Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

33 соли артиши Тоҷикистон. Дифоъ аз ҳукумати Раҳмон, сабқат бо Бишкек ва нақши Чин


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

“Артиши Тоҷикистон ба ҳолати соли 2024 дар асл мисли артиши соли 1985 ба назар мерасад”, - мегӯянд таҳлилгарони Маркази таҳқиқотии Oxus Society, ки ба омӯзиши масоили Осиёи Марказӣ машғуланд. Ин марказ дар гузориши муфассале таърихи 33-солаи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро тасвир карда, аз тафовут ва бурду бохти он қисса кардааст. Дар ин таҳқиқот, гуфта шудааст, ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар солҳои 1992–1997 сенарияи тарснокеро намоиш дод, ки метавонад, дар шакли васеътар, дар Осиёи Марказӣ такрор шавад.

Ин то ба ҳол дар мадди назари кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон қарор дорад ва дар ташкили артишу мусаллаҳсозии сарбозон ба назар гирифта мешавад. Ҳамчунин дар гузориш гуфта шудааст, ки Тоҷикистон ҳамоно бо мушкилоти хоси амниятӣ рӯ ба рӯ аст — аз як тараф, таҳдидҳои эҳтимолӣ аз ҷониби мухолифони режими президент Эмомалӣ Раҳмон дар дохили кишвар, ва аз тарафи дигар, вазъ дар марз бо Афғонистон ва Қирғизистон. Ба навиштаи муаллифони пажӯҳиш? Тоҷикистон, ки фақиртарин кишвари Осиёи Марказӣ аст, харҷаш ба артиш ниҳоят кам аст ва аз лиҳози таъминоти зарурии молӣ ба бахши дифоӣ кишвар мушкил дорад.

Коршиноси Радиои Озодӣ Брюс Паннир дар доираи подкасти "Маҷлис" моҳи ноябри соли 2024 бо ду таҳлилгари Маркази таҳқиқотии Oxus Майкл Ҳиллиард ва Дерек Бизаччио дар бораи вазъи артиши Тоҷикистон сӯҳбат кард.

Майкл Ҳиллиард - гардонандаи подкасти Redline аст, ки мавзӯҳои ҳарбӣ ва амниятиро баррасӣ мекунад. Дерек Бизаччио таҳлилгари Forecast International, дар масоили бозорҳои ҷаҳонии мудофиа мебошад.

Тарҷумаи ин сӯҳбат ба забони тоҷикӣ тақдим мешавад:

Брюс Паннир: Созмони Oxus дар Вашингтон оид ба Осиёи Марказӣ гузорише муфассале аз вазъи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нашр кард. Майкл, вақте шумо рӯйи ин тарҳ дар бораи Тоҷикистон кор мекардед, чизе буд, ки барои шумо бештар аз ҳама тааҷубовар буд?


Майкл Ҳиллиард: Бисёр чиҳо буд. Масалан, барои ман тааҷубовар ин буд, ки дар баъзе аз маҳалҳо амалиёти фаврии бехатарӣ то чӣ ҳад бад роҳандозӣ шуда буд. Вале дар маҷмӯъ аз ҳама ҷолиб ин буд, ки тамоми ин сохтор дар Тоҷикистон бар асоси бартариҳо ба амнияти дохилӣ ба роҳ монда шудааст. Онҳо силоҳҳои нав мехаранд, бо ҳамсояҳо як навъ сабқати низомӣ ба роҳ монда шудааст, аммо тамоми талошҳо ба назорати дохилӣ равона шудааст. Бароям ин ҷолиб буд, ки чӣ қадар амният, сиёсат ва артиш дар ин минтақа ба ҳам пайванданд.

Брюс Паннир: Дерек, барои шумо чӣ, дар ин таққиқот бештар аз ҳама чӣ ҳайратовар буд?

