Пайвандҳои дастрасӣ

"Агар далел биёранд, "наҳангҳо"-ро ҳам боздошт мекунем"


Дар пасманзари даъвати Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз ҳамкории мардум дар амри ҷилавгирӣ аз фасод, мақомоти ин ниҳод мегӯянд, мубориза бо "наҳангҳо"-и ришвахор ҳам бояд бо далел сурат гирад.

Як мақоми оҷонсӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иддаоҳо дар бораи боздошти танҳо "моҳича"-ҳои ришвахорро беасос номид ва гуфт, агар шикоят аз "наҳанг"-ҳо ҳам расад, билофосила дар пайи таҳқиқаш мешаванд.

"Имрӯз биё", "пагоҳ биё", "раис нест", "як ҳарфи ҳуҷҷат афтидагӣ" ва сад баҳонаи дигар доранд.

Нигора Муқимӣ, як масъули Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод мегӯяд, онҳо ягон муроҷиатро бепосух намемонад, вале вақте худи мардум муроҷиат намекунанд, бар асоси тахмин наметавон касеро дар фасодкорӣ айбдор кард.

"Наҳанг” кӣ аст? Мансабдор ё худи порадеҳ?"

“Мегӯянд, ки “моҳича”-и хурдро дастгир мекунед ва “наҳангҳо”-ро намеқапед. Аз пора гирифтани онҳо огоҳ ҳастанд, худашон роли муҳим мебозанд, лекин боз пинҳон карда, мегӯянд ки “наҳанг”. Ҳамон наҳанг кӣ аст? “Наҳангҳо”-ро аввал муайян кунанд, кӣ аст “наҳанг» - мегӯяд, Нигора Муқимова.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод мегӯяд, талош дорад, ба мақомоту ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳҳои мубориза бо фасодро нишон диҳад. Ба қавли масъулин, дар силсилавохӯриҳо ба мақомот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба онҳо шарҳ медиҳанд, ки ришвахориву тамаъҷӯӣ ва фасод чӣ ҳасту чӣ гуна бояд пеши роҳи онро бигиранд.

"Чормағзу зардолу мебарем, ин ҳам пора аст?"

Даъвати Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасодбарои ҳамкории мардум дар амри мубориза бо коррупсия бори аввал нест. Аммо мардуми оддӣ мегӯянд, муроҷиат аз болои мақомдорони фасодкор на дар ҳама ҳолат ба манфиати онҳо анҷом меёбад. Аз ҷониби дигар, ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, бе додани пора дар бархе ҳолат кори якрӯза, моҳҳо тӯл мекашад.

Қаноат Бурҳонов, сокини ноҳияи Хуросон мегӯяд, борҳо мушоҳида кардааст, ки бе додани маблағи иловагӣ ё “чойпулӣ” гирифтани як ҳуҷҷат ё имзо ҳафтаҳо тӯл мекашад. Ӯ мегӯяд, боре ҳам чунин шуд, ки барои кадом коре 100 сомонӣ маблағи иловагӣ надод, аммо баъди ин як моҳ ӯро чунон сарсон карданд, ки беш аз 200 сомонӣ маблағ харҷ кард.

Ин ҳолатҳо ба қавли Қаноат Бурҳонов, ӯ ва чандин шахсони дигарро водор мекунад, ки зиёд “қонунбозӣ” накарда, «бо ҳар роҳе» корро ҳал намоянд. «Бо ҳар роҳ» дар аксар ҳолат маънои додани пораро дар назар дорад.

Бурҳонов афзуд, “агар аз болои мансабдорони фасодкор ба дигар ҷой шикоят кунед ва дубора коратон ба ҳамон идорае, ки аз болояш шикоят кардаед афтад, дигар тамом. Албатта аз шумо дигар пора талаб намекунанд, аммо он қадар сарсонатон мекунанд, ки худатон ба додани маблағ розӣ мешавед. “Имрӯз биё», «пагоҳ биё», «раис нест», «як ҳарфи ҳуҷҷат афтидагӣ» ва сад баҳонаи дигар доранд.”

Мақомот ва коршиносон мегӯянд, маҳз надоштани дониши ҳуқуқӣ сабаб шудааст, ки аҳолӣ ҳаққи худро талаб намекунанд. Таҳлилгарон мегӯянд, то ҳол дар тафаккури як қисми аҳолӣ чунин андеша боқӣ мондааст, ки барои иҷрои вазифааш ба корманди давлатӣ бояд маблағи иловагӣ бидиҳанд.

Ду-се кило савғотӣ бурда медиҳед, ки "ако, гирифта кори маро буд кунед."

Алибой Назиров, як сокини ноҳияи Айнӣ мегӯяд, ҳар боре, ки барои гирифтани ягон ҳуҷҷат ба идораҳои давлатӣ равад, ҳамроҳаш савғотӣ мебарад. Савғотии Алибой ҳам, ки деҳқон аст, асосан чанд кило чормағз ва ё зардолуи хушк аст. Ин сокини ноҳияи Айнӣ бовар дорад, ки ин амалаш на ришвадиҳӣ, балки “изҳори дӯстӣ” аст.

“Ду-се кило савғотӣ бурда медиҳед, ки «ако, гирифта кори маро буд кунед». Ба ин восита шинос мешавед. Чанд кило чормағзу ғулинг мебарем, тамом, пул намедиҳем. Наход ҳамин ҳам пора додан шавад?”-мепурсад Алибой Назиров.

Қонунгузории Тоҷикистон дар баробари гирифтани ришва, додани онро низ ҷиноят муқаррар кардааст. Моддаи 320-и Кодекси ҷиноятӣ барои пешниҳоди ришва аз панҷ то даҳ сол зиндонро пешбинӣ кардааст. Дар ин миён танҳо он афроде аз ҷавобгарӣ озод мешаванд, ки дар сурати аз ӯ ришва хостани мансабдор, ба мақомоти тафтишотӣ хабар диҳад.

"Аҳолӣ дар мубориза бо фасод бетараф аст"

Ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомот дар амри мубориза бо фасод чандин маротиба аз сӯи коршиносон ғайриқаноатбахш арзёбӣ шудааст.

Алиакбар Абдуллоев
Алиакбар Абдуллоев

Алиакбар Абдуллоев, раҳбари Маркази ҷумҳуриявии тарғиби маърифати зиддикоррупсионии Тоҷикистон мегӯяд, “агар танҳо сохторҳои давлатӣ бо фасод мубориза баранд ва ин кор бо роҳи истифодаи механизмҳои қонун аз ҷумла ба ҷавобгарӣ кашидан сурат гирад, натиҷагирӣ дар самти мубориза бо фасод он қадар чашмрас намешавад.”

Коршиносони дигар мегӯянд, сабаби асосии ҳамкории ками мардум бо мақомот дар набуди эътимод ба мунсифона баррасӣ шудани қазияҳо мебошад. Тоҷикистон дар шохиси ришвахории созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Транспаренси Интернешнл дар мақоми поёни 152-юм қарор дорад. Ба гуфтаи ин созмон, далелҳо нишон медиҳанд, ки “ришвахорӣ дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудааст ва дар тамоми сатҳҳои ҷомеа вуҷуд дорад”.

XS
SM
MD
LG