Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИНФОГРАФИКА: Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон 2,5 миллиард $ кам шудааст


Омори солонаи Бонки марказии Русия нишон медиҳад, ки ҳаҷми пулҳои интиқолӣ аз Русия дар соли гузашта назар ба як соли қабл дар маҷмӯъ 10 миллиард доллар, аз ҷумла ба Тоҷикистон 2,5 миллиард доллар кам шудааст.

Бонки марказии Русия рӯзи 20 март омори солонааш дар бораи ҳаҷми солонаи пулҳои интиқолӣ аз ин кишвар ба кишварҳои хориҷаи дуру наздикро нашр кард. Бино ба ин омори расмӣ, ки ҳаҷми пулҳои интиқолӣ тавассути ширкатҳои пулфиристиро дар бар мегирад, ҳаҷми умумии пулҳои интиқолӣ аз Русия ба хориҷ дар соли гузашта 2,1 маротиба коҳиш ёфта, 9 миллиарду 719 миллион долларро ташкил додааст. Як сол пеш аз Русия ба хориҷ 20 миллиарду 856 миллион доллар интиқол дода шуда буд.

Ҳамин тавр, дар соли 2015 пулҳои интиқолӣ аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба ҳарсе кишвари муҳоҷирфиристи ин минтақа – Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон – ба шиддат коҳиш ёфтааст. Ба 5 кишвари Осиёи Марказӣ дар маҷмӯъ дар тӯли соли гузашта 6 миллиарду 65 миллион доллар пул интиқол ёфтааст. Дар соли 2014 ин рақам 11 миллиарду 949 миллион доллар буд.

Аз ҳама бештар – 3 маротиба – интиқоли пул ба Тоҷикистон кам шуда, ба ҷои 3 миллиарду 831 миллион доллари соли 2014 дар соли гузашта ба ин кишвари хеле вобастаи пули муҳоҷиронаш аз Русия ҳамагӣ 1 миллиарду 278 миллион доллар ворид шудааст.

Узбакистон дар соли гузашта аз Русия ба ҷои 5,5 миллиарди як соли 2014 ҳамагӣ ҳудуди 2,4 миллиард доллар ва Қирғизистон ба ҷои 2 соли гузашта аз Русия ҳамагӣ 1 миллиард доллар пул гирифтааст.

Туркманистону Қазоқистон, ки аз пулҳои муҳоҷирони худ вобастагӣ надоранд, соли гузашта аз Русия мутаносибан 16 ва 318 миллион доллар пул ворид кардаанд.

Таҳлилгарон се омил – ҷорӣ шудани патент барои муҳоҷирон аз 1 январи соли 2015 в аба дунболи он, афзудани харҷи “қоғазбозӣ”- ин мардум, бӯҳрони иқтисодии Русия ва уфти башиддати қурби рубли русиро аз омилҳои асосии чунин башиддат коҳиш ёфтани ҳаҷми пулҳои интиқолӣ аз Русия ба кишварҳои асосии муҳоҷирфирист ном мебаранд.

Созмонҳои байналмилалии молиявӣ эҳтимоли коҳиши пулҳои интиқолии муҳоҷиронро тахмин мезаданд, вале пешбиниҳои онҳо дар атрофи аз 30 то 40 дарсад кам шудани даромади муҳоҷирони корӣ буд, на коҳиши бамаротиби он.

Бино ба омори расмӣ, соли гузашта аз Узбакистон дар Русия беш аз 2 миллион муҳоҷири корӣ, аз Тоҷикистон ҳудуди  1 миллион, аз Қазоқистон ҳудуди 700 ҳазор, аз Қирғизистон беш аз ним миллион ва аз Туркманистон ҳамагӣ 22 ҳазор муҳоҷири корӣ кору зиндагӣ мекарданд.

Омори Бонки марказии Русия фарогири ҳаҷми пулҳои интиқолшуда тавассути ширкатҳои Anelik, BLIZKO, Contact, InterExpress, UNIStream, Western Union, Колибри, Золотая Корона, ЛИДЕР, Почта России мебошад.

Омори кишвар ба кишвари Бонки марказии Русия:

 Трансграничные переводы, осуществленные через системы денежных переводов         
по основным странам-контрагентам за 2015 год         
                 
 Переводы в РоссиюПереводы из РоссииОборотСальдо         
 сумма переводов, млн долларов СШАсредняя сумма одного перевода, долларов СШАсумма переводов, млн долларов СШАсредняя сумма одного перевода, долларов СШАсумма переводов, млн долларов СШАсумма переводов, млн долларов США         
Всего по странам3,3196289,71936313,037-6,400         
Страны дальнего зарубежья9355161,7408762,676-805         
  из них:               
 КИТАЙ1042,4756572,087761-553         
 ГРУЗИЯ68968364455432-297         
 ТУРЦИЯ505411731,345223-124         
 СОЕДИНЕННЫЕ ШТАТЫ1134173684214977         
 ГЕРМАНИЯ813422261510359         
 ИЗРАИЛЬ54468419569513         
 ЧЕШСКАЯ РЕСПУБЛИКА6416842,53690-77         
 ВЬЕТНАМ52,768551,28460-50         
 ИТАЛИЯ4633795335536         
 ОБЪЕДИНЕННЫЕ АРАБСКИЕ ЭМИРАТЫ39772121,3465128         
 АБХАЗИЯ2940222348507         
 СОЕДИНЕННОЕ КОРОЛЕВСТВО3050287013821         
 ФРАНЦИЯ2745285853518         
 ИСПАНИЯ22381105363212         
 ЛАТВИЯ112991951630-9         
 КОРЕЯ, РЕСПУБЛИКА1980351,0892415         
 КАНАДА1737767842411         
 ФИЛИППИНЫ18672042121-19         
 ГРЕЦИЯ113209553192         
 ПОЛЬША64571074916-4         
Страны СНГ2,3846867,97832210,362-5,595         
 УЗБЕКИСТАН3571,4872,3704322,728-2,013         
 ТАДЖИКИСТАН2247951,2782241,502-1,055         
 КИРГИЗИЯ2889661,0833171,372-795         
 УКРАИНА1572499882341,146-831         
 КАЗАХСТАН7967483186261,115478         
 АРМЕНИЯ172904682353854-509         
 АЗЕРБАЙДЖАН155626627484782-472         
 МОЛДОВА, РЕСПУБЛИКА80657472298553-392         
 БЕЛАРУСЬ88302143241231-55         
 ТУРКМЕНИЯ65602164018049         
                 
Примечания:               
К системам денежных переводов относятся: Anelik, BLIZKO, Contact, InterExpress, Вестерн Юнион, Золотая корона, Колибри, ЛИДЕР, Почта России, ЮНИСТРИМ.
1. Отрицательное сальдо означает превышение сумм денежных переводов из Российской Федерации над суммами переводов в Российскую Федерацию.           
2. Приведены данные по 20-ти основным странам-контрагентам по обороту денежных переводов.             
3. В отдельных случаях возможны расхождения между итогом и суммой слагаемых, что связано с округлением данных.            
Источники: Отчетность кредитных организаций "Сведения о трансграничных переводах физических лиц", ФГУП "Почта России".           
XS
SM
MD
LG