Дар охири солҳои 80-уми асри гузашта, баъди фурӯпошии Шӯравӣ ва поёни ҷанги сард (Cold War) миёни Амрико ва Иттиҳоди Шӯравӣ, профессори Донишгоҳи Ҳарвард Ҷозеф С. Ние (Joseph S. Nye) консепсияи қудрати нарм (Soft Power)-ро пешниҳод кард. Ӯ зарурати ин консепсияро чунин баён мекунад: пас аз тамом шудани ҷанги сард амрикоиҳо мехостанд, мавқеи худро дар ҷаҳон бе Шӯравӣ бифаҳманд.
Консепсия ё назарияи нерӯи нарм барои дар эътидол нигоҳ доштани робитаҳо дар байни миллатҳо ва фарҳангҳо матраҳ шудааст. Ин консепсия бар асоси арзишҳои демократӣ сохта шуда, ба гуфтугӯ дар байни миллатҳо, шиносоии фарҳангу ҳунар ва мусиқии онҳо ва ҷалби бештари халқҳои гуногун ба варзиш мусоидат мекунад.
Худи Ҷозеф Ние консепияро чунин тавсиф мекунад: тавоноӣ барои ба даст овардани чизе тавассути ҷалби ихтиёрӣ, на бо роҳи иҷборӣ ва пардохти пулӣ. Ин ҳадаф аз роҳи шиносоии ормонҳои сиёсӣ ва сиёсатгузориҳои кишвар барои ҷалби сармоягузорон, сайёҳон ва қишрҳои гуногуни кишварҳои дигар ба даст меояд. Агар сиёсатгузориҳои моро дигарон дуруст ва қонунманд ҳисобанд, пас, қудрати нарми мо тавсеа пайдо мекунад.
Дар замони муосир бисёре аз кишварҳо қудрати нарми худро ба воситаи намояндагӣ, гуфтушунид (диалог), якдигарфаҳмӣ, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ё иштирок дар маъракаҳои фарҳангӣ ба монанди варзиш, маҳфилҳои адабию ҳунарӣ дар кишварҳои дигар густариш медиҳанд.
Қудрати нарм ба кишварҳо имкон медиҳад, тавассути ҳамкорӣ бо сиёсатмадорон, нухбагони сиёсӣ (элита), донишмандон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсиргузор гардад. Он ба ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммули ақидаҳои гуногун (плюрализм) ва тавсеаи ҳамкориҳои муштарак дар байни миллатҳо дар тамоми ҷаҳон новобаста аз ҷинсу қавм мусоидат карда, пули гуфтугӯро ба вуҷуд меорад.
Дар ин замина, суоле ба миён меояд, ки чӣ тавр кишварҳои абарқудрат дар Тоҷикистон барномаҳои гуногунҷанбаи худро пеш мебаранд.
Дипломатияи мардумӣ ва қудрати нарми Амрико дар бисёр кишварҳои дунё дида мешавад. Бешубҳа дар Тоҷикистон низ Амрико ва кишварҳои дигар аз чунин нерӯ истифода мекунанд. Барои мисол, онҳо дар Тоҷикистон барномаҳои омӯзишӣ ба роҳ мондаанд. Тақрибан ҳамаи барномаҳои бепул ва бурсии таҳсил ва бозомӯзӣ дар Амрико дар марказу гӯшаҳои таълимии он дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд.
Ин марказу барномаҳо ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми одӣ дастрас буда, шабакаҳои иҷтимоӣ ба монанди Фейсбук, Твиттер, Инстаграм, Ютуб ва ғайра барои муаррифии ин барномаҳо бисёр хуб ба роҳ монда шудаанд. Шаффофияти корбарии шабакаҳо барои таблиғи барномаҳои таълимӣ фазои рақобат дар ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба вуҷуд меоварад. Чунончи, барномаҳое чун "Women leadership", "Exchange Programme", Fullbright ва ғайра дастраси ҳамагон мебошанд.
Ҳар кас аз рӯи қобилияташ метавонад дар ин барномаҳо иштирок кунад. Дар соли 2019 Дафтари корҳои омӯзишӣ ва фарҳангии Амрико (The Bureau of Educational and Cultural Affairs) 82.9 миллион доллар барои барномаҳои омӯзишӣ, 51.1 миллион доллар барои табодули фарҳангӣ, 2.8 миллион доллар барои барномаҳои роҳбарони ҷавон, 418,000 доллар барои фарҳанг ва баромад ва 21.8 миллион доллар барои дастгирии барномаҳои табодул ҷудо кардааст. Ин барномаҳо барои хуб нигоҳ доштани муносибат ва тақвияти ҳамкориҳо метавонанд мусоидат кунад.
Барномаҳои Дафтари номбаршуда барои тарбияи роҳбарони ҷавони кунунӣ ва оянда, барои сохтани муносибатҳои созанда, якдигарфаҳмӣ ва тақвияти шабакаҳои пойдор ва нигоҳдории арзишҳои амрикоӣ мусоидат мекунад.