Дерек Бизаччио: Дидани мавқеи ҷойгиршавии артиш барои ман ҷолиб буд. Одатан дар кишварҳои худкома артиш дар атрофи пойтахт ҷамъ оварда мешавад, ҳангоми таҳияи харита маълум шуд, ки дар Тоҷикистон ин воқеан рӯшан дида мешавад. Ҳамчунин ман аз он дар ҳайрат мондам, ки бо вуҷуди ҳама танишҳо байни Тоҷикистону Қирғизистон, эҳтимоли сар задани ҷанги тӯлонӣ байни онҳо вуҷуд надорад. (Бишкек ва Душанбе марти 2025 созишномаи марзиро имзо карданд)


"Раҳмон ҳама корро мекунад, ки нагузорад, қудрату тавоноии яке аз сохторҳо назар ба дигарон бештар шаваду зидди ӯ бархезад.”

Брюс Паннир: Дерек, метавонед дар бораи солҳои аввали рушди артиши Тоҷикистон нақл кунед? Чӣ мушкилот дошт?

Дерек Бизаччио: Дар қиёс бо кишварҳои ҳамсоя, Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравӣ ҳеҷ воҳиди низомие ба мерос нагирифтааст. Кишвар на сохтори шаклгирифтаву устувори низомӣ ва на аслиҳаи зиёд дошт. Бар иловаи ин, кишвар ба зудӣ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ ворид шуд. Дар натиҷаи муборизаи нухбагон ва гурӯҳҳои мухталиф барои расидан ба қудрат, кишвар дар як ҳолати бӯҳронӣ қарор гирифт. Дар ин низоъ, ҳукумати Тоҷикистон ба пуштибонии Русия ва Узбекистон вобастагии зиёд дошт. Бо поён ёфтани ҷанг, масъалаи аз сифр ташкил додани нерӯҳои мусаллаҳ пеш омад. Қарор шуд гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷонибдори ҳукумат, ки дар даргириҳо барои расидан ба пирӯзӣ ба Эмомалӣ Раҳмон кӯмак карда буданд, ба ҳайати расмии артиш шомил шаванд. Вале манзур аз набуди мероси низомии Шӯравӣ ин адами таҷрибаи машқӣ, омодагӣ ва заъфи заминаҳои моддиву техникӣ буд. Қисми зиёди таҷҳизоти ҳарбӣ аз даврони Шӯравӣ боқӣ монда буд ва ё баъдан аз ҷониби Русия ба таври ройгон ё бо шартҳои имтиёзнок ба Тоҷикистон дода шуд.

Брюс Паннир: Майкл, ба назари Шумо муҳимтарин дарсе, ки мақомоти тоҷик пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳангоми ташкили артиш дар солҳои баъдиҷангӣ гирифтанд, чӣ буд?

Майкл Ҳиллиард: Ман фикр мекунам, муҳимтарин дарсе, ки Раҳмон аз ҷанги шаҳрвандӣ бардошт, фаҳмид, ки ба кӣ бояд эътимод кунад. Президент намехоҳад, ки ба як гурӯҳ ё як воҳиди низомӣ такя кунад. Вай соҳиби бригадаи 7-уми ҳамлавари десантӣ дар Душанбе ва Артиши миллӣ аст, ки мустақиман ба худи ӯ итоат мекунанд. Ҳамчунин нерӯҳои Вазорати корҳои дохилиро дорад. Ба ин тартиб ҳатто агар яке аз ин воҳидҳои зидди ҳукумат ошӯб бардорад, сохторҳои дигар метавонанд онро ҳимоят кунанд. Ин як усул ё системаи муҳофизатӣ аст, ки дар тамоми сохтори қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Кӣ аз кадом сохтор ва чӣ гуна захира мегирад, дар куҷо ҷойгир аст, то чӣ андоза қобилияти вокуниши сареъ дорад. Ин ҳама зоҳиран аз таҷрибаи ҷанги шаҳрвандӣ ва бардошти шахсии худи Раҳмон шакл гирифтааст.

(Нерӯҳои артиши Тоҷикистон дар воқеъ тавре роҳандозӣ шудааст, ки дар ҳолати зарурӣ ё ҳангоми ошӯби як сохтор, Раҳмон тавонад, ба сохторҳои дигар такя кунад. Масалан дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки он замон онро Ёқуб Салим раҳбарӣ мекард, 20 ҳазор сарбоз дошт. Ин рақам бештар аз сарбозон дар тамоми артиши кишвар буд— Брюс Панир.)

