Дар натиҷаи яке аз хунинтарин ҳамлаҳои маргталабона дар як масҷиди шиаёни Покистон, ки рӯзи 6 феврал рух дод, дастикам 31 ширкатдори намози ҷумъа ба ҳалокат расид.
Мақомот гуфтанд, ки инчунин 170 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳодиса дар масҷиди Тарлай дар канораҳои Исломобод рух дод. Дар наворҳои видеоие, ки баъди ин ҳамла нашр шуданд, ҷасадҳои зиёд дида мешаванд.
Ирфон Мемон, як намояндаи мақомоти маҳаллӣ бо нашри изҳороте гуфт, “дар маҷмӯъ 31 нафар ҷони худро аз даст додааст. Шумори онҳое, ки ба бемористон бурда шуданд, 169 нафар мебошад”.
Як шоҳиди ҳодиса бо номи Аун Шоҳ гуфт, ду ҳамлагар аввал ба сӯи посбонони масҷид тир кушоданд. Баъзе намозгузорон бо мақсади гирифтани пеши роҳи ҳамлагарон ба сӯи онҳо шитофтанд. “Ҳамон лаҳзае, ки ҳамлагарон ба назди дарвозаи масҷид наздик шуданд, яке аз онҳо худро тарконд”, гуфт Шоҳ дар сӯҳбат бо Радио Машъал - Бахши покистонии Радиои Озодӣ.
Ҳамла ба як масҷиде дар Исломобод, ки назар ба дигар минтақаҳо бештар муҳофизат мешавад, як ҳодисаи камназир аст.
Масъулияти ҳамла ба масҷиди Исломободро гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба ӯҳда гирифт.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқияе ба номи президент ва сарвазири Покистон - Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф рӯзи 7 феврал ин ҳамлаи террористиро маҳкум карда ба хонаводаҳои фавтидагону осебдидагон ҳамдардӣ кард.
Гуфтугӯ