Солҳои охир таъсири на танҳо иқтисоди Чин, балки фарҳанг ва забони чинӣ низ афзоиш меёбад. Инро мо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон мебинем. Чин ҳамчун ҳамсояи Тоҷикистон манфиатдор аст, то аз роҳи густариши иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҳамкориҳо ва муносибатҳои худро бо минтақа ва Тоҷикистон тавсеа диҳад. Майли Чин ба Тоҷикистон пас аз солҳои 1990-97 шурӯъ шуд. Албатта, Тоҷикистон дар ҷанги дохилӣ хисороти зиёди иқтисодӣ дошт ва Чин пеш аз ҳама ба рушди иқтисод дар Тоҷикистон, ки узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой низ мебошад, кумакҳои бебозгашт ва қарзҳо дод. Чин лоиҳаи азиме ба номи "Роҳи абрешим" (Як камарбанд, як роҳ) ”One Road, One Belt” дорад, ки бо амалишавии ин лоиҳа Чин метавонад тариқи Тоҷикистон ба кишварҳои зиёди дунё тиҷорат кунад.
Ҳиндустон Эрон, Афғонистон, Русия, Туркия ва кишварҳои дигар низ дар Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон, марказ ва гӯшаҳои фарҳангӣ доранд, ки барои фаъолсозии равобити дуҷониба ва бисёрҷониба фаъолияти худро пеш мебаранд.
Кишвар |
Институтҳо |
Фаъолият |
Шабакаҳои иҷтимоӣ |
Дасрасӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, Шаффофият |
Ба кӣ равона кардааст |
Амрико |
American Corners, American councils |
Дастрасӣ ба Интернет, адабиёт, ҷашн гирифтанӣ идҳо ҳам тоҷикӣ ҳам амрикоӣ, омӯзиши забон ва ғайра |
Facebook, Instagram, Twitter, Youtube ect |
Ҳаст, ба саволҳои корбарон ҷавоб медиҳанд |
Ҳам ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳам ба давлат |
Чин |
Институт Конфутсий |
Омӯзиши забон |
|
нест |
Ба ҷомиаи шаҳрвандӣ, аммо аксаран Чин мустақим бо ҳукумат кор мекунад |
Олмон |
ДААД (аз соли 2018 бастааст) |
Барномаҳои мубодила, хусусан бо донишмандон |
|
ҳаст |
Донишмандон, донишҷӯён ва касоне, ки аз озмун гузаштан |
Русия |
Русский мир |
Омӯзиши забони русӣ, адабиёти рус ва гузаронидани озмунҳо |
нест |
нест |
Ба талабагон ва донишҷӯён, аксарият дар як бахши ягон донишгоҳ ҳаст, масалан, дар Донишгоҳи славянӣ ва ғайра |
Эрон |
Ройзании фарҳанги Эрон аз соли 2015 бастааст |
Омӯзиши хатти форсӣ, хушнависӣ, хондани Қуръон |
нест |
|
|
Ҳиндустон |
Гӯшаи фарҳангӣ Дар Донишгоҳи миллӣ, Институти Осиё ва Аврупои Академияи илмҳо, дар шаҳри Панҷакент, Хуҷанд. |
|
|
|
|
Таъсири нерӯи нарм дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ дида мешавад, ки корбарони зиёд ё шаҳрвандон аз он фаъолона истифода мекунанд.
Коршиносон мегӯянд, барномаҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон шаффофият дорад ва ба мардум дастрас аст.
Чин ва Русия ҳангоми иҷрои барномаҳои фарҳангияшон ба якдигар каме монандӣ доранд. Гуфтугӯи мустақим дар шабакаҳои иҷтимоӣ миёни марказҳои таълимии Чину Русия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ вуҷуд надорад ё вуҷуд дорад, аммо фаъол нестанд. Азбаски Чин бурсияҳои худро бештар мустақим ба давлат равона мекунад, мебинем, ки аксар хизматчиёни давлатӣ ва ё кормандони давлатӣ ба Чин ва Русия барои таҳсил ва ё такмили касб фиристонда мешаванд.
Хулоса кишварҳои ҷаҳон консепсияи нерӯи нарми амрикоиро гирифта, ба таври худ онро вобаста ба фарҳангу тавоноии худ барои пешбурди гуфтугӯи миёни фарҳангу тамаддуни ҷаҳон ба роҳ мемонанд. Агар нерӯи нарм дар асл демократӣ, фарҳангӣ амрикоӣ ва моделҳои сиёсӣ сохта шуд буд, Чин ин консепсияро бар асоси иқтисод ва фарҳанги миллии чинӣ рушд медиҳад.
Муаллифи нерӯи нарм Ней қасд дошт, ин таҷрубаро фақат дар Амрико истифода бурда метавонад, аммо Чин бештар нерӯи нармро дар кишварҳои авторитарӣ барои фоидаи иқтисодии худ истифода мебарад. Русия на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ аз ин нерӯ истифода мекунад.
Барномаҳои фарҳангии Русия пеш аз ҳама дар ягон донишгоҳ ва ё марказ ба роҳ монда шуда, ҳамкории фарҳангию забониро рушд медиҳад, аммо пеш аз ҳама Русия мисли Чин тақсим кардани бурсияҳоро ба дӯши ниҳодҳои давлатӣ медиҳад.
Усули таблиғ ва тақсим кардани барномаҳои амрикоӣ ва аврупоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба монанди Twitter, Instagram, Facebook, Youtube роҳандозӣ шудааст ва дар ҳақиқат дастрасӣ ба онҳо осонтар ва рақобати солим дар интихоби озоди ин барномаҳо дида мешавад
Мусаддас Ҷумъаева, коромӯзи Радиои Озодӣ
Манбаъҳо:
https://russkiymir.ru/rucenter/
https://www.rferl.org/a/tajikistan-china-language-economy/26840133.html
https://www.facebook.com/usembassy.dushanbe/