Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси собиқи шаҳри Конибодом ба 12 соли ҳабс маҳкум шуд


Абдусалом Тӯхтасунзода
Абдусалом Тӯхтасунзода

Додгоҳе дар вилояти Суғд собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзодаро ба 12 соли ҳабс   маҳкум кардааст. Ҳукм 30 апрел дар як мурофиаи пӯшида  содир шуда,  ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст.

Маълум нест Тӯхтасунзода ба ин ҳукм чӣ назар дорад. Феълан мақомот ва пайвандонаш аз додани ҳама ҷузъиёт худдорӣ мекунанд ва маълум нест, ки аз болои ҳукм шикоят мебаранд ё не.

Баъди беш аз ду моҳи боздошт додгоҳи шаҳри Конибодом собиқ раиси ин шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзодаро ба дувоздаҳ сол равонаи зиндон кардааст. Ин хабарро чандин манбаи боварбахши Радиои Озодӣ дар сохторҳои ҳифзи қонун тасдиқ кард. Масъулони додгоҳи шаҳри Конибодом рӯзи 7 май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба сабаби ин ки қарор ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст, аз додани ҳама гуна маълумот дар ин бора худдорӣ мекунанд.

Айни замон, ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, Тӯхтасунзода аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ айбдор дониста шудааст. Ҷурми аввали ӯ “қаллобӣ” гуфта мешавад, ки “ дар ҳолати махсусан хавфнок ва ба миқдори махсусан калон содир шудааст”. Ҷинояти дигараш “гирифтани пора ба миқдори калон” будааст. Ҳамчунин манбаъ зикр мекунад, ки ин ҷиноят тариқи гурӯҳи муташаккил сурат гирифтааст, вале дар бораи шахсияти дигар айбдоршудаҳо маълумоти кофӣ дар даст нест.

Назари вакили мудофеъ ё пайвандонаш дар ин бора маълум нест. Пештар ҳамсари Абдусалом Тӯхтасунзода ҳама гуна суҳбатро дар ин бора бо рӯзноманигорон рад карда буд.

Раиси пешини Конибодомро зиндонӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

Абдусалом Тӯхтасунзода, ки дар моҳи январ бо далели ба кори дигар гузаштан аз мансаби раиси шаҳри Конибодом барканор шуда буд, охири моҳи феврал боздошт гардид. Вай дар ин мақом тақрибан се сол кор кард.

Тибқи иттилои ёфтаи Радиои Озодӣ, Абдусалом Тӯхтасунзода дар Узбекистон дастгир ва сипас ба Тоҷикистон оварда шудааст. Як манбаи огоҳ бо шарти фош нашудани номаш гуфт, "ӯро феълан дар Боздоштгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Хуҷанд нигоҳ медоранд."

Ҳамчунин, ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, Сӯҳроб Умарзода – муовини пешини сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ ва Усмон Ҳайдар – мудири собиқи амволи ҳукумати Конибодом низ дастгир шудаанд. Раиси пешини идораи амвол ба қаллобӣ муттаҳам аст. Айбномаи корманди корҳои дохилӣ феълан дақиқ нест. Дар бораи боздошти чанд масъули дигари давлатӣ дар Конибодом ба дасти Радиои Озодӣ гузориш расидааст, вале тасдиқ ё радди онҳо то ҳол имконпазир нашуд.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, боздошти ин афрод баъди ба Конибодом расидани як кумисюни вижа барои таҳқиқи кушторҳои пайиҳам дар охири соли гузашта матраҳ шудааст.

"Аъзои кумисюн сохтмони чанд хонаро дар заминҳои обӣ пайдо карда, инро ба Душанбе гузориш додаанд. Аз онҷо дастур шудааст, ки кори мақомоти Конибодом пурра санҷида шавад, чун онҳо ҳодисаҳои кушторро ҷиддӣ таҳқиқ накардаанд," – афзуд яке аз манбаъҳо.

Баъд аз кушторҳои пайдарпай дар соли 2024 шаҳри Конибодом дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Аз моҳи март то охири соли 2024 дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳри Конибодом зиёда аз бист нафар кушта шуданд ва ин ҳодисаҳо дар минтақа сару садои зиёде барпо кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG