг Чен”, воқеъ дар маркази Душанбе, буд. Ин ошхона 10 сол боз дар Тоҷикистон фаъол аст ва ба сокинон ҳудуди 200 навъи ғизои чинӣ пешниҳод мекунад.
Аммо ҳоло фармоиши “Мурғобии пекинӣ” ва дар маҷмӯъ муштариёни ин тарабхона 70 дар сад кам шудааст. Муштариён аз он ҳарос доранд, ки шояд маҳсулоти ин хӯрокҳо аз Чин оварда мешавад.
Шамшод Алиев, корманди тарабхонаи чинии “Лунг Чен”, рӯзи 21-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аксари муштариён бо онҳо тамос гирифта, маҳз дар бораи аз куҷо ворид шудани маҳсулоташон мепурсанд. “Баъди пайдоиши ин беморӣ халқро воҳима фаро гирифт. Ҳоло бубинед, муштарӣ нест. Пештар дар ин вақт ягон мизи холӣ надоштем. Ҳозир бубинед қариб ҳама ҷой холист”, -- афзуд ӯ.
Масъулони ошхонаи чинӣ маҷбур шудаанд, сафи кормандон ва хароҷоти худро кам кунанд.
Ҳоло онҳо талош доранд ба муштариён фаҳмонанд, ки маҳсулот барои таҳияи ғизоҳоро асосан аз бозорҳои Душанбе мехаранд ва ошпазҳояшон ҳам соле як бор дар тобистон ба Чин мераванду ҷое барои хатар нест. Сан Ван Чан, ошпази тарабхонаи чиниро ҳам кам шудани муштариёни хӯрокҳояш то ҷое нороҳат кардааст, аммо мегӯяд, дар маҷмӯъ дар шаҳр муносибати одамон бо онҳо хуб аст.
Ӯ ҳашт сол боз дар Тоҷикистон кор мекунад ва мегӯяд, имсол тасмим дорад пас аз хуб шудани вазъ ба аёдати наздиконаш ба Чин равад.
Бархе муштариёни ошхонаҳои чинӣ дар Душанбе мегӯянд, дар ҳар сурат дар ин рӯзҳо кӯшиш мекунанд аз ҳар ҷиҳат эҳтиёткор бошанд. “Намехоҳам ба тарабхонаҳои чинӣ дароям. Ҳарчанд мешунавам, мегӯянд, ки воридоти хурока аз Чин манъ аст, вале чандон бовар надорам. Маҳсулоти хӯрокҳои чинӣ, ба назарам, аз ҳамон тараф меояд”, -- мегӯяд Иззатуллоҳ Ваҳҳобов, сокини шаҳри Душанбе
То ду соли пеш дар шаҳри Душанбе кушодани ошхонаҳои чинӣ дар авҷ буд. Бо ҳузури бештари шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон ҳавасмандӣ ба ғизои солим ва сабуку камравғани ошхонаҳои чинӣ ҳам зиёд шуда буд.
Муассисони ин ошхонаҳо аксаран шаҳрвандони Чинанд ва ошпазҳо ҳам махсус барои таҳияи ғизо аз Чин ба Тоҷикистон оварда мешуданд. Ҳоло дари аксари ин ошхонаҳо бастааст. Баъзе аз ошхонаҳо ба сабаби пайдо накардани муштарии кофӣ аз кор мондаанд. Густариши коронавирус акнун ошхонаҳои боқимондаи чиниро ҳам каммуштарӣ кард.
Густариши вируси хаторнок ба кори ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Чин ҳам, ки теъдодашон дар Тоҷикистон ба 50 мерасад, бетаъсир намонд. Теъдоди зиёди кормандони чинии ин ширкатҳо, ки барои таҷлил аз ҷашни соли нав ба кишвари худ рафта буданд, дар пайи хуруҷи коронавирус натавонистанд ба Душанбе баргарданд.
150 шаҳрванди Чин ҳам, ки ба Тоҷикистон баргаштанд, 14 рӯз дар карантин буданд. Тибқи омори расмӣ дар маҷмӯъ дар ширкатҳои саноатие, ки дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолият доранд, беш аз 2 ҳазор шаҳрванди Чин кор мекунанд.
Тоҷикистон дар пайи хуруҷи вируси нав дар Чин ворид шудани шаҳрвандони ин кишварро манъ накард, аммо баробари ворид шудан онҳо ба муддати 14 рӯз дар карантин қарор мегиранд. Вируси хатарнок дар Чин боис ба марги беш аз ду ҳазор нафар шуд. Ба ин вирус тақрибан ҳаштод ҳазор нафар гирифтор шудаанд.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон чанде пеш эълон кард, ки дар воридоти моли чинӣ маҳдудият ҷорӣ накардааст. Аммо ба гуфтаи мақомот аллакай дар моҳи феврал воридоти мол аз Чин кам шуд. Чин яке аз кишварҳои муҳим барои иқтисоди Тоҷикистон аст, ки бештари молҳои ниёзи мардум аз онҷо ворид мешавад.