Брюс Паннир: Бо таваҷҷӯҳ ба он ки таҳдиди асосӣ ба Тоҷикистон аз дохил бармехезад, ҳукумат чӣ гуна нерӯҳоро байни вазоратҳои корҳои дохилӣ ва мудофеа тақсим мекунанд? Тақсими нақшҳо чӣ гуна сурат мегирад?

Дерек Бизаччио: Дар сатҳи низомӣ мо мебинем, ки таҷҳизоти навтарин асосан ба пойтахт равона мешавад. Масалан, бригадаи 7-уми ҳамлавари десантии артиши кишвар дар ҳудуди Душанбе, мошинҳои нави зиреҳпӯш, системҳои партоби мушакӣ ва эҳтимол дастгоҳҳои бесарнишини ҳавоӣ доранд. Ҳарчанд Тоҷикистон имконоти маҳдуди молӣ дорад, Раҳмон тамоми талошро мекунад, то сохторҳои калидӣ баробар тақвият ёбанд ва имкон дода нашавад, то яке аз дигарӣ қавитар шуда, зидди ӯ ошӯб кунад.


"Нерӯҳои Тоҷикистон дар тамоми минтақа соҳиби таҷрибаи бештари ҷангӣ мебошанд”

Брюс Паннир: Дерек, нерӯҳои тоҷик, махсусан марзбонҳо таҷрибаи хубе доранд. Ин ҳам дар марзи Афғонистон ва ҳам дар марзи Қирғизистон мушоҳида мешавад. Ҳарчанд артиши Тоҷикистон чандон калон нест ва маблағгузории кам дорад, он воқеан таҷрибаи ҷангӣ дорад, чизе, ки артиши кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ надоранд. Чӣ тавр ин метавонад ба имконоти ҷангии Тоҷикистон таъсир гузорад?

Дерек Бизаччио: Шумо дуруст қайд кардед. Новобаста ба камбуди молӣ, сарҳадбонони Тоҷикистон шояд дар тамоми минтақа таҷрибаи бештари ҷангӣ доранд. Онҳо борҳо дар даргирӣ бо Толибон ва дигар гурӯҳҳои ҷангҷӯе, ки аз сӯйи Афғонистон ворид мешуданд, ширкат кардаанд Ин таҷриба ба онҳо вокуниши сареъ ба ҳамлаҳо ва қобилияти истифодаи заъфи душманро меомӯзад. Тоҷикистон нақши як минтақаи ҳоил ё буфериро иҷро мекунад, ки қисматҳои дигари Осиёи Марказиро аз таҳдидҳое, ки аз ҷониби Афғонистон сар мезананд, ҳимоя кунад. Ин вазъият кишварро водор месозад, ки сохторҳои фармондеҳӣ ва зудамал буданро тақвият бахшад. Дар қиёс бо кишварҳои ҳамсоя, ки эҳтимол дар робита ба ин хатарҳо танҳо бардошти назариявӣ доранд, Тоҷикистон бо ин таҳдидҳо амалан рӯбарӯ мешавад.

Брюс Паннир: Ҳангоми муноқишаи марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2021 ва 2022 бардошти ман ин буд, ки нерӯҳои Тоҷикистон маҳз бо истифода аз таҷрибаи ҷангии худ дар марз муассиртар амал мекарданд. Марзбонони тоҷик ҳатто аз сарҳад гузашта, ба қаламрави Қирғизистон ворид шуданд. Оё ин аз бартарии онҳо дар баробари нерӯҳои ҳарбии кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дарак медиҳад?

