Пайвандҳои дастрасӣ

Файзиннисо Воҳидова дар хориҷ кор меҷӯяд


Файзиниссо Воҳидова, вакили дифои саршинос.
Файзиниссо Воҳидова, вакили дифои саршинос.

Файзиннисо Воҳидова мегӯяд, ки ба ширкату созмонҳои бонуфузи хориҷӣ пешниҳод кардааст, то ба ӯ дар хориҷ кор диҳанд.

Файзиннисо Воҳидова, вакили дифои саршинос, мегӯяд, ки баъди ба иҷро даромадани қонун "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ", кор дар ин самт дар Тоҷикистон маҳдуд шудааст. Ин аст, ки ӯ мегӯяд, барои пайдо кардан кор ба созмону ширкатҳои хориҷӣ муроҷиат кардааст.

Дар Тоҷикистон қонун "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ" эътибор пайдо кард, ки бар асоси он, ҳамаи адвокатҳо ё вакилони мудофеи ҷумҳурӣ аз имтиҳони касбӣ гузаштанд ва акнун дар Вазорати адлия онҳое, ки чун вакили мудофеъ ҳаққи идомаи фаъолиятро пайдо кардаанд, 312 нафар мебошанд. То қабули ин қонун дар Тоҷикистон, бештар аз ҳазор нафар вакили мудофеъ бо ин кор машғул буд.

Файзиннисо Воҳидова низ бо майли худ дар имтиҳони касбӣ ширкат наҷустааст ва ҳамроҳ бо вакилони дигари ноком вайро низ хатари бекорӣ таҳдид мекунад. Дар мусоҳибае ӯ ибтидо ба ин суол, ки агар дар оянда натавонист бо фаъолияти вакилӣ машғул шавад, чӣ кор хоҳад кард, ҷавоб дод.

Воҳидова: "Бештар аз ҳазор вакили мудофеи собиқ бекор мемонанд ва, албатта, онҳо ба сафи бекорон ё муҳоҷирони корӣ мепайванданд. Ман ҳам дар ин миён истисно нестам. Шояд ба чанд нафари онҳо, ки дар фаъолияташон муваффақ буданд, ширкатҳои хориҷӣ ё бахши хусусӣ кор пешниҳод кунанд. Лекин масъала ин аст, ки фирори мағзҳо аз ҳисоби ҳуқуқдонон авҷ мегирад. Беҳтарин коршиносоне, ки дар дохили ватан дастгирӣ намеёбанд, шояд дар оянда дар кишварҳои дигар ба манфиати онҳо кор кунанд. Масалан, мисли варзишгарон ва ё тоҷирони тоҷик, ки ба кишварҳои дигар шӯҳрат меоранд. Ман довталабона аз супоридани ҳуҷҷат барои супурдани имтиҳони касбӣ дар назди вазорати адлия даст кашидам, барои он ки ман ба унвони ҳуқуқшинос собиқаи кории 30-сола дорам. Имрӯз вақте мебинам, ки қонуни адвокатура ғайримантиқиву ғайриконститутсионӣ аст, онро қабул намекунам. Сарқонун дастурамал барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст. Барои ҳамин, ҳар қонуне, ки хилофи Қонуни асосӣ аст, шахсан эътироф намекунам. Ман ба ширкату созмонҳои бонуфузи хориҷӣ пешниҳод кардам, ки ба ман қарордоди корӣ диҳанд. Онҳо омодаанд, ки ба ман дар берун аз Тоҷикистон кор диҳанд."

Радиои Озодӣ: Шумо ин ҷо ёдоварӣ кардед, ки супурдани имтиҳон тибқи қонун дар бораи адвокатура ба Қонуни асосии Тоҷикистон мутобиқат надорад. Оё имкон вуҷуд дорад, ки он вакилони мудофеъ, ки аз имтиҳон нагузаштаанд ва аз кори вакилӣ маҳрум мешаванд, ба додгоҳи Қонуни асосӣ муроҷиат ва ҳақталошӣ кунанд?

Воҳидова: "Бале, барои он ки қонун дар бораи адвокатура мухолиф ба моддаи 17-и Қонуни асосӣ аст. Чун дар назди қонун ҳама баробар ҳастанд, имрӯз баробариро ин қонун аз байн мебарад. Имрӯз вақте, ки ман соҳиби ихтисос ҳастам ва ихтисосам ҳуқуқшинос аст ва ба ман кор намедиҳанд, ин аллакай маҳдудсозии ҳуқуқи ман ба меҳнат аст. Кишвари ман давлати иҷтимоӣ мебошад. Лекин ман 4 моҳ аст мунтазирам, ки чаро фақат ман садо баланд кунам. Ман мунтазир будам, ки зиёда аз ҳазор нафаре, ки аз кор маҳрум мешаванд, онҳо ба додгоҳ муроҷиат мекунанд ва ҳаққи худро мехоҳанд. Вале мебинам, ки то ҳол ҳеҷ тасмиме гирифта нашудааст, барои ҳамин шояд ман ба Додгоҳи Қонуни Асосӣ муроҷиат мекунам. Ба ҳар ҳол, шояд маро пагоҳ муттаҳам кунанд, ки чаро барои дифоъ аз ҳуқуқҳоят ба додгоҳ муроҷиат накардӣ. Ман тасмим гирифтаам, ки аз болои ин қонуни ғайриконститутсионӣ шикоят барам."

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ чӣ зарурате пеш омад, ки ҳамин қонунро қабул кунанд ва аз вакилони мудофеъ имтиҳони касбӣ гиранд?

Воҳидова: "Ман фикр мекунам, ки ин ҳама маҳдудсозиҳо бо як мақсад буд, яъне даҳонбандии вакилони фаъол, то ки аз шиканҷаву дастгиркарданҳо, ҳабси ғайриқонунии шаҳрвандон садо баланд накунанд. Ин қонун танҳо барои адвокатҳои гапнодарои мақомот аст."

XS
SM
MD
LG