Пайвандҳои дастрасӣ

Муборизаи як зани тоҷик барои акси боҳиҷоб дар шиноснома


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Як зани ҷавон мегӯяд, агар ӯро ба гирифтани акси бидуни рӯсарӣ маҷбур кунанд, мақомоти Тоҷикистонро ба додгоҳи байналмилалӣ мекашонад.

Бивалия Ҳакимбекова, як зани ҷавон аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, ки панҷ соли ахир бар сари эҳтироми ҳуқуқҳои мазҳабияш бо мақомот сар ба сар шуда, аммо ба ҷое нарасидааст. Ӯ мехоҳад, ки барои шиноснома акси бо рӯсарӣ бигарад, аммо мақомот ба ин иҷозат намедиҳанд: “Ман ҳамеша бо сатр мегардам. Тибқи сарқонуни кишвар, ки ҳаққи озодии виҷдонро барои мо пешбинӣ кардааст, ман ин ҳақро дорам ва агар мақомоти болоӣ қонунҳоро эҳтиром доранд, бояд ба ман чунин иҷозаро бидиҳанд.”

Мақомот мегӯянд, онҳо бо ин зан ва ҳиҷоб мушкил надоранд, вале бар асоси талаботи хадамоти шиносномадиҳӣ, акс дар ин санад ба хотири шинохти визуалии шаҳрванд бояд бидунӣ рӯйсарӣ бошад. Бивалия Ҳакимбекова 23-сола аст ва 3 фарзанд дорад ва дар хонаводаи мазҳабӣ бузург нашудааст. Аммо худашро мусалмони мӯътақид медонад ва зиндагиашро аз рӯи қавонини мазҳабӣ ба роҳ мондааст.

Аммо як масъули Хадамоти шиносномадиҳӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, тибқи фармони вазорати корҳои дохила, ”бо сатр, тӯпӣ ва риши баланд гирифтани акс барои шиноснома мумкин нест”. Дар шарҳи зарурати ин дастури мақомот, ӯ мегӯяд, “сурати бо каллапӯш ё сатр, тарҳи рӯйро мепӯшонад ва ҳангоми ба расмиятдарории шиноснома ва муайян кардани мутобиқати шахсият, бо он мушкил пеш меояд.”

Ин ҳарфҳоро Бивалия садҳо бор шунидааст, аммо онҳоро қабул надорад ва мехоҳад мақомотро ба иҷро кардани банди Қонуни асосӣ маҷбур кунад.

Мавзӯи бо риш ва ҳиҷоб акс гирифтан барои санад, дар гузашта ҳам баҳсҳои тунди зиёдеро ба миён оварда буд. Ҳарчанд ҳоло дигар ин мавзӯъ чандон расонаӣ нест ва ба гуфтаи кормандони суратгирхонаҳо, ин гурӯҳ занон аксаран розӣ мешаванд, то барои чанд лаҳза ва гирифтани шиноснома рӯйсариро аз сар бадар кунанд. Аммо онҳое ҳам ҳастанд, ки мисли Бивалия намехоҳанд мухолиф ба эътиқоди худ амал кунанд ва дар натиҷа солҳо бешиноснома мемонанд.

Саодат Амиршоева
Саодат Амиршоева

Саодат Амиршоева, намояндаи пешини парлумон мегӯяд, талабот барои гирифтани акси шиноснома, аз замони шӯравӣ ҳамин тавр аст ва риояи он барои амният ва шиносоии шахсият ҳатмӣ мебошад:

“Дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи милитсия дар бораи гирифтани шиносномаҳо, аниқ нишон дода шудааст, ки дар шиноснома шахсият бояд муайян бошад ва тарҳи чеҳраву рӯй ва мӯй, шакли сар муайян бошад. Ин шиноснома шахсияти шаҳрвандро муқаррар мекунад. Тамоми умри худ ман медонам, ки модарону бибиҳои мо бо чеҳраи кушода ва сари луч шиноснома гирифтаанд. Дар ҳолате агар Худо накарда, ягон ҳодиса рух диҳад, барои криминалистҳо муайян кардани чеҳраи шахс мушкил мегардад. Ва фикр мекунам иддаои ин зани ҷавон дуруст нест. Вай бояд дар асоси қонунҳои амалкунанда зиндагӣ кунад.”

Ҳуқуқшинос Рустам Гулов, ки аз қазияи Бивалия Ҳакимбекова огоҳ аст, мегӯяд, даъвои ин зан, ки мехоҳад дар акси шиносномааш бо сатр бошад, дуруст аст. “Аз нигоҳи ман, сатр фақат мӯйро мепӯшонад, на рӯйро. Сатр ин фаранҷӣ нест. Ба фикри шахсии ман, агар чунин фармоне ҳаст, ба Сарқонуни кишвар мухолифат мекунад. Аз нигоҳи мантиқӣ ҳам агар гирем, фарз кардем мардҳо зимни аксгирӣ ҳама монтаж ва фотошоп мешавад, ва кафолат нест, ки дар акс бадани худи одам аст– мегӯяд Гулов.

Рустам Гулов
Рустам Гулов

Вале дар посух ба чунин андешаҳо, Саодат Амиршоева, мегӯяд, ҳама гуна фармону дастур, санади ҳуқуқӣ аст ва дар асоси сарқонун ва қонунҳои байналмилллӣ таҳия мешаванд.

Ҷамоати Овчи-қалъаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки Бивалия Ҳакимбекова он ҷо ба воя расида ва оиладор шудааст, аз маркази вилояти Суғд фосилаи зиёд надорад. Гуфта мешавад, мардуми ин минтақа таҳсилкарда ва аз нигоҳи мазҳабӣ ҳам мӯътадиланд. Аммо афроди зиёде аз ин ноҳия барои ҳамкорӣ бо Ҳизби Таҳрир ва Ҳаракати исломии Тоҷикистон, боздошт шудаанд.

Баҳсҳо сари ҳиҷоб дар Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои 2005 шурӯъ шуд. Дар соли 2007 ҳатто як донишҷӯи тоҷик барои роҳ ёфтан ба донишгоҳ, вазири вақти маориф Абдуҷаббор Раҳмоновро ба додгоҳ кашида буд ва дар ниҳоят мағлуб шуд.

XS
SM
MD
LG