Майкл Хиллиард: Вазъ душвортар аст, зеро Хадамоти марзбонии Тоҷикистон амалан аз нерӯҳои дигари артиш ҷудо аст. Вай зертобеи Кумитаи амнияти миллӣ аст ва мустақим ба президент итоат мекунад. Чин, Русия ва Иттиҳоти Аврупо медонанд, ки дар сурати роҳ ёфтани маводи мухаддир ё гурӯҳҳои террористӣ ба Тоҷикистон, он дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва аз ин тариқ ба Аврупову Русия паҳн мешавад. Бинобарин, аксари ин кишварҳо, махсусан Чин барои шадидан таҳким додани сарҳад бо Афғонистон, нерӯҳои марзбониро бештар маблағгузорӣ мекунанд. Ҳамин нерӯҳо, ки дар баробари марзи Афғонистон марз бо Қирғизистонро ҳам ҳимоя мекунанд, дар даргириҳои соли 2021-2022 бартарии бештар доштанд. Танҳо нуқтаи заъф ин буд, ки нерӯҳои Қирғизистон бесарнишин ё дронҳоро дар ихтиёр доштанд. Қирғизистон пеш аз муноқишаҳои соли 2022 аз Туркия дронҳои Bayraktar TB2-ро дастрас карда буд, ки онҳо аз минтақаи Ҷалолобод ба кор андохта мешуданд ва тавозуни нерӯҳоро ҷиддан тағйир доданд.

Брюс Паннир: Дерек, кадом самтҳо ҳоло барои низомиён ва ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон афзалият доранд?

Дерек Бизаччио: Асосан муҳофизати Раҳмону режими вай ва ҳифзи пойтахт. Ҳамчунин марз бо Афғонистон ҳам. Онҳо инчунин бештар дар фикри он ҳастанд, ки тавре Майкл гуфт, “сабқати низомиро мебозанд”. Аз ҳамин сабаб, харидории силоҳ ва таҷҳизоти муосир барои онҳо ба самти афзалиятноки хароҷот табдил ёфтааст. Онҳо ба ифтитоҳи корхонаҳои тавлиди паҳподҳо (БПЛА) шурӯъ карданд. Хабари таъсиси яке аз чунин корхонаҳо дар соли 2022 дар сархати хабарҳо қарор гирифта буд. Ин корхона бо кӯмаки Эрон барои тавлиди паҳподи навъи “Абобил-2” ифтитоҳ ёфт.


“Русия барои ҷамъоварии таҷҳизоти навтарин дар Душанбе зарурат надорад.”

Брюс Паннир: Биёед каме дар бораи он сӯҳбат кунем, ки ба нерӯҳои ҳарбии Тоҷикистон кӣ кӯмак мекунад ва чӣ навъи таҷҳизотро дар ихтиёр доранд.

Майкл Хиллиард: Қисми зиёд ин таҷҳизоти тавлиди солҳои 1960-70-уми замони Шӯравӣ аст. Аксари онҳо дар қисмҳои захиравии Русия ва Украина истифода шуда, баъд фурӯхта шудаанд. Инҳо зиреҳпӯшҳои кӯҳна ва тӯпхона ё артиллерия мебошад. Барои мисол, қисми зиёди мошинҳои зиреҳпӯш аз Русия аст. Гап сари БТР ва БМП аст. Албатта техникаҳои нав ҳам ворид мешавад, аммо дар маҷмӯъ қисми зиёд, ин силоҳҳои кӯҳна ва арзони Русия аст.

Брюс Паннир: Дерек, барои ман нерӯҳои 201-и Русия, ки пойгоҳаш дар Тоҷикистон мустақар шудааст, аҷиб аст. Аз ин пойгоҳ таҷҳизот ва нерӯҳоро бароварда ба Украина мебаранд. Ин дар ҳолест, ки пойгоҳи 201-уми ҳамеша чун кафили асосии амнияти Тоҷикистон арзёбӣ мешуд. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ин пойгоҳ барои режим нақши муҳимеро иҷро мекард. Оё Русия ҷойи холимондаи таҷҳизоти ба Украина бурдаашро пур хоҳад кард?

