Пайвандҳои дастрасӣ

20 АКС: Сагҳои чӯпонӣ дар "Даҳмарда"


Аксҳо аз Латиф Латифӣ
Аксҳо аз Латиф Латифӣ

Бародарон Алихон ва Латиф Латифӣ дар Интернет торнамои вижае бо номи “Даҳмарда.Ру” таъсис додаанд, ки дар бораи сабки зиндагии чӯпонҳои тоҷик, анвоъи гӯсфандҳои тоҷикӣ ва сагҳои чӯпонист.

Дар Интернет торнамои вижае бо номи “Даҳмарда.Ру” таъсис ёфтааст, ки дар бораи сабки зиндагии чӯпонҳои тоҷик, анвоъи гӯсфандҳои тоҷикӣ ва сагҳои чӯпонӣ қисса мекунад.

Муасссисони ин торнамо бародарон Алихон ва Латиф Латифӣ – фарзандони хабарнигори равоншод Отахон Латифианд, ки ба гуфтаи худашон, аз соли 1974 ба ин сӯ, инак беш аз 40 сол боз ба омӯзиши тарзи зиндагии даҳмардаҳо ва анвои гӯсфандҳову сагҳои чӯпонӣ машғуланд.

Латиф Латифӣ рӯзи 2 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз таъсиси торнамои “Даҳмарда.Ру” барои наслҳои оянда ҳифз кардани зиндагии вижаи даҳмардаҳои тоҷик ва қиссаву достонҳои марбут ба рӯзгори онҳост: “Ин пиромуни ҳамаи ончист, ки дар атрофи зиндагии даҳмардаҳо мегузарад. Ҳам дар бораи худи онҳо, ҳам дар бораи гӯсфандҳояшон ва ҳам дар бораи сагҳои тоҷикӣ, ки бо номи саги чӯпонӣ ҳам маъруфанд.”

Алихон Латифӣ мегӯяд, ки онҳо бо ташаббуси худ ҳар сол ду маротиба, дар мавсими аз айлоқҳои тобистона ба зимистона ва аз айлоқҳои зимистона ба тобистона кӯчидани рамаҳо ба масирҳои асосии ҳаракати рамаҳо экспедитсияҳои махсус ташкил мекунанд: “Вақти кӯчидани сурукҳо дар як рӯз метавон якбора то 10 сурукро мушоҳида кард. Мо ҳар саги чӯпониро ном ба ном сабт мекунем, роҳи зиндагиашонро аз рӯзи таваллуд то поёни умрашон пайгирӣ мекунем. Қиссаи ҳар сагеро, ки ба гуфтаи соҳибонашон, гургро куштааст, ё хирсро ё ҳатто кафтору бабрро, сабт мекунем. Дар ин миён баъзе сагҳо аз байн рафтанд, даҳмардаҳо аз дунё рафтанд.”

Латиф Латифӣ
Латиф Латифӣ

Ба ҳисоби ин бародарон, дар ҳоли ҳозир, дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан аз 15 000 то 18 000 саги чӯпонӣ боқӣ мондааст. Дар замони Шӯравӣ шумори сагҳои тоҷикӣ ба тақрибан 40 ҳазор мерасид. Алихон Латифӣ мегӯяд: “Аз 100 саги чӯпоние, ки таваллуд мешавад, тақрибан 25-30 саг то тирамоҳ зинда мемонад. Мутаассифона, дар замони Шӯравӣ, баъди онки ба Тоҷикистон навъҳои дигари сагҳоро оварданд, ин сагони “бегона” бо худ бемориҳое ҳам оварданд, ки сагҳои тоҷикӣ тавони муқобила бо ин маризиҳоро надоштанд. Ин сабаб шуд, ки бисёре аз сагҳои тоҷикӣ ба иллати маризӣ аз байн бираванд. ”

Аммо таърихи сагҳои чӯпонӣ, ба ақидаи ин ду пажӯҳишгар, ба чанд ҳазор сол мекашад. Алихон Латифӣ мегӯяд: “Дар Олтинтеппаи Туркманистон муҷассамаҳои хурди сангҳоро пайдо кардаанд, ки айни сагҳои чӯпонии мост. Таърихи ин муҷассамаҳо ба 4-5 ҳазор сол мерасад. Яъне вақте ки мо, тоҷикҳо, ба ин сарзамин омадем, ин сагҳо алакай инҷо вуҷуд доштанд. Мо ин сагҳоро аз пешиниҳо мерос гирифтем. Тамоми таърихи мо ҳамроҳ бо ин сагҳо гузашт ва ҳоло вазифаи мост, ки сагҳои чӯпониро барои наслҳои оянда ҳифз кунем.”

Сагҳои чӯпонӣ, ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, сагҳои ҷангӣ нестанд, вазифаи дигар доранд. Алихон Латифӣ мегӯяд: “Сагҳои чӯпонии асил имрӯз фақат дар дасти даҳмардаҳо ҳифз шудаанд. Ин сагҳо дар дасти даҳмардаҳо машғули ҳамон кореанд, ки ҳазорсолаҳо анҷом медоданд, яъне ҳифзи мол.”

Латиф Латифӣ меафзояд: “Албатта, мавридҳои истифодаи сагҳои чӯпонӣ дар сагҷангҳо низ буд. Барои мисол, дар солҳои 90 як саги чӯпонӣ бо лақаби Алополвон буд, ки дар сагҷанг ҳамто надошт. Ин сагро баъдан барои наслгирӣ бо нархи қимат харида, ҳатто ба Маскав бурданд ва наслҳои баъдиаш дар Русия ба сар мебаранд. Вале саги чӯпонӣ асосан барои ҳифзи мол аст. Аз гург, аз хирс, аз кафтор, аз гуроз ва ҳатто аз бабр.”

Дар шабакаи Ютуб наворе ҳам нашр шудааст, ки дар бораи бар кафтор пирӯз шудани саги чӯпонӣ қисса мекунад:

Давраи авҷи саги чӯпонӣ тақрибан аз сесолагии ӯ шурӯъ мешавад. Як саги тоҷикӣ, ба ҳисоби миёна, 7-8 сол умр мебинад. Алихон Латифӣ мегӯяд: “Саги чӯпонӣ дар умум як зиндагии бисёр сахт дорад. Сагҳои чӯпонӣ шабонарӯзӣ кор мекунанд ва дар ниҳоят хеле зуд аз дунё мераванд. Аз чанги дандони гург, ё гуроз ё паланг, ё аз бемориҳо.”

Латиф Латифӣ мегӯяд, даҳмарда ба саги худ арҷи тамом мегузорад ва гоҳо омода аст, барои харидани як саги хуббаландтарин қиматро пардохт кунад. Қимати як сагбачаи чӯпонӣ, ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, гоҳо ҳатто ба 1000 доллар мерасад.

Даҳмардаҳо ба сагҳои худ бештар вобаста ба рангаш Алопар, Сиёҳ, Полвон, Йӯлбарс ва амсоли ин ном медиҳанд. Ба гуфтаи Латиф Латифӣ, “ҳоло гузоштани номҳое, чун Ван Дамм, Рекс, Рокки ва мисли ин муд шудааст. Як саги чӯпониро ҳатто дидам, ки Панда ном дорад, чунки сураташ мисли панда сиёҳу сафед буд.”

XS
SM
MD
LG