Ҳодиса рӯзи 3-юми декабр рӯй додааст.
Мавқеи маъмурони амниятӣ дастрас нест.
Дар Идораи милиса дар ҷамоати Қалъаи Ҳисор рӯзи 4-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки қазия дар ҳоли баррасист.
"Бадриддин Сафаралиев ва маъмурони амниятӣ ба пурсиш даъват ва рӯ ба рӯ карда шуданд. Ҳуҷҷатҳоро барои баррасӣ ба Додситонии шаҳри Ҳисор фиристодем. Мунтазири хулоса ҳастем," – гуфт Илҳом Назруллоев, сардори Идораи умури дохилии ҷамоати Қалъаи Ҳисор.
Бадриддин Сафаралиев мегӯяд, ҳама чиз ба таври ногаҳонӣ рух дод: "Ду кас мошини маро дар роҳ дошта, бе муаррифӣ гуфтанд, ки бояд ҳамроҳашон равам. Гуё ба онҳо дар бораи ман ариза расидааст, ки дар гузашта узви ҲНИТ будаам. Шиноснома пурсиданд. Гуфтам, дар хона аст. Ягон ҳуҷҷат нишон надоданд, ки корманди мақомот ҳастанд. Вақте ба манзил расидем, аз болои девор парида рафтам."
Ба нақли Сафаралиев, сипас маъмурони амниятӣ ба ҳамсару писаронаш фишор оварда, "аз даруни ҷевон шиноснома ва 40 ҳазор сомониро гирифтаанд. Ба ҳамсарам гуфтаанд, ки биёяд, пулу паспортро медиҳем. Пулро барои тӯйи духтарам ҷамъ оварда будам."
Радиои Озодӣ барои суҳбат бо маъмурони амниятӣ талош кард, вале то ин дам натиҷа надод. Ҷузъиёти аризае, ки дар бораи Бадриддин Сафаралиев ба мақомот расидааст, барои мо рӯшан нест.
Илҳом Назруллоев, сардори Идораи умури дохилии ҷамоати Қалъаи Ҳисор, дар суҳбати телефонӣ гуфт, "гуё касе аз наздикони хонаводаи Сафаралиевҳо ба Идораи амният ариза навиштааст ва онҳо барои санҷидан ба манзилашон рафтаанд." Ӯ ҳам муҳтавои шикоятро нагуфт.
Бадриддин Сафаралиев рӯзи 4-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеч вақт узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ набуд. Баръакс, ба гуфтааш, аз соли 2018 шомили Ҳизби коммунист аст.
Вай нусхаи шаҳодатномаи ҳизбиашро ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фиристода, ҳамзамон дар бораи рафтори маъмурони амниятӣ ба Дастгоҳи иҷроияи президент ва Додситонии кул нома навиштааст.
Номи Бадриддин Сафаралиев ва баъзе аз пайвандони дигараш дар гузашта борҳо расонаӣ шудааст. Аз ҷумла, дар пайванд ба марги падари ин хонадон, Абдураҳмон Сафаралиев. Панҷ сол пеш Додгоҳи олии Тоҷикистон бародари ӯ, Бурҳониддин Сафарилиевро бо гуноҳи "барангехтани кинаву адовати миллӣ" маҳкум кард. Худаш нодуруст дониста буд.