Дерек Бизаччио: Қисме аз техникаҳое, ки Русия солҳои ахир ва пеш аз ҷанги Украина ба пойгоҳи 201-ум дода буд, ҳанӯз дар Тоҷикистон мондаанд. Махсусан намунаҳои нави БТР ва шаклҳои нави Т-72. Вале қисми зиёд онҳо ба берун бурда шудаанд. Дар даргириҳои Украина , Русия водор шуд теъдоди хеле зиёди аслиҳаи кӯҳнаро аз анборҳо бароварда ба ҷанг ирсол кунад. Аз ин рӯ дар шароите, ки артиши ин кишвар дар майдони ҷанг бо силоҳи кӯҳна меҷангад, нигаҳдории аслиҳаи навтарин дар Тоҷикистон ба манфиати Русия нест. Дар ҳар сурат, як қисми техникаи ҳарбӣ он ҷо боқӣ мондааст. Агар ба тамринҳои ахири ҳарбӣ бингарем, мушоҳида мешавад, ки баъзе аз тонкҳои Т-72-и Русия ҳамоно дар Тоҷикистонанд. Ҳарчанд шуморашон хеле кам мондааст. Дар масъалаи ҳайати шахсӣ, бинобар оморҳои дастрас то 1500 сарбози нерӯҳои 201-ум дар давраҳои гуногун барои ширкат дар ҷанг ба Украина сафарбар шудаанд. Онҳо ҳанӯз аз оғози ҷанг, дар он ширкат доранд. Ин барои Тоҷикистон чӣ маънӣ дорад? Хеле нигаронкунанда аст. Тоҷикистон бештар ба ин пойгоҳ такя мекунад ва ба он чун “суғуртаи амниятӣ”-е менигарад, ки дар ҳолати сар задани таҳдидҳои берунӣ ё низои дохилӣ аз ҳукумат пуштибонӣ мекунад. Барои мисол агар яке аз фармондеҳони воҳидҳои махсус зидди президент бархезад, мумкин аст, Русия ба кӯмак мешитобад ва аз Раҳмон ҳимоят мекунад. Вале ҳоло, ки Русия банди Украина аст ва ҳузури низомиаш дар Тоҷикистон заиф мешавад, ин вазъ Душанберо дар ҳолати осебпазир қарор медиҳад.

Брюс Паннир: Майкл, дивизияи 201-ум, ки дар Тоҷикистон пойгоҳ дорад, ба фарқ аз артиши Тоҷикистон ба шаҳрвандони ин кишвар қарордод бо шароитҳои хуб, аз ҷумла додани шаҳрвандиро пешниҳод мекунад. Оё ин метавонад ба раванди ҷалби ҷавонон ба артиши Тоҷикистон ҳам таъсир расонад?

Майкл Хиллиард: Ҳаммааш вобаста ба воҳиди низомӣ аст. Агар гап дар бораи нерӯҳои хушкигард бошад, пас бале, пойгоҳи 201-ум шароити хеле беҳтарро пешниҳод мекунад. Вале бо хидмат дар марзи Тоҷикистон, махсусан дар сарҳади Афғонистон ҳам имкони ба даст овардани пули хуб вуҷуд дорад. Масалан, агар ба вуруди баъзе маҳсулоти қочоқӣ чашм пӯшид. Ҳамчунин хидмат дар сафи нерӯҳои мобилӣ ва воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохила ҳам бонуфуз аст. Русия воқеан муттахасисони хубро ҷалб мекунад, вале аксари хидматчиёни нерӯҳои хушкигард сарбозони камтаҷрибае ҳастанд, ки Маскав ба онҳо чандон таваҷҷӯҳ надорад. Низомиёни Русия дар навбати аввал ҷангиён аз сафи нерӯҳои мобилӣ ва пулисро ҷалб мекунанд. Вале дар ҳар сурат новобаста аз он, ки як низомӣ дар артиши Тоҷикистон хидмат мекунад ё дар сафи нерӯҳои Русия – даромадаш камтар аз нафаре хоҳад буд, ки дар марз бо Афғонистон фаъолият дорад.


"Чин Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ва баталёни нави зудамал дар марзи Афғонистонро сармоягузорӣ мекунад”

Брюс Паннир: Майкл, ҳоло, ки Русия банди Украина аст, Тоҷикистон бояд барои таҳкими мавқеи заифшуда ба кӣ такя кунад?

