Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомот: Дар Тоҷикистон ғуломдорӣ нест! Мардикорон: Ҳаст!


Акс аз "мардикорбозор"-и Қӯрғонтеппа
Акс аз "мардикорбозор"-и Қӯрғонтеппа

Мақомоти Тоҷикистон вуҷуди мавридҳои ғуломиро дар ин кишвар «бо як овоз» рад мекунанд ва мегӯянд, нақзи ҳуқуқи коргар ҳанӯз ба маънои истисмору ғуломӣ нест.

“Дар Тоҷикистон ғуломӣ вуҷуд надорад ва ягон тоҷик ғулом несту нашудааст!” Ин хитоби мақомоти давлатии Тоҷикистон аст, дар ҷавоб ба гузорши байналмилалие, ки бино бар он, дар кишвар то 25 ҳазор ғулом мавҷуд буда, шаҳрвандонаш дар мамолики дигар низ борҳо қурбонии қочоқ ва истисмор шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳолатҳои поймол шудани ҳуқуқи коргарон ҷой дорад, аммо инро наметавон ба бардагӣ рабт дод.

Дар нахустин Шохиси Байналмилалии Бардагӣ, ки созмони “Walk Free Foundation”, мақараш дар Лондон, рӯзи 17 октябр нашр кард, Тоҷикистон аз назари хатари истисмору бардагӣ дар байни 162 кишвар, мақоми 70-ум қарор дорад. Ин гузориш мегӯяд, мумкин аст, ҳоло дар Тоҷикистон то 25 ҳазор нафар бардавор кор мекунанд ва касе ҳам ба доди онҳо намерасад.

Қурбон Ниёзов, мудири шӯъбаи бозори меҳнати вазорати меҳнат ва шуғли иҷтимоӣ нукоти асосии ин гузоришро зери суол бурда, мегӯяд, ин суханони бофта аст ва дар ин замина ягон таҳқиқоте дар Тоҷикистон сурат нагирифтааст: «Кай ин таҳқиқот гузаронда шудааст, сарчашмааш кадом аст?» Ба андешаи ӯ дар Тоҷикистон ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрвандон зимни сарқонун ҳифз мешаванд ва касе ҳамчун ғулом кор фармуда намешавад.

Мардикорон - як қишри осебпазир дар баробари истисмор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

Аммо соҳибназарон аз чанд қишри осебпазир дар Тоҷикистон ном мебаранд, ки метавонанд мавриди истисмор ва ҳатто ғуломӣ қарор бигиранд. Яке аз чунин қашрҳои беҳуқуқ, ба гуфтаи онҳо, мардикоронеанд, ки ҳар рӯз дар бозорҳо кор меҷӯянд. Бархе афрод ин мардикорони фақирро аз субҳ то шом дар ивази пули хеле ночиз кор мефармоянд ва баъзан ҳатто пули кори онҳоро надода, аз дар меронанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле ҷой доштани ғуломиро рад мекунанд, ки бештари мардикорон аз ноҳияҳо ба шаҳр омада, аксар дар шароити сангину ғайрисантитарӣ ба сар мебаранд ва маблағе ҳам, ки ба даст меоранд, гоҳо ҳатто барои пардохти пули иҷораи манзилашон намерасад.

Иззатуллоҳ Қаландаров
Иззатуллоҳ Қаландаров
Иззатуллоҳ Қаландаров яке аз чунин мардикоронест, ки мегӯяд, борҳо дучори фиреби корфармоён шудааст. Қаландаров мегӯяд, баъзан одамон онҳоро бурда кор мефармоянд, аммо нисфи маблағи ваъдагиро медиҳанд ё тамоман пул намедиҳанд: «Як ҳафта кор кардем, бояд 1500 сомонӣ медоданд, аммо ҳамагӣ 700 сомонӣ доданд».

Мардикорони дигар низ мегуфтанд, то 500 доллар музди меҳнаташонро нагирифтаанд. Як мардикор, ки нахост номаш зикр шавад, обилаҳои дасташро ба мо нишон дода, гуфт, омода аст ҳама гуна кори вазнинро иҷро кунад, аммо бояд кафолати маошаш дода шавад.


Қишри дигари осебпазир дар баробари истисмори корфармо мардумест, ки дар бисёр маворид бидуни қарордод ва ягон замонати ҳуқуқӣ дар ширкатҳои хусусӣ кор мекунанд. Корфармоён гоҳо маоши онҳоро ё саривақт ё тамоман намедиҳанд. Ин мардум ҳамин тавр, аз имтиёзҳои дар қонун кор муқарраршудае, чун рухсатии меҳнатӣ ваё ҳаққи беморӣ маҳрум мебошанд.

Музаффар Зарифов, раиси созмони «Муҳоҷират ва рушд» тасдиқ мекунад, ки мушкилоти омада дар гузориши “Walk Free Foundation” дар шароити Тоҷикистон қисман ҷой дорад: «Баъзан мардикоронро фиреб мекунанд ва ҳаққи корашонро намепардозанд. Ё коргаронро дар сохтмонҳо бемаош кор мефармоянд. Аммо то ин андоза ки 25 ҳазор нафар дар ғуломӣ бошанд, ин гуна нест».

Музаффар Зарифов
Музаффар Зарифов
Ҷаноби Зарифов мегӯяд, худи ӯ борҳо бо инсонҳое сарукор гирифтааст, ки наметавонистанд музди меҳнаташонро гиранд. «Онҳо ғулом нестанд. Дар чунин ҳолатҳо ба додгоҳ муроҷиат кардан лозим аст,» - мегӯяд ӯ. Ба ақидаи Музаффар Зарифов, ба чунин ҳол бештар онҳое гирифтор мешаванд, саводи ҳуқуқӣ надоранд ва ба созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намекунанд.

Дар асоси гузориши созмони “Walk Free Foundation”, аз назари хатари гирифторӣ ба бардагӣ, Русия дар мақоми бисёр бади 6-ум қарор дорад. Дар ин кишвар беш аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик низ кору зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи Кевин Бейлс, муаллифи гузориш муҳоҷирони осебпазире, ки аз ҷумҳурии Молдова, Украина ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ба Русия мераванд, баъзан дар сохтмонҳову киштзорҳои азим мисли ғулом истисмор мешаванд.

Walk Free Foundation: То 30 миллион нафар дар дунё дар шароити ғуломдории муосир қарор доранд. Асосан муҳоҷирон
Walk Free Foundation: То 30 миллион нафар дар дунё дар шароити ғуломдории муосир қарор доранд. Асосан муҳоҷирон
Аммо Абдуллоҳи Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, то имрӯз ягон нафар аз муҳоҷирон ба ин ниҳод шикоят накардааст, ки онҳоро ҳамчун ғулом кор фармудаанд: «Гоҳ-гоҳ шикоят дар бораи напардохтани маблағ ҳаст, аммо далелҳои ҳамчун ғулом нигоҳ доштан вуҷуд надорад. Надодани маош поймол кардани ҳуқуқи онҳост, на ғуломӣ. Ҳолатҳое ҳаст, ки маош ду-се моҳ пардохт намешавад ва баъди дахолати намояндагии хадамот пардохт мешавад.»

Дар ҳамин ҳол, Шаҳобиддин Мирзоаҳмадов, сармутахассиси Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон мегӯяд, аз аввали сол дар кишвар 374 ҷинояти марбут ба қочоки инсон, ки одамон мавриди истимори шаҳвонӣ қарор гирифтаанд, сабт шуда, дар худи Тоҷикистон 114 фоҳишахона ошкор гаштааст.
XS
SM
MD
LG