Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирпаронӣ дар марзи Қирғизистону Ӯзбакистон


Қирғизистон дар пайи боз як тирпарронӣ дар марз, ки боиси ҷароҳат бардоштани як ронандаи қирғиз шудааст, аз Узбакистон тақозо кард, ки марзбонҳояш алайҳи мардуми осоишта тир накушоянд.

Мақомоти Қирғизистон аз Узбакистон хостаанд, то марзбонҳои узбак дар муқобили мардуми осоишта дар манотиқи марзӣ аз силоҳ истифода набаранд. Ин изҳорот аз сӯи намояндагони Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар музокироти рӯзи 19 май бо ҳайъати марзбонҳои Узбакистон садо додааст.

Ин музокирот дар пайи як тирпарронии рӯзи сешанбе дар роҳи мошингарди транзитии Қадамҷой-Қизилкий дар марзи вилояти Бодканд бо Узбакистон сурат гирифтааст. Бино ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзи 19 май як ронандаи такси аз Қирғизистон дар роҳ ба сӯи як рустои Узбакистон дар як минтақаи барои истодан мамнӯъ, мошинашро нигоҳ дошта, ду зани раҳгузарро, ки низ шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, савор кардааст. Марзбонҳои ӯзбак ба ин мошин амр медиҳанд, ки манъ шавад, вале ронанда ба ин амр итоат намекунад. Марзбонҳо алайҳи ин мошин тир мекушоянд, ки дар натиҷа ду нафар – ҳарду шаҳрванди Қирғизистон - захмӣ шудаанд.

Марзбонҳои Қирғизистон дар музокирот бо ҳамтоёни узбаки худ бо овардани намунаҳо гуфтаанд, дар чандин маврид марзбонҳои қирғиз алайҳи ҳатто он шаҳрвандони Узбакистон, ки сарҳадшиканӣ карда, бар илова муқовимат ҳам нишон додаанд, аз силоҳ кор набурданд. Ба ин далел, онҳо хостаанд, то марзбонҳои Узбакистон низ аз ин ба баъд алайҳи мардуми осоишта ва бесилоҳ оташ накушоянд.

Ҳарду ҷониб ҷиҳати таҳқиқи муштараки ин қазия тавофуқ кардаанд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон ба сурати умум вазъи кунунӣ дар марзҳои ин кишвар бо Узбакистонро орому собит арзёбӣ мекунанд.

Дар як ҳафтаи охир ин аллакай дуввумин ҳодисаи тирпарронӣ дар марзи Қирғизистон бо Узбакистон аст, ки мунҷар ба қурбонӣ мешавад. Рӯзи 12 май марзбонҳои узбак дар минтақаи Кокир дар наздикии рустои Согмент дар як қаламрави баҳсии марзи вилояти Бодканд бо Узбакистон алайҳи як мошини боркаш тир кушоданд. Дар натиҷаи ин тирандозӣ шаҳрванди Қирғизистон Мансур Маҳмудҷон-уулу кушта ва ҳамроҳи ӯ Шумқор Маҳмудҷон-уулу дастгир шуданд. Марзбонҳои Узбакистон дар шарҳи ин қазия гуфтанд, ки ин ду нафар мехостанд бо роҳи ғайриқонунӣ як мошин меваву сабзавотро ворид Узбакистон кунанд. Ба гуфтаи онҳо, сарнишинҳои ин мошин ба амри марзбонҳо итоат накарда, ба ҳаракат идома доданд ва онҳоро маҷбур тиркушоӣ кардаанд. Шумқор Маҳмудҷон-уулу рӯзе баъд дар натиҷаи музокироти марзбонҳои ду кишвар аз боздошт раҳо ёфт ва ҳамроҳ бо ҷасади Мансур Маҳмудҷон-уулу ба Қирғизистон баргашт.

Қирғизистон бо Узбакистон 1378 километр марзи мустақим дорад, ки то имрӯз, бо гузашти 23 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, 371 километраш таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар 58 минтақаи баҳсии ин марз ҳар сари чанд вақт тирпаррониҳое сурат мегиранд, ки боиси захмӣ ва кушта шудани мардум мешавад.

XS
SM
MD
LG