Майкл Ҳиллиард: Онҷо ҳоло як гурӯҳи кишварҳои ҳавасманд кор мебаранд. Русия ҳанӯз ҳузур дорад, пойгоҳи он дар Бохтар ва нерӯҳои 201-ум мисли пеш фаъолият доранд. Дар Норак пойгоҳи назорати кайҳонии “Окно” ҳузур дорад, ки таҳти фармондеҳии Нерӯҳои кайҳонии Русия, чун пештара кор мекунад. Мо ҳамчунин дар Тоҷикистон системаҳои мудофиаи зиддиҳавоии С-300 мушоҳида кардем. Тибқи созишнома С-300 дар ғарби Тоҷикистон мустақар шудааст. Ман фикр мекунам, ин иқдом бештар ба хотири таҳкими робита бо Русия роҳандозӣ шудааст. Чин ба яке бозигарони қудратманди дигар дар минтақа табдил ёфтааст, вале ман фикр мекунам, бардошт аз амалу усулҳои ин кишвар дар инҷо баъзан нодуруст аст. Дар минтақаи Бадахшони куҳӣ, Чин як иншоотеро дар ихтиёр дорад, ки аввал назорати он муштаракан ба Тоҷикистону Чин рабт дошт, вале ҳоло онро пурра Чин соҳибӣ мекунад. Иншоот на аз ҷониби артиш, балки аз сӯйи "Пулиси мусаллаҳи мардумии Чин" идора мешавад. Пас аз ҳамла ба пойгоҳҳояш дар Покистон, ки дар пайи норозигии коргарони маҳаллӣ аз нобаробарӣ дар тақсими маошу пешниҳоди шароити кор ба кормандони чинӣ сар зада буд, Чин талош дорад, дар Тоҷикистон аз такрори ин ҳодиса ҷилавгирӣ кунад. Бинобрин, ба ҷойи ба таври оммавӣ ворид кардани коргарони худ, Чин ба Тоҷикистон фақат 300 нафарро фиристод. Маблағгузориро асосан ҳоло ба неруҳои марзбонии Тоҷикистон равона кардааст, то онҳоро мутақоид созад, ки шумори воҳидҳои худро бештар кунанд. Онҳо ҳамчунин баталйони нави зудамали Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистонро, ки дар минтақаҳои ҷанубӣ, наздик ба марзи Афғонистон фаъолият мекунад, маблағгузорӣ менамоянд. Дар баробари ин дар минтақа, асосан дар Кӯлоб, ширкатҳои муҳофизатии хусусии чинӣ фаъолият доранд. Чин ҳарчӣ бештар ба бахшҳои амниятӣ ворид мешавад, вале ин ҳамаро ба воситаи сохторҳои Тоҷикистон амалӣ мекунад, на мисли Русия ба таври мустақим. Ҳинд аз бозигарони дигари минтақа аст. Аввал чунин ба назар мерасид, ки ин кишвар метавонад аз шарикони наздики Тоҷикистон шавад. Ҳиндуҳо ба пойгоҳи ҳавоии Айнӣ, вақеъ дар ғарбӣ Душанбе ба таври назаррас маблағгузорӣ карданд ва ният доштанд, он ҷо пойгоҳи муштарак бунёд кунанд. Вале Русия ба ин кор дахолат карду ба Ҳиндустон фишор овард ва пофишорӣ кард, то пойгоҳи муштарак аз Русияву Тоҷикистон бошад.

Брюс Паннир: Дерек, метавонед аз дигар бозигарон ҳам ёдовар шавед? Шумо ёдрас шудед, ки Эрон дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди паҳподро таъсис дод, вале дар тӯли ин солҳо аксар кишварҳои дигари ғарбӣ ҳам ба Тоҷикистон кӯмак кардаанд.

Дерек Бизаччио: Ғарб, бахусус ИМА замоне, ки дар Афғонистон ҳузур ва амалиёт дошт, бо ҳадафи таъмини амният дар марз, талош мекард бо кишварҳои ҳамсояи он робитаро таҳким бахшад, аммо пас аз суқути ҳукумати Афғонистон дар соли 2021 ва хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ, таваҷҷӯҳи ин кишвар ба минтақа кам шуд. Нуктаи ҷолиб ин аст, ки пас аз фурӯпошии Кобул, даҳҳо ҳавопаймои артиши миллии Афғонистон ба Узбекистон ва Тоҷикистон бурда шуданд. Узбекистон тобистони имсол тавонист барои аз худ кардани ин ҳавопаймоҳо бо Амрико ба созиш расад. Гуфтушуниди Тоҷикистон ҳанӯз дар ин маврид идома дорад. ИМА мехоҳад дар ивази ба даст овардани кафолат ва қарордод дар заминаи ҳифзи марз ва мубориза бо терорризм, ин ҳавопаймоҳоро дар ихтиёри Тоҷикистон гузорад. Аз ин рӯ, муносибат бо Тоҷикистон ҳамеша дар пасманзари вазъ дар Афғонистон сурат мегирифт. Аммо ман фикр мекунам, ки Ғарб низ албатта бар ин талош аст, ки аз такрори ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ шавад. Бинобарин барои таҳкими нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва ҳифзи суботу пешгирӣ аз суқути ҳукумат, талошу ҳамоҳангӣ мекард.


"Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон манфиатдоранд, ки вазъу таҳдидҳоро бузургтар нишон диҳанд, то ба онҳо пули зиёдтар ҷудо шавад”

Брюс Паннир: Майкл, ҳукумати Тоҷикистон солҳост аз таҳдидҳо дар марз барои ҷалби кӯмакҳои низомӣ дар минтақа истифода мекунад, ҳоло ин стратегия то куҷо коромад аст? Ҳоло ин усул ба фарқ аз солҳои пеш камтар кор медиҳад? Ё ҳанӯз ҳам ҳар боре, ки ба пули бештар ниёз пайдо кунанд, эълон мешавад, ки “Дар марз 4000 ҷангҷӯ ҷамъ омадааст ва фавран кӯмак лозим аст”?

Майкл Хиллиард: Ин ду паҳлӯ дорад. Мо мебинем, ки мақомоти Тоҷикистон аз ҳамлаи шохаи Хуросони гурӯҳи “Давлати Исломӣ” ё “ДОИШ” дар марз хабар медиҳад. Вале ҳамлаҳои ҷиддӣ зиёд нест. Аксаран ин ҳодисаҳои хурду беаҳамиятанд. Баъзан изҳороти расмӣ дар бораи тирпаронӣ дар марз нашр мешавад, вале вақте бо сокинони маҳаллӣ тамос мегирӣ ва ҷузъиётро мебинӣ, маълум мешавад, ки ин кори як деҳқони маст будааст, ки ба ҳаво тир холӣ кардааст. Як занҷираи муайяне шакл гирифтааст. Хадамоти марзбонии Тоҷикистон барои бузургтар нишон додани таҳдидҳо манфиатдоранд. Зеро Русия, Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои байналмилалӣ ба онҳо пул ихтисос медиҳанд. Дар айни замон шохаи Хуросонии “ДОИШ” ҳам барои ташдиди вазъ сабаб доранд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки аз маблағгузорони сарватманди худ, кишварҳои Халиҷи Форс пули бештар ба даст оранд. Бинобар ин, ба чунин гузоришҳо бояд бо шубҳа ва эҳтиёткорона назар кард. Аммо бо ин ҳама, таҳдидҳои ҷиддӣ ҳам ҷой доранд. Пайдоиши нашрияҳое чун “Садои Хуросон” мояи аслии нигаронии хадамоти махсуси Тоҷикистон шудааст. Ин нашрияи шохаи Хуросонии “Давлати Исломӣ” аст ва дар он ошкоро мардумро ба сарнагун кардани ҳукумати Душанбе даъват мекунанд ва ин ҳукуматро ба ташвиш меорад. Дар маҷмӯъ сохторҳои амниятии Тоҷикистон шеваи дурусти мубориза бо таҳдидҳоро аз худ кардаанд. Онҳо тавони ҳифзи субот дар марзро доранд.


Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG