Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ гуфтааст, амнияти ғизоии Тоҷикистон дар хатар аст


Яке аз бозорҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Яке аз бозорҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милал дар гузориши ахираш аз эҳтимоли ба буҳрони озуқа рӯ ба рӯ шудани Тоҷикистон ҳадс задааст.

Дар ин гузориш, ки 16-уми май пахш шуд, омадааст, Тоҷикистон дар баробари чанд кишвари дигар дар пасманзари мушкилоти иқтисодӣ, нархҳои баланди маҳсулоти ғизоӣ ва паёмадҳои шадиди тағйироти иқлим, осебпазир аст. Аз диди муаллифони ин гузориш ин омилҳо дар ояндаи наздик бесуботии озуқувориро амиқ карда, ба дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти ниёзи аввал таъсири бад мегузорад.

Масъулони Вазорати кишоварзӣ дар суҳбати бидуни сабт ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин ниҳод омодагиҳои лозимро барои ҷилавгирӣ аз буҳрони ғизо рӯйи даст гирифтааст. Дар Вазорат гуфтанд, ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи ниҳодҳои дигарро вазифадор кардааст, ки барои кам кардани хавфи буҳрон чораандешӣ кунанд. Аммо мақомот нагуфтанд, ки барои пешгирӣ аз буҳрон чӣ нақшаҳо доранд.

Видеоро инҷо бинед:

СММ гуфтааст, амнияти ғизоии Тоҷикистон дар хатар аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Раҷабалӣ Саидов, кишоварзе дар деҳаи Шайнаки Чинори ноҳияи Рӯдакӣ, ки имсол дар заминҳояш картошка, лубиё, ҷуворимакка кишт кардааст, аз гузориши нави Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ хабар надорад.

Аммо ин деҳқон мегӯяд, ҳар сол хароҷоти кишту кор зиёд мешавад. “Агар ҳамин дору, пору, тухмӣ, коркарди замин гарон шуд, ҳамаи ҳаминро ҳисоб мекунӣ ва болои маҳсулоти кишоварзӣ мемонӣ, ки нарх боло рафтанаш мумкин. Хароҷот, ки зиёд шуд, арзиши маҳсулот низ гарон мешавад”,- мегӯяд ин кишоварз.

Бар иттилои Вазорати кишоварзӣ, соли 2025 дар майдони 424 ҳектор кишти баҳорӣ шудааст, ки аз он 103 ҳекторро ғаладонагиҳо ва боқимонда сабзавоту полезиҳо аст. Сарфи назар аз ин, ҳамасола Тоҷикистон миқдори қобили мулоҳизаи маҳсулоти ғизоӣ ва кишоварзиро аз хориҷи кишвар меорад. Соли 2024 кишвар аз хориҷа бештар аз 220 ҳазор тонна маҳсулот ворид кардааст.

Тибқи гузориши Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милал, соли 2024 дар 53 кишвар, бештар аз 22 миллион нафар ба сатҳи баланди камбуди ғизо рӯ ба рӯ шудаанд. Соли гузашта 190 миллион нафар дар 40 кишвари дунё ба буҳрони ғизо гирифтор шудаанд.

XS
SM
MD
LG